Ганҷинаҳои Тоҷикистони азизро бишносем. Кони ангишти Шӯроб
Кони ангишти Шӯроб – кони ангишти бӯр дар доманаи шимолии силсилакӯҳи Туркистон, дар ҳудуди ноҳияи Исфараи вилояти Суғд ва ноҳияи Лайлаки вилояти Ӯши Ҷумуҳурии Қирғизистон ҷойгираст. Аз истгоҳи роҳи оҳани Конибодом (дар хатти роҳи оҳани Хавос – Қӯқанд) то Кони ангишти Шӯроб шохаи роҳи оҳани (56 км) кашида шудааст.
Масоҳати умумии кон 250 – 300 км2 буда аз қисмҳои ғарбӣ (Ҷумҳурии Қирғизистон) ва шарқӣ (Ҷумҳурии Тоҷикистон) иборат аст. Ба қисми ғарбӣ майдонҳои Шӯроб III, Ғарм, Мадиген ва ба қисми шарқӣ майдонҳои Шӯроб-I, Шӯроб-II ва Самарқандак дохил мешаванд. Дар ин майдонҳо қабатҳои ангишти ба сатҳи замин наздик хобидаанд.
Хокистарнокии ангишти Кони ангишти Шӯроб то 30%, гармидиҳии он 6800 ккал мебошад. Ҳудуди кон аз таҳнишастаҳои давраҳои палеозой, юра, табошир, палеоген, неоген ва давраи чорумин таркиб ёфтааст. Таҳнишастҳои давраи палеозой аз варақсангу оҳаксангҳо ва таҳнишастҳои юра аз гил, алевролит, регсанг, конгломерат иборатанд.
Ангишт дар табақаи ҷинсҳои юраи поин ва миёна дар шакли қабату линзаҳои ғафс ва тунук хобидааст. Миқдори қабатҳои ангишт, тӯлу ғафсӣ ва амиқии ҷойгиршавии онҳо яксон нест. Бисёр қабатҳо тунук буда, аз чунин ҷойҳо ангишт истихроҷ намекунанд. Кони ангишт аз 104 қабат иборат буда, 79 қабати он аҳамияти корӣ дорад, аз ҷумла, он ба 5 қитъа ҷудо карда шудааст: Шӯроб-I (1 қабати корӣ), Шӯроб-II (12 қабати корӣ), Самарқандак (13 қабати корӣ) ва Шӯроб-III (53 қабати корӣ, ғафсии умумиашон 123м). Захираи умумии Кони ангишти Шӯроб 35 млн т буда, аз он 28 млн т захираи саноатӣ мебошад.
Таърихи истихроҷи Кони ангишти Шӯроб хеле қадимист. Истахрӣ “Масолик ва мамолик” мавҷудияти конҳои ангиштро чунин зикр кардааст: “Он ҷо кӯҳе ҳаст аз санги сиёҳ ва он санги сиёҳ мисли ангишт месӯзад”.
Соли 1882 дар Кони ангишти Шӯроб, дар масофаи начандон бузург корҳои истихроҷӣ оғоз шуданд. Пеш аз Инқилоби Октябр иктишоф ва истихроҷи ангиштро соҳибкорон (сармоядорон)-и хориҷӣ ба уҳда доштанд. Соли 1882 ба муносибати ба кор даромадани кони ангишт дар ин мавзеъ маҳалли коргарнишини Шӯроб (аз соли 1930 шаҳраки Шӯроб, аз 6.2.1945 аз ҳасоби хурд кардани ноҳияи Исфара, ноҳияи мустақили Шӯроб, аз 24.3.1947 шаҳраки Шӯроби тобеи ноҳияи Исфара) ташкил карда шуд. Соли 1918 дар шаҳраки Шӯроб мувофиқи Дектрет дар бораи милликунонии муассисаҳои шахсӣ Кумитаи саноати кӯҳӣ таъсис ёфт, ки кори ангиштканонро назорат мекард. Соли 1931 яке аз шахтаҳои он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, ҳамон сол 1500 т ангишт истеҳсол карда шуд. Истихроҷи саноатии ангишт соли 1939 оғоз ёфт. Бунёди хатти роҳи оҳан ва бо истгоҳи роҳи оҳани Исфара пайваст шудани кони ангишти Шӯроб (1943) боиси афзоиши истеҳсол ва фурӯши ангиштсанг гардид.
Соли 1950 истеҳсоли ангишт ба 412,1 ҳазор т ва соли 1979 ба 1 млн т расид. Сентябри соли 1965 ба сабаби васеъ гардидани миқёс ва бештар шудани ҳаҷми кор дар кони ангишти Шӯроб ба ин ҷо аз ноҳияҳои дигар садҳо нафар муҳоҷир омад. Ҳоло ба сабаби гаронии хароҷоти интиқоли ангишт ба дигар минтақаҳои Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли он (соли 2003 11,6 ҳазор т) кам шудааст.
Ангишти ин кон асосан чун маводди сӯхт барои эҳтиёҷи аҳолӣ, марказҳои гармидиҳии аловӣ (баъди сифати ангиштро бо ғанигардонӣ баланд кардан) истифода мешавад.
Аз Энсиклопедия миллии тоҷик. – Душанбе, 2022. – Ҷ.10. – С.486.
Таҳияи Замира Давлатова,
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ.