Гавҳар Шарофзода. “Президенти мардумӣ”
Ин мафҳум барои миллати тоҷик бегона нест. Ин мафҳумест, ки кулли мардуми шарифи Тоҷикистон бо муҳаббат ва самимияти хос вирди забон меоранд ва ифтихор доранд: Президенти мардумии мо.
Чаро ин унвон-Президенти мардумиро ба Пешвои муаззами миллат мардуми баруманду созанда ҳанўз аз аввалҳои барқарор намудани давлати қариб пора – порагаштаву халқи парокандаи тоҷик хос медонанд? Ин сабаб дорад. Агар саҳифаҳои таърихро варақ гардонем, ин маҳбубтарин инсон тавонистааст, ки пас аз ҳазор сол ба ин мардум ва сарзамини он озодӣ, ободӣ, ваҳдат оварда, давлати навин ва пуриқтидори тоҷиконро ташкил дода, онро ба ҷаҳониён ҳамчун сарзамини хеле қадима, бори дигар муаррифӣ намудааст.
Кишваршиносӣ рус Н. Г. Павлов дар китоби худ «История Туркестана» овардааст: «Мо акнун шоҳиди эҳёи ин миллати ҷонсахт, боистеъдод, яъне тоҷик ҳастем… Аз рўи инсоф бояд гуфт, ки тоҷикон то кунун халқи аз ҳама сахтҷонтаранд: кам андар кам миллате мисли тоҷикон ба ин зарбаҳои сахт дучор омадааст, аммо қадре фурсати нафасросткунӣ кифоя буд, ки онҳо боз ҷон бигиранд».
Гузаштаи пурҳассос ва дардноки миллати баруманди тоҷик гувоҳ аст, ки ҳар нафас ин мардумро парокандагӣ ва ин сарзаминро порашавӣ домангир буд. Зеро ҳуҷумҳои пайдарпайи душманон ин сарзаминро абгор ва мардумашонро сарсону саргардон карда буданд.
Қатъи назар аз парокандагиву сарсонӣ дар марҳалаҳои ҳассосу ҷонгудоз фарзонафарзандони миллати тоҷик бо хиради модарзодии худ аз ҳувийяти миллии хеш мудом ҳимоя менамуданд. Аз ҷумла Куруши Кабир, Спитамен, Ардашери Бобакон, Анушервони Одил, Абумуслим, Яъқуби Саффорӣ, Исмоили Сомонӣ, Темурмалик, Восеъ, Садриддин Айнӣ, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва дигароне буданд, ки тавонистанд мулки ниёгон ва рисолати покиву ободкориву созандагии онро нигоҳ дошта, ба ояндагон ба мерос гузоранд.
Пас аз пош хўрдани Иттиҳоди Шуравӣ Тоҷикистон ба сарзамине табдил ёфта буд, ки гўё бори дигар душмани хунхор ба он сар задаву ба хоку хун ғарқ кардааст. Мардум пароканда, гуреза дар мулки Афғонистон, сарзамин дар коми оташ афтода, ба қисматҳо пора гашта, зану фарзандони ҳар хонадон бесарпаноҳ монда буданд.
Дар ин ҷанги тарҳрезишудаи хоинони миллат зиёда аз 150 ҳазор нафар ҳалок гашт, 55 ҳазор кўдак ятим монд, зиёда аз 10 миллиард доллари амрикоӣ ё 111 миллиарду 320 миллион сомонӣ зарари моддӣ ба сарзамин расонида шуд.
Он солҳо барои миллати тоҷику тоҷикистониён даҳшате буд. Гўиё як балои азиме бар сари миллат ва сарзамин омада буд, ки мардумаш худро ба хотири як бурда нон, оромии хонадон, доштани сарпаноҳе барои фарзандон, азизони дил, худро ба ҳар кўю дар мезад.
Ҳазорҳо нафар тоҷикон ба Афғонистон муҳоҷири иҷборӣ шуда буданду ҳоли табоҳе доштанд. Аз гармои тоқатшикан азобе доштанд ногуфтанӣ. Боди саҳроие ҳатто аз гўшае намевазид, ки бўи ошноро ба димоғи мардуми ғамзадаву саргардон биёрад. Само бошад, аз назар кардан ба замин гўё қаҳр карда буд, ки доманашро абри сиёҳ печонда буд. Осмон дар ин шабу рўз гўё сукут варзида буд, даст ба пешонии фарохаш гузошта фикр мекард, ки чи гуна даҳшатро аз сари мардум дур созад.
Дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилони халқ якдилона Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сарвари давлат интихоб гардид ва ваъда дод, ки ба Тоҷикистон сулҳ меорад. Мардуми сарбаланду шарифи кишварро ба ободӣ мерасонад, барояшон оромӣ, озодӣ ва осоиштагиро фароҳам месозад.
Аз 5-уми апрели соли 1994 то 27-уми июни соли 1997 дар Афғонистон, Покистон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Туркманистон музокироти тулонӣ ба хотири сулҳу субот дар Тоҷикистон идома ёфта, он бо хирадмандӣ ва заковати хоси доштаи Президенти ҷавону хирадманди тоҷик ба имзо расид, ки зиёда аз 40 ҳуҷҷати барои миллат хеле муҳим ба ҳисоб мерафт, ки яке аз онҳо Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон буд.
Он рўзҳо ҳаво гарм буд ва он гармӣ аз муҳаббату самимияти тоҷиконаи мардуми баруманду шарифи тоҷик зиёдтар мешуд. Бо даъвати Президенти маҳбуби кишвар, гурезаҳо ба Ватан бармегаштанд, аз паи суроғи хешу ақрабо сар ба кулбаҳои валангорашон мезаданд, вале касеро пайдо намекарданд. Аз ҳавлиҳо, боғҳо, растаҳо, ҳотаҳо бўйи борут ба машом мерасид.
Фарзанди баруманди мо Ваҳдат ном дорад ва мисли ҳазорсолаҳои гузаштаи ниёгон мардумро ба ҳам овард, аз сулҳу субот, амониву ободии сарзамини ниёгони сулҳофараш меболад.
Такондиҳандаи ҳама ин бузургиву шаҳомат аз талошҳои фарзанди арҷманди тоҷик Эмомалӣ Раҳмон аст, ки мардуми шарифи Тоҷикистони азиз, ин фарзонафарзанди миллатро самимона ва якдилона Сарвари давлат интихоб кардаанду Пешвои миллат хондаанд.
Тоҷикистони азизу маҳбуби мо 9 сентябри соли 1991 Истиқлоли давлатии худро эълон намуд. Ин соҳибихтиёрӣ масъалаҳои зиёди пурпечутоби иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангиро пеш овард, ки имрўзҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбаландона аз уҳдаи ҳалли ин мушкилиҳо баромада истодааст. Тоҷикистон имрўз дар қатори ободтарину оромтарину амнтарин мамлакатҳои пешрафтаи олам қарор дошта, онро амчун давлати соҳибистиқлол, обод, демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ зиёда аз 200 кишвари ҷаҳон мешиносад.
Манбаъ: “Бонувони Тоҷикистон” чеҳраҳо, истиқлолият, Душанбе, 2023
Таҳияи Дилрабо Салимова
мутахассиси пешбари
Медиатекаи Президентӣ