“Ғаффор Валаматзода-саӽми ў дар фарӽанги миллӣ ва ҷаӽонӣ”

Ғаффор ВаламатзодаИн китоб бо ду замон ба тозагӣ чоп шудааст. Китобро профессор Аскаралӣ Раҷабов мураттаб ва муҳаррир кардааст. Дар муаррифии он омадааст:

Асари дастаҷамъии илмӣ, ки манзури намояндагони илму ӽунар, посдорону идомадиӽандагони анвои дерини ӽунарӽои бадеӣ мешавад, ба гиромидошти яке аз поягузорони санъат, хореогрофияи касбии миллӣ-навин, хореограф-балетмейстер, режисёри санъати театри мусиқӣ (опера, балет), либреттонавис, аввалин таӽягари кино-балети касбии тоҷик, бунёдгузори дастаӽои эҷодию иҷроии мусиқӣ, хореографӣ – Ансамбли давлатии хизматнишондодаи рақсии «Лола», барандаи Ҷоизаӽои Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рудакӣ, давлатии СССР, Артисти халқии СССР, ходими намоёни давлатию ҷамъиятӣ, симои намодини ӽунар Ғаффор Валаматзода (1916-1933) бахшида шуда аст.

Дар таӽқиқоти мазкур масоили мубраму камомўхташудаи бунёд ва пешрафти санъати бадеӣ, рақси мардумию касбии навин, санъати режиссёри театри мусиқӣ, кинои тоҷик, анъанаи меросбарӣ дар санъати рақс, ӽамохангии он ба санъати хореографияи мардумони Осиёи Марказӣ, арзишӽои бадеӣ-зебоишиносӣ дар ӽунарӽои намоишӣ, саӽму ҷойгоӽии ин симои баному шўӽратманд, мондагории кори ӽунарии устод Ғаффор Валаматзодаро дар таърихи тамаддуни садаи XX муӽақиқон мавриди таӽқиқ қарор додаанд.

Дар маҷмуъ дар асари ҷомеи илмӣ вижагиӽои хоси ӽунарӽои бадеӣ (санъати рақс) ва саӽми беназири устоди бузурги ӽунар Ғаффор Валаматзода дар санъати асри XX тоҷик корномаӽои муассири эҷодӣ намуда, ва ин сарвати маънавии тоҷиконро манзури ҷаӽониён намудааст, бар санадӽо қаламдод шудаанд.

Ҳайати таӽририяи китоб Қобилҷон Хушвахтзода, Ҷўрабек Муродов, Рустамбек Абдуллоев, Аскаралӣ Раҷабов, Темур Валаматзода, Баӽринисо Қобилова, Муӽаммадулло Табаров мебошанд.

Ба китоб Баӽринисо Қобилова, доктори илмӽои таърих ва Маӽмаддулло Табаров, номзади илмӽои таърих тақриз навиштаанд.

Хоҳишмандон китоби “Ғаффор Валаматзода-саҳми ӯ дар фарҳанги миллӣ ва ҷаҳонӣ”-ро хоҳишмандон метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолаа кунанд.

Таӽияи Дилафрўз Расулова,
мутахасиси шуъбаи адабиёт
доир ба фар
ӽанг ва ӽунар