Ганҷинаҳои Тоҷикистони азизро бишносем. Флюорит

ФлюоритКристаллҳои  рангоранги шаффофу нимшаффофи флюорит (Ca F2) аз замонҳои қадим диққати заргаронро ба худ ҷалб карда меояд. Ин минерали шишамонанди мӯрт чандон сахт набошад ҳам (сахтиаш 4,теғи корд ба осонй ба сатҳи он рах кашида метавонад), бо вуҷуди он бо рангҳои бунафш, зард, сабз, ҷигарӣ, сиёҳ ба сангҳои қиматбаҳо монанд аст. Аз ин рӯ, на ҳамаи ҷавоҳиршиносон, онро зуд шинохта метавонанд. Ҷавоҳиршиносон флюоритро санги кандакорй ҳисоб мекунанд. Аз он гулдон, шамъдон, хокистардон  месозанд.

Дар охири асри XVIII кимиёдони швед Шееле муайян кард, ки таркиби флюорит қисмин аз калсий ва қисман аз элементи номаълуми ғайр иборат аст. Танҳо баъд аз сад сол (соли1889) олими франсавӣ Муассан аз гази зардчатоб-фтор иборат будани қисми ғайри онро муайян кард.

Кристаллҳои шаффофу рангоранги флюорит на танҳо дар заргарӣ ва саноати оптикӣ, балки дар металлургия ва химия низ васеъ истифода мешаванд. Агар дар вақти гудохтани маъдани алюмин ба он флюорит омезанд, ҳарорати гудозиши он хеле паст мефурояд ва  металлро бо осонӣ аз дажғол ҷудо мекунад. Аз ин ҷост, ки флюоритро шпати гудозиш ҳам меноманд. Истилоҳи флюорит аз калимаи лотинии флюо-равон  шудан, чакидан пайдо шудааст.

Дар Тоҷикистон якчанд конҳои флюорит мавҷуд аст. Конҳои  флюорит дар Қаромазор (Навгарзон, Конимансур, Кенгқӯтан) ва дар нишебии ҷануби қаторкӯҳҳои Ҳисор (Такоб, Кондара, Беғар, Мағов, Калтуч, Ромит, Ҷурёз, Сурхтеппа) ва дар Помир (Қарроҷилға) воқеанд.

Аксар конҳои флюорит чун раг дар байни гранитҳои охири палеозой вомехӯранд. Кони Ҷурёз нисбатан кони ҷавон аст. Вай қисман дар байни регсангҳои давраи табошири мезозой ҷойгир шудааст.

Геологҳо дар назди Кӯликалон, ки дар иҳотаи қаторкӯҳи Зарафшон воқеъ аст, кони аҷиби флюорити оптикиро кашф карда буданд. Таърихи фатҳи ин кон чунин аст. Дар солҳои 1928-1929 чӯпонбачае аз деҳаи Яккахонаи ноҳияи Панҷакент якчанд сангҳои сафеди шаффофро дар атрофи Кӯликалон ёфта, ба падараш Ашӯр Худойназаров нишон медиҳад. Ашӯр-амак ин сангҳоро ба заргарони Бухоро фурӯхтанӣ мешвад. Аммо заргарон мӯрт ва нарм будани сангҳоро баҳона карда, аз харидони онҳо худдорӣ мекунанд. Сокини ҳамон деҳа шикорчӣ Худоёр Наврӯзов, ки ҳамеша сангҳои гуногуни рангинро ҷамъ мекард, боре дар байни сангҳои соҳили Кӯликалон сангҳои шаффофе ёфт ва онҳоро ба геологҳое, ки соли 1932 дар қаторкӯҳҳои Зарафшон тадқиқот мебурданд, тақдим кард. Геологҳо кристалли флюорити оптикӣ будани бозёфти Худоёрро муайян карданд.

Солҳои 1933-1934 дар кони флюорити Кӯликалон геологҳои  Институти тадқиқоти илмии ашъёи минералии Москва кор кор карданд. Дар ин корҳо геологи халқӣ Ашӯр Худойназаров ҳам иштирок дошт. Аз кони Кӯликалон геологҳо якчанд тонна флюорити оптикӣ ба даст оварда, онро ба саноати оптикӣ супориданд. Баъзе друзаҳои (қӯшабулӯрҳои) флюорити шаффофи Кӯликалон то 200 кг вазн доштанд. Имрӯз намунаҳои флюорити Кӯликалон бисьёр  осорхонаҳои  геологии  ҷаҳонро зеб медиҳанд.

Тадқиқоти солҳои охир нишон доданд, ки флюорити Мағовро гудохта, навъи аълои флюорити оптикиро ҳосил кардан мумкин  аст.

Ҳоло геологҳо дар кӯҳҳои Тоҷикистон конҳои нави флюорит меҷӯянд  ва  барои истеҳсоли  саноатии ин  сарвати гаронбаҳо замина тайёр мекунанд.

Аз китоби академик Рауф Баротов “Сангҳои қиматбаҳои Тоҷикистон”, Душанбе соли 1996.

Хонандагони азиз метавонанд ин китобро дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.

Таҳияи Нилуфар Иғболова,
мутахассиси пешбари шуъбаи
тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ.