Фазлии Нимангонӣ (Аз шуарои дарбори Умархон аст ва дар миёнаҳои асри 13 ҳиҷрӣ зиндагонӣ кардааст.)
(Аз “Туҳфат –ул-аҳбоб”)
То ниҳон шуд он ба рух чун офтоб аз чашми ман,
Рехт анҷумҳои ашки беҳисоб аз чашми ман.
Риштаи тори назар банди ниқоби ҳусни ӯст,
Он ҷамоли бенишон дорад ҳиҷоб аз чашми ман.
Наргиси ҷодуи ӯ то ҳамнишини сурма шуд,
Рӯзи ман гардид чу шаб, рафт хоб аз чашми ман.
Ҷилваат ҳар ҷо, ки рахши нозро ҷавлон диҳад,
Ғамзаро фармо, ки то созад рикоб аз чашми ман.
Бе ҷамоли ёр агар ин аст, Фазлӣ, кулбаам,
Хонаи мардум шавад яксар хароб аз чашми ман.
Фазлӣ тазкирот-уш-шуарое ба зикри шуарои дарбори Умархон таълиф намуда, дар он китоб ашъори туркиву форсии эшонро дарҷ кардааст.
Қорӣ Абдуррозиқ Фикрати Бухороӣ
(Вафот- 1311)
(Аз тазкираи Афзал)
Гуфтам, ки дурӣ ё гуҳарӣ? Гуфт, ки ҳарду!
Хуршеди фалак ё қамарӣ? Гуфт, ки ҳарду!
Гуфтам: лаби нӯшини ту шӯре ба дил ангехт,
Кони намакӣ ё шакарӣ? Гуфт, ки ҳарду!
Гуфтам, ки бад- ин ҳусну малоҳат, ки ту дорӣ,
Боре, малакӣ ё башарӣ? Гуфт, ки ҳарду!
Гуфтам: дили ушшоқ кашад сӯи ту ё худ
Бо ишваи ширин бубарӣ? Гуфт, ки ҳарду!
Гуфтам, ки ба воқеъ набувад ҳамчу ту хубе,
Ё худ ту ба хубӣ самарӣ? Гуфт, ки ҳарду!
Вазни ин ғазал ҳар мисраъ фаъулун/ фаъулун/ фаъулун/ фаъулун:
Ду чашми ман аз ашк дар гил нишинад,
Даме гар ба рӯят муқобил нишинад.
Худоро, нахоҳам, ки ҷоно, зи ғайрат,
Ки ғайрат ба хилватгаҳи дил нишинад.
Дар оғӯши худ танг гирам чунонат,
Ки дар сина захми ҳамоил нишинад.
Чу дар хилвати хеш бораш надодӣ,
Гузор ин, ки бар дар чу соил нишинад
Ба Фикрат бувад кӯҳи ҷон кандан осон,
Ки бе ту чун шириншамоил нишинад.
Қорӣ Абдуррозиқ дар аввалҳо ба “Соқиб” тахаллус карда, ба охир “Фикрат”қарор кардааст.
Мирзо Шоҳфоизи Бухороӣ
(Таваллуд- 1307, вафот 1336)
(Аз Тазкираи Мӯҳтарам)
Дар ҷавоб ва татаббӯъи як ғазали Мирзо Аббос Фурӯғии Бастомӣ иншод карда:
Эй ҷон, аз он ба синаи худ ҷо кунам туро,
То сарфи роҳи он бути раъно кунам туро.
Чандон равам зи хеш, ки пинҳон шавӣ зи чашм
Гоҳе, ки эй нигор, тамошо кунам туро.
Расво шудам агарчи зи ишқи ту, эй писар,
Ҳаргиз гумон мадор, ки расво кунам туро.
Аз насли ҳур ё зи малак офаридаӣ
Нисбат чи сон ба Одаму Ҳавво кунам туро?!
Эй хоки кӯйи дӯст, зибас хубу дилкашӣ,
Меарзад, ар ба дидаи худ ҷо кунам туро.
Эй сарв, лофи шеваи озодагӣ мазан!
Варна дучори он қади боло кунам туро.
Фоиз, ба ғайри васфи бутон дам мазан дигар,
То шуҳра зери гунбади хазро кунам туро.
Фоиз дар авоили ҳол ба муносибати пешаи падараш “Сарроф” тахаллус карда буд. Ин ғазалро дар ҷавоб ва татаббуъи Оғоисмоил Мунири Кашмирӣ иншод карда.
(Аз тазкираи Садри Зиё):
Гулбун надорад ин ҳама хуни ҷигар, ки ман,
Ин гуна баҳр ҳам набувад чашмтар, ки ман.
Дар мулки меҳнат аз мадади бахти бадсиришт,
Ин сон касе наёфта ҳаргиз зафар, ки ман.
Дар ҳайли кулфату аламу дард хусравам,
Ҷамшед ҳам надошт чунин карру фар, ки ман.
Расвои шаҳр гаштаму девонаи диёр,
Шахсе надорад ин ҳама фазлу ҳунар, ки ман.
Дар Бесутуни ишқ зи Ширини рӯзгор
Фарҳод ҳам нахӯрда бар сар ин табар, ки ман.
Рӯзе, ки дил ба орази моҳат асир шуд,
Ҳаррӯза хӯрда санги маломат бар сар кӣ? Ман!
Маҷнун, ки буд шуҳраи олам ба ошиқӣ,
Саҳронаварди ғам нашуда ин қадар, ки ман.
Гуфтам ба нола: саъй намо, нарм кун дилаш,
Гуфто: ба санги хора чи созад асар, ки ман!
Гуфтам: кӣ бурд аз бари Сарроф дил? Бигуфт:
Он гесувони пурчами чун мушки тар, ки ман.
Мирзо Шоҳфоиз – писари Мирзобой оқсақол ном саррофи бухороист. Мумоилайҳи дар зимни касби падар ба таҳсили илму камол саъю ҳаракат дошт. Дар авоили соли 1914 мелодӣ барои табобат ва саёҳат Туркия ва баъзе шаҳрҳои Аврупоро сайр карда буд.
Фоиз аз хурдсолӣ ба адабиёт машғулӣ мекард, илова аз мутолааву тафтиши осори адабияи форс ба мутолааи осори адабияи турки усмонӣ низ ҳарис буд.
Мумоилайҳи бо аксари ҷавонбухориён дӯсту ҳамфикр буд, бинобар ин соли 1918 дар воқеаи Колесов аз бими дастгир шудан рӯй пинҳон кард. Аммо имоми гузараш Қорӣ Рӯзӣ ном ӯро ба дарбори амир маълум карда, дастгираш кунонид. Фоизи мазлум мисли соири ҷавонбухориён ба дасти амир гирифтор омада, ба азобу уқубати тоқатгудоз ба саодати шаҳодат фоиз гардид.
Дар вақти саёҳати Туркия ва пеш аз он хеле осори адабияи нафиса аз устодони комили ин фан ҷамъ карда буд. Ба саъйу кӯшиши имоми мазкур он ҳама китобҳои нодир ҳам сӯзонида шуд.
Мирзо Абдуллоҳ Файёзи Самарқандӣ
(Ватани аслиаш Хуҷанд ва таваллудаш 1270 ҳиҷрист)
Аз дафтари худаш нақл ёфт.
Мухаммас бар ғазали Ҳофиз
Ба тариқи интихоб навишта мешавад:
1
Хатат чу сабзаи навхези мавсими ҳамал аст,
Лабат ба ташналабон ҳамчу шарбати асал аст,
Биё, ки сабза дамиду маҳал ҳамин маҳал аст,
Дар ин замона рафиқе, ки холӣ аз халал аст,
Суроҳии майи нобу сафинаи ғазал аст.
2
Сафар ба пешу маро хоби нозоҳанг аст,
Раҳе дарозу гарон бору маркабам ланг аст,
Туро агар хираду ақлу ройу фарҳанг аст,
Ҷарида рав, ки гузаргоҳи оқибат танг аст,
Пиёла гир, ки умри азиз бебадал аст.
3
Шарофате, ки ба илм аст, гар бидонад кас,
Намекунад ба ҷаҳон ғайри илм ҳеҷ ҳавас,
Ту олими баамал шав, ба ғаври нукта бирас,
На ман зи беамалӣ дар ҷаҳон малуламу бас,
Маломати уламо ҳам зи илми беамал аст.
4
Касе намонд ба олам, к-аз ӯ нахӯрдам чӯб,
Раҳе намонд, ки мижгони ман нашуд ҷорӯб,
Дар ин замона чу ман ҳеҷ кас нашуд саркӯб,
Ба чашми ақл нигар бар ҷаҳони пурошӯб,
Ҷаҳону кори ҷаҳон бесуботу бемаҳал аст.
5
Чу аз азал, ки шудам ман зи зумраи риндон,
Маро зи майкада, пири муғон, ба лутф марон,
Ки ин нидост ба гӯши дилам зи олами ҷон:
Бигир турраи маҳчеҳраву қисса махон,
Ки саъду наҳс зи таъсири Зуҳраву Зуҳал аст.
Фард
Сад машаққат дар ҷаҳон дар кори осон дидаам,
Оқилонро дар ҳар осон дар ҳаросон дидаам.
Файёз пири ҷаҳондидаву пурдон аст. Дар бораи сифлис ва сабаби пайдо шудани ӯ ва роҳи муҳофизат аз ин балои хонмонсӯз маснавие дорад. Алъон дар қайди ҳаёт ва ба пешаи соатсозӣ рӯзгору умр ба сар мебарад.
Мирзо Акрам Фикрии Самарқандӣ
(Таваллуд-1288, алъон дар қайди ҳаёт аст)
Дар тазмини”Замин шудӣ, чи шудӣ, осмон шудӣ,чи шудӣ” гуфта:
Агар шаҳаншаҳи рӯи ҷаҳон шудӣ, чи шудӣ?
В-агар чун Рустами кишварситон шудӣ, чи шудӣ?
Балеғвақту фасеҳ-ул- баён шудӣ, чи шудӣ?
Фақири муфлису бехонумон шудӣ, чи шудӣ?
Азизу соҳиби қасру макон шудӣ, чи шудӣ?
Чу соя пайсипари мардумон шудӣ, чи шудӣ?
Чу офтоб рафеъ-ул-макон шудӣ, чи шудӣ?
Қабули хотири аҳли замон шудӣ, чи шудӣ?
”Замин шудӣ, чи шудӣ, осмон шудӣ,чи шудӣ?”
**** ***** *****
Баҳри ҳақ, эй бемурувват, рӯ матоб аз чашми ман.
Ҳамчу тифли ашк магзар даршитоб аз чашми ман.
Эй ки мепурсӣ зи шарҳи луҷҷаи мавҷи азоб,
Дар шаби ҳиҷрон биё бишнав, ҷавоб аз чашми ман.
Дӣ ба рӯи гулмисоли ӯ нигоҳе доштам,
Ҷои ашк имрӯз мерезад гулоб аз чашми ман.
Дидаам, умрест, нозир гашта бо маҳталъатон,
Месазад гар рашк орад моҳтоб аз чашми ман.
Огаҳӣ гар боядат аз гиряи Яъқуби зор,
Баҳри ин мабҳас ҳамеҷӯ фаслу боб аз чашми ман.
Қиссае аз қиссаи ҷонон надидам хубтар,
Гарчи бигзаштаст лоюҳсо китоб аз чашми ман.
Фикриё, дар ҳайратам аз толеъи худ, то ба кай
Чеҳраи мақсуд бошад дар ниқоб аз чашми ман.
Абдурауф Фитрати Бухороӣ
(Таваллуд 1304, алъон дар қайди ҳаёт аст)
Мухаммас ба ғазали Ҳасрат
1
Дилбохтаам тарки муҳаббат киву ман кӣ?
Фикри худу парвои маломат киву ман кӣ?
Савдоии дардам, ғами сиҳҳат киву ман кӣ?
Кулфатзадаам, бодаи ишрат киву ман кӣ?
