Фазлиддин Шаҳобов: “Осори хаттӣ”
Ин китоби нобиғаи мусиқии Шашмақом тавассути Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи милии тоҷик соли 2020 чоп шудааст ва бидуни шак муҳимтарин ва арзишмандтарин маъхази омӯзишӣ дар таълими Шашмақом аст.
Китоби дуҷилда чопи нахусти осори илмӣ-мусиқавии Устоди бузурги Шашмақом Фазлиддин Шаҳобов (1911-1974) мебошад. Дар ҷилди аввал мавод дар бораи Шашмақом ҷамъ оварда шудааст. Аз тарафи Устод он дар шакли сенарияҳои барномаҳои телевизионӣ, радиоӣ ва мақола навишта шуда буд. Маводи мазкур дар шакли факсимилеи дастхати Устод (бидуни ягон дигаргунӣ) чоп шуда, барои толибилмон, пажўҳишгарон ва дўстдорони мусиқии суннатии тоҷик пешниҳод мегардад.
Устод Фазлиддин Шаҳобов ҳамчун донандаи Шашмақом, танбўрии нодир, ҳофиз-мақомхон, устоди кул тавонист сарбаландона фаъолият бурда, ба халқи худ софдилона хизмат бикунад, зарур шуморид, ки паҳлуи дигари он – мақомшиносиро низ тарғиб намуда, илми Шашмақомро низ ба ворисони худ бирасонад. Маводи дастхатие, ки дар китоби мазкур оварда шудааст, ҳамон сенарияҳову баромадҳову мақолаҳое мебошанд, ки Устод Шаҳобов бо онҳо тавассути радио ва телевизиони тоҷик солҳои 1950-60-уми асри гузашта Шашмақомро тарғиб менамуд. Мутаасифона, ин мавод солҳои дароз дар папкаҳои бойгонии хонаводагии Устод хомўш буд. Гарчанде аз охирҳои солҳои 80-ум сар карда, ба ин мавод на яку ду нафари аҳли илму санъати Шашмақом бо иҷозати аҳли хонавода, «ғайрирасмӣ», шиносоӣ пайдо карда буд.
Бо шарофати соҳибистиқлоллии Тоҷикистони маҳбуб дар асоси ин бойгонӣ ду китоби алоҳида ва сониян, сеҷилда аз чоп баромад. Бо иистифода аз диди нави Устод Шаҳобов ба Шашмақом рисолаи докторӣ дифо гардид, роҳҳои нави тарғиби Шашмақом кушода шуд, сислсилахонии Шашмақом амалан садо медиҳад. Баъди чопи нахустини “Баёзи Шашмақом”-и Устоди Шаҳобов (2007) дар пайравии он якбора ду нашри Шашмақом пайдо шуд. Дар ин ду маврид ба услуби Устод Шаҳобов зоҳиран пайравӣ карда шудааст, гарчанде моҳиятан, мутаасифона, на беш аз диди шахсии мураттиб аст.
Ҳанўз гуфта наметавонем, ки ҳамаи осори дастхатии ин Устоди асил ва ғамхори маънавиёти халқи тоҷик ба хонандаи асил маълум аст. Бинобар ин зарур шуморидем, ки осори дастхаттии Устод Шаҳобов дар шакли факсимиле рўи чопро бинад, то ҳар як хонанда тавонад онро мутолиа карда, аз он баҳраёб гардад. Ва худ мустақим бо он шинос шавад. Осори дастхаттии илмӣ-мусиқавии Устод Фазлиддин Шаҳобов беш аз ҳазор саҳифа буда, мавзўи Шашмақом дар он мавқеи марказӣ дорад.
Соле, ки Шашмақом дар нашри Устодон пурра аз чоп баромада буд (1967), фарзанди машҳури халқи тоҷик Бобоҷон Ғафуров гуфта буд: ”Шашмақом ганҷи халқ аст, ки дар эҷоду ҷамъ овардани он беҳтарин зебописарони мо ҳазорон сол ақлу хиради худро сарф када, бо ҳарорати дили худ онро обутоб дода, ба ин ҳусну ҷамол расонидаанд. Ин ганҷ дар ҳолати нопайдо гаштан буд. Инро одамони ҷоннисор дар мудҳиштарин рўзҳои кишвар.. .. ба ин шакли пурҳашамат дароварданд. Ин олиҳаи завқи баланди халқ парастиашро металабад….”.
Солҳо гузаштанд. Тоҷикистони азиз истиқлолияти давлатиро ба даст овард. Ва дигар фарзанди содиқу далери халқи тоҷик, Асосгузри сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ин гаҷинаи маънавии миллати тоҷик махсус – Рўзи Шашмақом – ро эълон карданд. Аз соли 2000 ин ҷониб ҳамасола 12 май халқи пуршарафи тоҷик Рўзи Шашмақомро қайд мекунад. Ин иқдоми сарвари давлати Тоҷикистон, ки ба васфу парастиши маънавиёти халқ, ба ҳифзи Шашмақом аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон бахшида шудааст, на дар таърих ва на дар давраи муосири ҷаҳон, назири худро надорад. Мо, тоҷикон, аз ин иқдоми Сарвари маҳбубамон мефахрему меболем.
Чопи осори дастхаттии илмӣ-мусиқавии Устод Фазлиддин Шаҳобов дар ду ҷилд пешбинӣ карда шудааст. Ба ҷилди аввали он мақолаҳо марбут ба Шашмақом ворид гардидаанд. Новобаста ба он, ки ин осори хаттӣ 60-70 сол баъди навишти худ нахустин бор рўи чопро мебинад, он барои илми мақомшиносии ҷаҳонӣ диди нав аст. Эҳтимол аз он сабаб, ки ба донишу фаҳмиши ин Устоди кул ҳанўз ҳам нафаре расида натавонистааст. Устод Шашмақомро ба тавре талқин медиҳад, ки илми мақомшиносии муосир ҳанўз гуфта натавонистааст. Дар роҳи сарояндагиву навозандагӣ низ санъати баланди ин Устод ба таври арзанда ворисӣ карда нашудааст.
Умед аст, ки баъди чопи факсимили осори дастхаттии Устод Шаҳобов насли нави тоҷикон аз он файзёб гардида, аз мушаххасиёти наву маълумоти дақиқи мусиқии классикии тоҷик баҳравар шуда, илму санъати Шашмақомро минбаъд ҳам рушду камол медиҳад ва ба маънавиёти волои халқи азизамон соҳиб гардида, онро сарбаландона муаррифӣ менамояд.
Ҷилди аввали “Осори хаттӣ”-и Фазлиддин Шаҳобовро шумо метавонед дар толори хониши адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари Китобхонаи миллӣ мутолиа кунед.
Таҳияи Фирўза Таурова,
мутахассиси шуъбаи адабиёт
доир ба фарҳанг ва ҳунар.