Генерал-губернатор Кауфман. Шахсе, ки дар таърихи Осиёи Марказӣ нақш бозид

Константин Петрович фон-КауфманКауфман Константин Петрович 2 марти соли 1818 дар шаҳри Тошканд, 16-уми майи соли 1882 дар ҳамон ҷо вафот кардааст. Ў ходими давлатии Руссияи подшоҳӣ, нахустин генерал-губернатори Туркистон  дар солҳои 1867-1882 буд, инженер-генерал дар соли 1874, генерал-адъютант дар соли 1864.

Бо фармони Александр II (1855-1918), дар соли 1967 генерал-губернатори Туркистон таъин шуда тибқи “Ёрлиқи заррин” ваколати васеъ дошт. Кауфман дар соли 1868 баъди тобеъ кардани хонии Хўқанд бар зидди амири Бухоро – Музаффархон ҷанг эълон намуд. Пас аз пирўзӣ дар набарди Чўпонато (1.5.1868) ва Зирабулоқ (2.6.1868) ба амири Бухоро аҳдномаеро пешниҳод кард, ки дар таърих бо номи Шартномаи Зирабулоқ машҳур аст.

Соли 1970 Кауфман шўриши Абдумаликтўра – писари калони амир Музаффархонро, пахш кард. 28-уми сентябри соли 1873 бо ташаббуси Кауфман дар байни Бухоро ва Руссия шартномаи “дўстӣ” ба имзо расид, ки тибқи он амирони Бухоро дар симои подшоҳи рус пуштибон пайдо карданд ва Аморати Бухоро ба мустамликаи Руссия табдил ёфт.

Дар замони ҳукумати Кауфман бо сарварии генерал А.К. Абрамов дар болооби Зарафшон “экспедитсияи илмӣ” ташкил карда шуд (1970), ки дар натиҷаи он баъзе мулкҳои ин водӣ (“Туманҳои Кўҳистон”) ба музофоти Зарафшон тобеъ гардиданд.

Соли 1873 сарбозони рус бо фармони Кауфман аз се самт ба Хонии Хева ҳуҷум карданд, ки дар натиҷаи он ин мулк ба мустамликаи Руссия табдил ёфт. Кауфман баъди пахш кардани шўриши Қўқанд (1873-1876), ҳукумати хонии Хўқандро барҳам дода, қаламрави он бо номи вилояти Фарғона ба ҳайати генерал-губернатории Туркистон ҳамроҳ гардид. Дар аҳди раёсати Кауфман “Низомнома оид ба идоракунии кишвари Туркистон” тасдиқ ва низоми идораи Генерал- губернатории Туркистон ташаккул ёфт.

Кауфман корҳои ғайрисиёсиро ба уҳдаи сардорони вилоятҳо вогузор карда, худаш ҳамчун губернатори ҳарбии вилоят ба фаъолияти мақомоти уезд ва политсия роҳбарӣ мекард. Кауфман ҳамзамон фармондеҳи округи ҳарбии Туркистон ва атамани сипоҳи казакҳои Ҳафтрўд буд.

Бозчоп аз: Энсиклопедияи миллии тоҷик. – 2020, Душанбе. – Ҷ.9. – С. 644.

Муаллиф:  Ҳотамов, Н.

Таҳияи Муҳаббат Киром

Корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.