Феҳристи осори китобхонаи марказии илмии бо номи Индира Гандии АМИТ (1936-2024)

Индира ГандиМураттибони ин феҳрист докторони илмҳои филологӣ, профессор Шодимуҳаммад Суфизода ва Ёдгор Бердизода буда, номгўи осори нашршудаи Китобхонаи марказии илмии ба номи И.Гандии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва адабиёт доир ба онро аз соли 1936 то 2024 дар бар гирифтааст.

Дар феҳрист тамоми фаъолияти пажўҳишию библиографии Китобхонаи маркази илмии ба номи И.Ганди ва самтҳои таҳқиқоти илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз давраи таъсисёбиаш то ба имрўз инъикос гардидааст.

Ба китоб номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Сафар Шосаидзода тақриз навиштааст. Китоб ба олимону пажӯҳишгарон, сарчашмашиносону, таърихгарон, библиографони китобхонахо, тавсия шудааст.

Мураттибон дар пешгуфтор овардаанд, ки «Феҳристи осори Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии Академияи миллии  илмҳои Тоҷикистон» (1936-2024) дар  доираи лоиҳаи илмии «Татбиқи равандҳои инноватсионӣ дар таҳқиқи  фонд ва фаъолияти маълумотию библиографии Китобхонаи маркази илмии ба номи И.Гандии Академия миллии илмҳои Тоҷикистон” (2022-2026) таҳия шудааст.

Феҳристи номбурда библиографияи нашри Китобхонаи марказии илмии ба номи И.Гандии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (КМИ) ва адабиёт доир ба ин муассисаро фаро гирифта, дар бораи нишондиҳандаҳои библиографӣ, нашрияҳо, китобҳо, мақолаҳои илмӣ ва дигар маводи таҳиянамудаи КМИ маълумот медиҳад.

КМИ ки таърихи беш аз 90 сола дорад, то имрўз тавонистааст дар самти библиографиянамоии маводи илмӣ ба як қатор дастовардҳо ноил гардад ва ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар соҳаи илм хидматҳои беназир анҷом диҳад. Мақсад аз таҳияи китобномаи мазкур пеш аз ҳама инъикоси саҳми КМИ дар тарғиби адабиёти илмӣ мебошад.

Китобнома аз мақолаи муқаддимавӣ, 2 боб, 6 фасл ва 9 зерфасл иборат аст.

Боби якуми китоб таҳти унвони «Осори КМИ ба номи И.Гандии АМИТ» 290 номгўи дастурҳои библиографии хусусияти тарҷейидошта, ба монанди «Библиография изданий Таджикской базы и Таджикского филиала Академии наук Таджикской ССР» (1951-1954), «Каталог кандидатских и докторских диссертаций защищенных на метариалах Таджиской ССР» (1934-1959), «Библиография Памира» (1920-1964), «Феҳристи  «Садои Шарқ»

(1927-1967), «Животный мир Таджикистана» (1938-1970), «Научные конференции, совещания, симпозиумы и съезды в Таджикской ССР»  (1951-1975), «Мирзо Турсунзаде»  (1932-1980), «История Таджикистана» (1917-1938), «Абдураҳмони Ҷомӣ» (1917-1988), «Каталог фонда академика С.Ф. Ольденбурга в центральной научной библиотеке Академии наук Таджикской ССР», силсиланашри «Мавод  оид ба библиографияи олимони Тоҷикистон», нашрҳои библиографии ҷории КМИ аз қабили «Ежегодник изданий АН Таджикской ССР», «Общественные науки в Таджикистане», «Илм дар Тоҷикистон: солномаи нашри Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» ва инчунин номгўи китобҳо ва маҷмўаи мақолаҳое, ки аз ҷониби КМИ ба нашр расидаанд, инъикос менамояд.

Боби дуюми китобнома адабиёт доир ба КМИ-ро фаро гирифта, аз библиографияи китобҳо, маҷмўаҳо, диссертатсияҳо, авторефератҳо ва мақолаҳо иборат мебошад. Китобнома барои олимону пажӯҳишгарон, донишҷўён, кормандони китобхонаҳо ва ҳамаи онҳое, ки ба таърихи китобдорӣ ва рушди илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ доранд, муфид хоҳад буд.

Мо ба тамоми кормандони китобхона, ки дар таҳияи китобномаи мазкур саҳм гузоштаанд, изҳори сипос менамоем ва умедворем, ки ин асар ба пешрафти минбаъдаи таҳқиқотҳои илмӣ мусоидат хоҳад кард.

Китоби “Феҳристи осори китобхонаи марказии илмии бо номи Индира Гандии АМИТ” (1936-2024) ҳоло дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфт ва мутолаа мебошад.

Таҳияи Рисолат Шералиева,
мутахассиси пешбари шуъбаи
хизматрасони ба шахсони
имконияташон маҳдуд.