Бемори ғамам, бистари роҳат киву ман кӣ?
2
Дар кӯи муғон рехт фурӯ болу пари ман,
Хок аст дар ин Каъба тани дардасари ман,
Ҳастӣ, манамо ҷилва дигар дар назари ман,
Эй боли ҳумо соя маяфкан ба сари ман,
Шоҳаншаҳи фақрам, ғами давлат киву ман кӣ?
3
То азми сафар кард бути зуҳраҷабинам,
Вомондаву ранҷуру гирифтору ҳазинам,
Пажмурдаву афсурдадилу гӯшагузинам,
Дар маснади хории ҷаҳон садрнишинам,
Бо мардуми олам сари сӯҳбат киву ман кӣ?
4
Сармасти майи ишқаму фориғ зи ҷаҳонам,
Ҷуз дарси муҳаббат набувад вирди забонам,
Савдозадаи ғамзаи оҳунигаҳонам,
Дилдодаи доғи ғами лайлисифатонам,
Андешаи фардои қиёмат киву ман кӣ?
5
Ҳастибафанододаи савдои ҳабибам,
Бозичаи сарпанҷаи хунрези рақибам,
Аз фикри тараб дуру ба андӯҳ қарибам,
Ҳасрат, зи азал хуни ҷигар гашт насибам,
Бадмастии паймонаи ишрат киву ман кӣ?
**** **** ****
Дар мактубе ба яке аз дӯстони худ навишта:
Хуррам диле, ки дар шарари ғам кабоб шуд,
Обод хонае, ки зи ҳасрат хароб шуд,
Ҷоне, ки як дақиқа тапидаст, зинда аст,
Биност, дидае, ки шабе хасми хоб шуд.
Дил нест, санги куҳнамазор аст, он чи ӯ,
Ноошнои коргари изтироб шуд.
Ҷуз оҳи гарми сӯхтагони амал набуд
Нуре к-аз ӯ муҳити ту пуробутоб шуд.
Моро саройи айш фазои маломат аст,
Ҷоно, дигар магӯй, ки он ҳам хароб шуд!
Абдуррауфи Фитрат адибест, ки тамом дар мактаби таҷаддуду инқилоб тарбия ёфтааст.
Фитрат дар авоили ҳол “Миҷмар” тахаллус мекард, ҳарчанд пеш аз он давраи интибоҳ ҳам ғазалу қасида месуруд, аммо ин обутоб ва сӯзу гудозро, ки ҳоло дорад, надошт.
Фитрат насри форсиро ҳам бағоят салису сода менигорад. Осори мансураи Фитрат якум намунаҳои адабиёти ҷадида аст дар забони форсӣ ба хоки Мовароуннаҳр.
Осори мансураи матбуъааш дар забони форсӣ:
- Мунозара. 2. Сайёҳи ҳиндӣ. 3. Раҳбари наҷот.4. Оила.5. Тарҷумаи “Дор-ур-роҳат” аст.
Мо дар қисми саввуми ин маҷмӯа аз ҳар кадом асари форсии ин муҳаррири оташзабон намунаҳо оварда, маҳфили арбоби адабиёти навро гарм хоҳем кард.
Мутахассиси пешбари шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ:
Ибрагимова М
Қозӣ Абдулҷаббори Ургутӣ
(Таваллуд 1970, вафот- 1318/1900)
Дар тазмини “Дил барканам ман аз туву бардорам аз ту меҳр” гуфта:
( Аз тазкираи Мӯҳтарам)
Чун гирдбоди оҳ зи хокам кашад алам,
Бар фарқи рӯзгор нишонад ғубори ғам.
Чун дил ба ҷои хеш бувад к-аз ниҳеби дард,
З-ин ошёна тоири ором карда рам.
Бахшад ҳазор куштаи чашми туро ҳаёт,
Лаълат латифае, ки берун орад аз адам.
Гирад ба ҳар ду даст сари худ аҷал зи бим,
Ҷое, ки ғамзаи ту кашад ханҷари ситам.
Дар аҳди ман зи даҳр маҷӯ хушдилӣ, ки ҳаст,
Дар шишаи замона вуҷуди замони ғам.
Эй Тӯр, ваъдаи ту фаромӯшии вафо
В-эй тарзи ғамзаи ту ҳамоғӯшии ситам.
Завқи ғами ту турракаши шонаи тараб,
Шавқи лаби ту саршикани шаҳнаи алам.
Аз ваъдаи ту шавқ ба ташвиқ мубтало,
Бо ишваи ту фитна ба ошӯб муттаҳам.
Лаъли ҳаётбахши ту ҷое, ки дам занад,
Набвад Масеҳро зи хиҷолат маҷоли дам.
З-эъҷози ҳусни туст, ки килки қазо бисӯхт,
Бар лаъли оташин хати сабзат чу зад рақам.
Ҳам худ бигӯ: раво бувад, эй бевафо, ки ман,
Маҳрум бошам аз туву ағёр муҳтарам?
Маҳрам ба базми васли ту ғайру маро зи бим
Мурғи умед пар назанад гирди он ҳарам.
Даст афканӣ ба дӯши рақибон ба рағми ман,
В-аз чанги ман бурун кашӣ он зулфи хамбахам.
Бо дӯстон ба кинаву бо душманон ба меҳр?
Минбаъд гар сулуки ту ин аст, лоҷарам,
“Дил барканам ман аз туву бардорам аз ту меҳр”,
Гӯям: насибам ин шуда аз гардиши сипеҳр.
Касрат
Аз Фарғона, аз шуарои дарбори Умархон аст.
(Аз “Туҳфат-ул-аҳбоб”)
То ба гашти боғ гулгунсавор омад бурун,
Гул ба пеши дидаи булбул чу хор омад бурун.
Бе ҳарими васли ту дилро набошад иззате,
Чун шуд ин девона, то аз кӯи ёр омад бурун.
Эй дил аз қайди тааллуқ бигзару озод шав,
Ҳар ки Маҷнун шуд, зи ранҷи рӯзгор омад бурун.
Гашт то Касрат ғуломи даргаҳи Султон Умар,
Дар миёни аҳли маънӣ номдор омад бурун.
Камоли Бухороӣ
(Вафот-1287 ҳиҷрӣ)
(Аз “Туҳфат-ул-аҳбоб”)
Субҳи эҷодам нафаспарвардаи шоми ғам аст,
Дар қафас мурғи дилам побастаи доми ғам аст.
Аз хати пешониам ҷуз яъс натвон дид кас,
Дар нигинам сарбасар хамёзаи номи ғам аст.
Нашъаи минои айшам ғайри навмедӣ набуд,
Ишратам равнақфазои гардиши ҷоми ғам аст.
Гарди имкон аз ҳудусам шӯриши оғоз буд,
Ҳосил аз савдои нақди фурсат анҷоми ғам аст.
Гаҳ алам, гаҳ нола, гаҳ хуни диле гул мекунад,
Гардиши рангам асарпарварди пайғоми ғам аст.
Ҳасратам дар дам шикастам, ҳар чи ҳастам, нолаам,
Соғарам аз чархи каҷ лабрези анъоми ғам аст.
Дафтарамро нест ҷуз тазъиф аъмоли дигар,
Баски сар то пои ӯ марқуми арқоми ғам аст.
Он чи дар қисмат маро аз хони алвон шуд, Камол,
Аз ғизои субҳу шомам пухтаву хоми ғам аст.
Матлаъ
Гар бингарам ба гул, зи рухат дур хор бод,
В-он хорро ба дидаи ман кору бор бод.
Қозӣ Комили Ҳисорӣ
(Вафот-1334)
(Аз тазкираи Афзал)
Ҷигаррешам, кабобам, дилфигорам, ахгари ишқам,
Ғарибам, мустамандам, бекасам, хоки дари ишқам.
Асирам, бенаво афтодаам дар кӯи ғам, ё Раб,
Сиришкам, нолаам, доғам, сипанди маҷмари ишқам.
Шарорам, шӯълаи оҳам, зи по афтода дар роҳам,
Гирифторам, адоям, ошиқам, сардафтари ишқам.
Харобам, дидахунобам, зи ишқаш дар табу тобам,
Ҳарифам, бедилам, риндам, шаҳиди ханҷари ишқам.
Китобам, дафтарам, таълими хатти ҷими абрӯям,
Баёзам, абҷадам, машқам, саводам, мистари ишқам.
Майам, майхораам, бебодаам, мадҳушам аз мастӣ,
Сафои соғарам, дурдикашам, равшангари ишқам.
Каминам, Комилам, оҷиз, дуогӯист ойинам,
Дилу ҷонам, забонам, дар дуои роҳбари ишқам.
Яке аз зарифони Бухоро ба ин ғазали Комил ин байтро илова намудааст:
Ҷувозам, даббаам, дӯлам, ба даври кунда машғулам,
Зи каф то шона равған гаштаам, равғангари ишқам.
Метавон гуфт, ки ба ин як байт маънои сар то пои ин ғазал хулоса шудааст.
Боби “коф”-и форсӣ
Гулхании Нимангонӣ
(Аз шуарои дарбори Умархон аст,аз “Туҳфат-ул-аҳбоб”)
Гӯиё аз парда акси рӯи ёр омад бурун,
Ашки шодӣ аз раҳи мижгон қатор омад бурун.
Тоири рӯҳам чу барги бод меларзад ба хеш,
Шаҳриёри ман магар баҳри шикор омад бурун.
Бишканад машшотаро дасте, ки бо он зулф бурд,
Пеш- пеши шона дил ҷои ғубор омад бурун.
Қиссаи Фарҳоду Ширин маҳв зери хок монд,
Тешаи моро садо аз кӯҳсор омад бурун.
Хомаамро, Гулханӣ, ғайр аз хамушӣ чора нест,
Дар фани шеър он фариди рӯзгор омад бурун.
Содиқхоҷа Гулшании Бухороӣ
(Вафот-1328 ҳиҷрӣ)
(Аз тазкираи Садри Зиё)
Ба оташ афканад лаъли лабат лаъли Бадахшонро,
Қади сарви ту биншонад зи по сарви гулистонро.
Маро савдои зулфайни ту охир кард савдоӣ,
Парешонхотирам, то дидам он зулфи парешонро.
Маҳи афлок ҳар шаб аз рухи моҳи ту мегардад,
Ба тоб афканда хуршеди рухат хуршеди тобонро.
Шавад мушки Хито ночиз пеши зулфи мушкинат,
Кунад хомӯш шамъи оразат шамъи шабистонро.
На танҳо Гулшанӣ аз ҳаҷрат, эй гул, доғ дар гулшан,
Ба ранги лола аз ишқи ту дидам лоларӯёнро.
Чун меҳр, биё, чодари заррин ба сар андоз,
Биншину сарандоз зи сар гиру сар андоз!
Бинмо чу рухи меҳру фикан ғулғула дар шаҳр,
Сад машъалаи нур ба девору дар андоз!
Лабро бирасон бар лаби он ҷоми лаболаб,
Ҷои газак аз нуқли лабонат шакар андоз.
Дар саҳни чаман гашта чаманнӯши чамона,
Шамшоду гули боғ зи худ бехабар андоз.
Бедор ту то чанд, ҷафоҳои ту то кай?
Эй хоназибунёдкану хонабарандоз!
Гар шуд талаф аз ҳаҷри ту сад Гулшанӣ имрӯз,
Ғамгин машав асло, ба қазову қадар андоз!
Содиқхоҷаи Гулшанӣ аз ҳисобу ҷуғрофиё хабардор буд, мамлакати Бухороро сартосар масоҳат карда, ба забони форсӣ ҷуғрофиёи муфассале навишта буд. Мусаввади ин китобро баъд аз вафоти Гулшанӣ аз ворисонаш Насруллоҳ- кӯшбегӣ гирифт. Ҳамоно дар соли 1918 талаф шудааст, ки ҳоло дар миён нест.
Мутахассиси пешбари шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ:
Ибрагимова М