Ганҷинаҳои Тоҷикистони азизро бишносем. Шаба (Гагат)

ГагатШаба (шабаҳ) санги сиёҳи  барақи нарм аст, ки ба гурӯҳи сангҳои ҷавоҳирии резакорӣ дохил мешавад. Онро каҳрабои сиёҳ ҳам мегӯянд. Номи гагат аз номи шаҳр ва дарёи Гагаси Ликияи Қадим (Осиёи Хурд) баромадааст.

Ба қавли Абурайҳони Берунӣ  “Шаба-санги сип-сиёҳи ҷилонок, хеле нарм ва сабук мебошад. Он дар оташ месӯзад

Шаба як намуди ангишти сиёҳтоб аст, сахтиаш 2,5-4,0,хатти шикасти садафӣ ва хусусиятҳои часпакӣ дорад. Онро бо осонӣ  бурида пардоз додан  мумкин аст.

Шаба, мисли ангиштсанг, дар натиҷаи пӯсидани набототи сӯзанбарг бе иштироки ҳаво пайдо шудааст. Он дар байни қабатҳои ангиштсанги сиёҳтоб ва варақсангҳои гилии ангиштдор, мисли табақча ва лонаҳои ғафсиаш аз 1см то 20 см, дучор мешавад. Барои шаба  мавҷудияти боқимондаи  набототи солҳалқадошта хос аст.

Таркиби  химиявии   шаба асосан  аз карбон (60-90%), оксиген, нитроген ва омехтаҳои сулфур, фосфор, калтсий, магний ва алюмин иборат аст.

Бостоншиносон сангҳои суфтаи шабаро дар бошишгоҳҳои одамони асри санг дарёфт кардаанд. Дар Миср аз он оина, дастпона, нигин, дар Аврупо салибча, икона, дар мамлакатҳои шарқ тасбеҳ тайёр мекунанд. Ба ривояти арманиҳо шаба, яъне гишер (“шаби торик”) санги мотам аст. Агар ба гаҳвора пеши кӯдаки кабудчашм шаба овехта шавад, сиёҳчашм мешавад,

Нархи 1 кг шабаи якхела солҳои ҳаштодум 0,5 доллар буд. Шаба аз дигар сангҳои ҷавоҳирии сиёҳранг (марион, шерлтурмалини сиёҳранг ва шишаи сиёҳранг) бо сабукӣ, нармӣ ва тобиши қатронии худ фарқ мекунад.

Шабаро аз баъзе конҳои ангишти сиёҳтоби Қафқоз, Қрим назди Байкал, Британия, Испания, Фаронса ба даст меоваранд. Бояд гуфт,ки геолог ва ҷавоҳиршиносони мо ба ҷустуҷӯи ин санги машҳур аҳамияти ҷиддӣ намедиҳанд. Мо бояд макони ин  санги сиёҳрангро дар конҳои ангишти ҷумҳурӣ, пеш аз ҳама дар Шӯроб ва дар байни варақсангҳои ангиштдор ҷустуҷӯ кунем.

Аз китоби академик Рауф Баротов “Сангҳои қиматбаҳои Тоҷикистон”, Душанбе соли 1996.

Хонандагони азиз метавонанд ин китобро дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.

Таҳияи Нилуфар Иғболова,
мутахассиси пешбари шуъбаи
тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ.