Ганҷинаҳои Тоҷикистони азизро бишносем. Халседон, Агат, Яшм
Халседон-минерал, навъи микрокристаллӣ ва нимшаффофи кварс аст. Дар таркибаш омехтаҳои оҳан ва алюмин дорад. Сахташ нахдор, рангаш сафед, хокистарӣ, бур, кабуд, сабз, зардча, сурхча ва ғайра мешавад. Баъзан рах-рах, доғдор ё нақшдор аст.
Халседон аз маҳлулҳои гидротермалии пастҳарорат, инчунин дар равандҳои диагинез (тағйиршавӣ) ва фарсоиш пайдо мешавад. Баъзе намудҳои халседон (ақиқ, агат) ҳамчун санги ороишии гаронбаҳо аз замониҳои хеле қадим маълум аст.
Дар Тоҷикистон хелседон дар байни хоросангҳои кӯҳи Муғул вомехӯрад. Бари рагҳои халседон 3-7 м буда то ба чанд километр тӯл мекашад. Миқдор ва сифати конҳои халседон ҳоло пурра таҳқиқ нашудааст.
Халседон дар заргарӣ, барои тайёр кардани асбобҳои дақиқ, ӯғурча, призмаҳои тарозу, ҳамчун масолеҳи тезоббардор ба кор меравад.
Баъзе касон боварӣ доранд, ки нигини нақшдори (камеяи) халседонӣ, ҳамчун тилисм, ҳибашро аз касалиҳои рӯҳӣ ва афсурдаҳолӣ эмин медорад.
Агат (муаъррақ), ки навъи халседонро гӯянд, ки одатан рахҳои гуногунранги ҳалқа ва камоншакл дорад. Рангаш хокистарии кабудтоб, хокистарии тира ва сафед мешавад. Бари рах-рахҳои гуногунранги камон ва ҳалқашакли он, миллиметр ва аз он ҳам зиёд мешавад. Ҷавоҳиршиносон агатҳоро ба ҳалқашакл, нақшу нигордор ва роҳ-роҳ ҷудо мекунанд. Абурайҳони Берунӣ муаъррақҳои (агатҳои) роҳ-роҳро аз ҷазъ (оникс) фарқ карда, онро беҳтар ҳисоб кардааст.
Аз замонҳои қадим аз агат маснуоти заргарӣ (нигин, шаддаи шаба, гарданбанд), мӯҳр, тайёр мекарданд. Мувофиқи баъзе ривоятҳо агар кас агати нақшу нигораш ба шер монандро кӯфта бо об маҳлул карда ба захмҳои аз ҳайвони ваҳшӣ ва ҳашароти заҳрнок гирифтааш молад, сиҳат мешавад.
Агат дар кӯҳҳои Қаромазор, дар атрофи шаҳраки Адрасмон, деҳаҳои Дӯлона ва мавзеи Тавоқ дар дохили гил ва алевролитҳо (регҳои гилӣ) ёфт мешавад. Агат одатан жеодаҳои (сангҳои сақомонади) диаметрашон то 3 см ҳосил мекунад. Пардаи жеодаҳо аз кварс, дохилаш аз опалу халседону агат иборатанд. Ин минералҳо ба шакли консентрӣ (доираҳои ҳаммарказ) таҳшин шудананд.
Пайдоиши агат бо маҳлулҳои пастҳарорати дуоксиди силиқий, ки дар тарқишҳои ҷинсҳои кӯҳӣ давр зада дар масом ва тарқишҳо таҳшин мешаванд, вобаста аст. Геолог ва наққошӣ ҳаваскор А.М.Соколов аз шаҳри Хуҷанд аз агатҳои Қаромазор муҷассамаи шапалакҳои гуногунро сохта, ин асари бадеиро дар шаҳрҳои ҷумҳурӣ ва берун аз он намоиш дод.
Яшм аз зарраҳои квартсу халседон иборат буда, аз ғашҳои оксидҳои оҳан сурх ва ҷигарранг шудааст. Вайро ҳамчун санги резакорӣ ва масолеҳи бинокорӣ истифода мебаранд. Кони яшми Оби Равнов дар Дарвоз байни ҷинсҳои эффузивии давраи карбон ҷойгир шудааст. Вай дар шакли қабат ва лонаҳо дучор меояд. Ҳаҷми умумии бари қабатҳои яшм 2750 м аст. Яшм дар Помири Ҷанубӣ ва Шарқӣ (Оқширак) ва ҳам дар байни оҳақсангҳои давраҳои перм ва триас низ ёфт шудааст. Кони яшм дар қаторкӯҳи Зарафшон (Кмарх) низ маълум аст. Он дар байни варақсангҳои силур вомехӯрад.Бинобар мустаҳкаму хушранг буданаш-яшмро дар заргарию резакорӣ, кошинкорӣ ва дар техника бисёр истифода мебаранд.
Мувофиқи ривоятҳо яшм ашхосро аз тақдири сиёҳ ҳифз мекунад ва ба ӯ бахту саодат мебахшад.Нигини яшми сурхдор тилисми дӯстдоштаи додхоҳ ва додрасҳо мебошад Яшмро барои муолиҷаи касалиҳои табларза, саръ ва меъда истифода мебаранд.
Опал (айнулшамс), як навъ минерали силитсий (SiO2H2O), ки аз гидрогели сахти табиӣ иборат аст. Асосан беранг буда, вобаста ба омехтаҳои таркибаш сурх,(аз график) мешавад. Дар табиат якчанд хели опал маълум аст. Опалҳои ки хосияти опалесценсия (нурвфканӣ)доранд,қиматбаҳоянд.
Опал дар натиҷаи аз обҳои гарми вулқоногенӣ тақшоншавии дуоксиди силитсий ё дар минтақаи форсоиш аз таъсири обуоксиди карбон вайроншавии силикатҳо ба вуҷуд меояд. Он дар ковокӣ ва тарқишҳои таҳнишастҳои давраҳои палеогену неоген вомехӯрад.
Опали қиматбаҳою асилро аз замонҳои қадим ба сифати санги ороишӣ истифода мебаранд. Ривояте ҳаст,ки он қобилияти ноаён кардани шахсро дорад ва ашхосро аз касалиҳои чашм ҳифз мекунад.
Ҳоло бо усули химиявӣ опалҳои сунъиро ҳосил мекунанд,ки аз табииаш фарқ кард намешавад.Истеҳсоли опалҳои сунъӣ дар яке аз корхонаҳои шаҳри Исфара ба роҳ монда шудааст.
Аз китоби академик Рауф Баротов “Сангҳои қиматбаҳои Тоҷикистон”, Душанбе соли 1996.
Хонандагони азиз метавонанд ин китобро дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.
Таҳияи Нилуфар Иғболова,
мутахассиси пешбари шуъбаи
тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ.