Ганҷинаҳои Тоҷикистони азизро бишносем. Мӯмиё
Мӯмиё-моддаи шифобахши муммонанди табиист, ки аз тарқишҳои ҷинсҳои кӯҳи таровида мебарояд. Вай зиёда аз 1000 сол ин ҷониб дар тибби халқӣ чун дору маълум аст. Олимон ва табибони машҳури форсу тоҷик Абуали ибни Сино, Муҳаммад Закариёи Розӣ, Абӯбакр Робеи Бухороӣ, Муҳаммад Ҳусейни Шерозӣ ва дигарон мӯмиёро барои табобати дарди шикастагии устухон, иллати пайванду мушак, захми меъдаю рӯдаҳо ва пӯст, дарди гулӯ, баъзе бемориҳои системаи асаб, бемориҳои ҷигар, камхунӣ, инчунии ҳангоми газидани мор ва дигар ҷонварҳо чун подзаҳр истифода мебурданд.
Дар маъхазҳои чопӣ қайд шудааст, ки мӯмиёро аввалин бор дар сарзамини ҳозираи Эрон ёфтаанд. Абурайҳони Берунӣ (973-1050) истилоҳи мӯмиёро бо истихроҷи моддаи муммонанд дар яке аз ғорҳои деҳаи Абинмуми абин, яъне мӯмиё алоқадор мекунад. Моддаҳои мӯмиёмонандро, ки ҳоло аз 30 зиёданд, дар Ҳиндустон салаҷа ё салаҷма, дар Бирма-чаотун (хуни кӯҳ), Муғулистон-брак-шун (шарбати кӯҳ), арабҳо-арақул-ҷибол(арақи кӯҳ), туркманҳо-мумногай мегӯянд. Баъзе геологҳо (Ю.В.Кононов,1985) мӯмиёҳое, ки дар дохили ҷинсҳои кӯҳии таҳшинӣ (оҳаксанг, мармар, гилсанг) пайдо шудаанд ва хусусиятҳои табобатӣ доранд, минерали бионит меноманд.
Халқи маҳаллӣ мӯмиёро аз замонҳои қадим медонист. Номи бисёр маҳалҳои Тоҷикистон, мисли ғори мӯмиё дар Панҷакент, Мӯмиёкамар дар саргаҳи дарёи Ширкент (қаторкӯҳи Ҳисор), Кӯҳи мӯмиё (дар Шаҳдараи Бадахшон) ва ғайра ба ин шаҳодат медиҳанд.
Манбаи мӯмиё дар мавзеъҳои алоҳидаи қаторкӯҳҳои Туркистон, Зарафшон, Ҳисор, Бадахшону Помир ва кӯҳҳои Муғулу Қарамазор ва дор ҷануби Тоҷикистон дар баландиҳои мутлақи 1000-4000м вомехӯранд. Аксарияти мӯмиёҷойҳо дар тарафи офтобрӯи доманаи кӯҳ (дар экспозитсияи ҷанубӣ) ҷойгир шудааст. Ҳоло дар ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ зиёда аз 20 манбаи мӯмиё омӯхта шудааст. Хусусан мӯмиёи Зарафшон ва Помир бо тозагии худ шӯҳрат пайдо кардааст.
Мӯмиё дар тарқиш, ковокиҳо ва тоқчаҳои ҷинсҳои кӯҳии шах, хусусан дар ғорҳо, мисли раг, шӯша ва агрегатҳо вомехӯрад. Рагҳои мӯмиёдор аз якчанд миллиметр то 30см ғафсӣ дорад ва то 20 м ва аз ин ҳам зиёд тӯл мекаҳад. Дар ҷойҳои мӯмиёдор бӯи дору меояд.
Шӯшаҳои мӯмиё хангоми дар об маҳлул шудани рагҳои мӯмиёдор ва дар тавори тарқишҳо мисли парда ё гурда такшон шудани он ба вуҷуд меояд. Ғафсии парда ва ғурриҳои нахӯдмонанди мӯмиё 1-3 см мешаванд.
Агрегати мӯмиё дар натиҷаи дар таги ғорҳо омехта шудани маҳлулҳаи мӯмиё бо гилу сангпора,ва боқияҳои органикӣ ва зич шудани онҳо пайдо мешавад. Ғафсии агрегати мӯмиё даҳҳо см мешавад. Агрегати мӯмиёро дар об маҳлул карда ва баъд буғ карда, мӯмиёи тоза ҳосил мекунанд.
Мӯмиё аз ҷиҳати тозагӣ ба се гурӯҳ тақсим мешавад. Мӯмиёи тоза–мӯмиё, ки ба замин начакида, дар ҷои баромадаш ҷамъ мешавад. Мӯмиёи начандон тоза, ки ба замин чакида ба сангу хок, боқимондаи гиёҳҳо ва ахлоти баъзе ҳайвонҳо омехта мегардад. Мӯмиёи олуда (ифлос) бошад аз лонаи кабӯтару зоғ ва парандаҳои дигар, инчунин хонаи мушу калламуш ва ҳайвонҳои дигаре, ки онро мехӯранд, дарёфт карда мешавад.
Манбаи мӯмиё аксаран дар кӯҳҳои аз мармар, оҳаксанг ва варақсангҳои моддаҳои органикӣ (битум) дошта вомехӯрад. Дар ин ҷойҳо ҷинсҳои кӯҳиро кафидаҳои тектоникӣ-тарқишҳо бурида мегузарад ва баъзан сангҳои шах пора-пора шудаанд. Дар мавзеъҳои бозёфти мӯмиё дарахту бутта, алалхусус арча месабзад ва мушу каломушҳо зист мекунанд.
Мӯмиёи тоза-ҷисми якхелаи қаҳваранги сиёҳтоб,кашишдор, сатҳаш боҷило ва дорои бӯи хуш ва мазаи каме талх мебошад. Мувофиқи маълумоти Институти фарматсевтии шаҳри Тошканд вазни хоси мӯмиёи Осиёи Миёна 2,13,температураи гудозишаш 800 мебошад. Мӯмиё намии худро гум карда,сахт мешавад. Мӯмиё дар об нағз ҳал мешавад ва маҳлули шаффофи қаҳварангро ҳосил мекунад.
Мӯмиёи тоза (асил) аз 90% моддаҳои органикию ғайриорганикӣ иборат аст. Моддаҳои органикӣ аз карбонгидриди ҳидроген, нитроген, аминокислотаҳо, витаминҳо, ферментҳо ва гармонҳо таркиб ёфтаанд. Дар таркиби қисми ғайриорганикии мӯмиё 30 элемент аз ҷумла, калтсий, фосфор, натрий, калий оҳан, алюмин, силитсий ва дигар микроэлементҳо муайян карда шудаанд. Дар таркиби мӯмиё газҳои бутан, метан,пропан ва ғ.дучор мешаванд.
Ваъзе тадқиқотчиён формулаи химиявии мӯмиёро Ca Si (K, Na)5C25 H 57 O26 тахмин мекунанд.
Мувофиқи маълумоти Ю.В.Кононов (1989) таркиби химиявии мӯмиё (бионит) чунин аст (% вазн): SiO2-0 124; TIO2-0, 01; АI2 O3-0,06; Fe2O3-0,10; Ca O-4, 76; MgO-2,98; K2O-4,48; Na2 O-0,32; моддаҳои буғшуда-73,95; H2O-6,00; P2O5– 0,06; SO3-4,00.
Аз сабаби он ки таркиби мӯмиё хеле мураккаб ва тағйирёбанда аст, онро наметавонем ҷинси кӯҳӣ ва минералӣ гӯем. Аксарияти тадқиқотчиён мӯмиёро моддаи минералию органикӣ мешуморанд ва фарзияи аз ҷисмҳои органикӣ–аз боқимондаҳои рустанию ҳайвонот пойдо шудани мӯмиёро тарафдорӣ мекунанд. Манбаи мӯмиё биомассаи рустанӣ, ки дорои сафеда, селлюлоза, крахмал мебошад, дар медаю рӯдаи ҳайвонот, хусусан мушҳои саҳроӣ, ба мономерҳои сода, ки организм онро аз худ мекунад, ва ахлот ҷудо мешавад. Ахлот дар шароити баландкӯҳ дар зери таъсири хеле зиёди нурҳои ультрабунафш, камнамӣ, дигаргуншавии ҳарорати рӯзу шаб ва паст шудани фаъолияти микробҳо, тез дигаргун (вайрон) намешавад. Аз ин сабаб бо гузашти вақт аз мономерҳо (пайвастагиҳои пастмолекулавӣ) ва ахлот моддаи нав, яъне мӯмиё, ба вуҷуд меояд.
Дар пойдоиши мӯмиё омилҳои геологию ҷуғрофӣ–релйефи мавзеъ, таркиби ҷинсҳои кӯҳӣ ва тарқишнокии онҳо, ҳам гардиши обҳои рӯй ва зери замин низ таъсир мекунанд.
Мӯмиё сарвати табиии барқароршаванда мебошад. Захираи мӯмиё, вобаста ба шароити манбаи он, дар ҳар 3-5 сол як бор барқарор мешавад. Барои ба таври оқилона истифода бурдани мӯмиё мо бояд манбаъҳои мӯмиёро бо навбат дар ҳар 5-6сол як бор кофта гирем.
Омӯзиши фармакологӣ безарар будани мӯмиёро исбот намуда, нишон дод, ки мӯмиёи бо усули махсус тозашуда барои муолиҷаи шикастагии устухон, захми меъда, захми пӯсту мушакҳо, иллату омоси асабҳо ва ғайра ёрӣ мерасонад. Аммо аз сабаби номуайянии таркиб, хусусият, таъсири он ба организм ва захираҳои мӯмиё собиқ Комитети фармакологияи СССР онро ҳамчун дору тасдиқ накардааст. Мӯмиёро ҳозир дар институтҳои илмию тадқиқотӣ ва табибҳои хусусӣ барои муолиҷа карбаст мекунанд.
Дар Тоҷикистон манбаи мӯмиё хеле бисёр бошад ҳам, то ҳоло номгӯи ҷойҳои он тартиб дода нашудааст. Мувофиқи маълумоти пешакӣ дар ҷумҳурӣ ҳар соле ҳазорҳо килограмм мӯмиё истеҳсол кардан мумкин аст….
Аз китоби академик Рауф Баротов “Сангҳои қиматбаҳои Тоҷикистон”, Душанбе соли 1996.
Хонандагони азиз метавонанд ин китобро дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.
Таҳияи Нилуфар Иғболова,
мутахассиси пешбари шуъбаи
тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ.