Геометрияи замони Уқлидус ва имрӯз
Муаллифони китоби дарсии “Геометрия” барои синфи 7 дар сарсухани худ навиштаанд: Китоби дарсие, ки шумо ҳоло дар даст доред, мазмунаш геометрияи Уқлидус мебошад. Ин чӣ маъно дорад? Барои посух ба ин суол ақалан мутаваҷҷеҳ шавем ба ҳамин сарсухан.
Дар замонҳои қадим асосан геометрия барои ченкуниҳо дар сатҳи замин лозим буд. Нисбат ба қадим доираи омўзиши масъалаҳои геометрия хеле васеъ гаштааст. Геометрияи ҳозира барои ченкуниҳо дар сатҳи Замин, ҳамворӣ, фазо, Кайҳон ва зарраччаҳои хурде, ки ба чашм ноаёнанд, зарур аст.
Геометрия ба мисли алгебра таърихи қадим дорад. Ин илм дар давлатҳои қадимаи, Миср, Бобил ва Юнон ба вуҷуд омадааст.
Аввалин асарҳои геометрӣ дар асрҳои 17 –и то милод, яъне тақрибан 3700 сол пеш аз замони мо дар Мисри қадим навишта шудаанд. Дар ин асарҳо қоидаҳо ва тарзҳои ҳисоб кардани масоҳат ва ҳаҷми шаклҳои гуногуни геометрӣ дар асоси таҷрибаҳои ҳаётии одамон баён карда шудааст.
Барои илми геомерия хидмати олими Юнони қадим Уқлидус, ки солҳои 330-275 –уми пеш аз милод ҳаёт ба сар бурдааст, хеле бузург мебошад. Уқлидус доир ба геометрия асари машҳуре навиштааст, ки «Ибтидо» ном дорад. Ў дар ин асараш ҳамаи маълумоти геометрии то замони худ мавҷудбударо ба тартиб дароварда, илми геометрияро ба таври аксиоматикӣ баён кардааст.
Уқлидиус якчанд мавҳуми одитаринро бе таъриф қабул намуда ва дар асоси ин мафҳумҳо мафҳумҳои дигари геометриро таъриф дод. Ӯ якчанд тасдиқоти одиро, ки дурустиашон аз худи ҳаёт бармеояд беисбот қабул кард. Чунин тасдиқоти беисботро аксиома меноманд. Тасдиқоти дигари геометриро дар асоси мафҳумҳои ибтидоӣ ва аксиомаҳо исбот кард. Тасдиқе, ки дурустиаш исботро талаб мекунад теорема ном дорад.
Китоби Уқлидус зиёда аз 2000 сол ҳамчун китоби дарсии геометрия ба ҳисоб мерафт. Китоби дарсие, ки шумо ҳоло дар даст доред, мазмунаш геометрияи Уқлидус мебошад.
Геометрия илмест, ки мавзўи тадқиқоташ шаклҳои геометрӣ ва хосиятҳои онҳо мебошад. Фанни геометрия аз кадом модда сохта шудани ашёро намеомўзад. Масалан, барои таҳқиқотчии илми геометрия аз шиша, чўб ё оҳан сохта шудани квадрат фарқ надорад. Дар геометрия намуд, мавқеи ҷойгиршавии шаклҳо, андоза, масоҳат ҳаҷм ва дигар бузургиҳои ба онҳо вобаста тадқиқ карда мешавад.
Муаллифони ин китоби дарсӣ, ки ҳоло метавонед онро дар Китобхонаи миллӣ ҳам пайдо ва бихонед, У.Бурҳонов ва Ҷ. Шарифов мебошанд. Китоби соли ҷорӣ дар нашриёти “Маориф” рӯи чоп омадааст.
Фарзона ШАРИФОВА,
мутахассиси шуъбаи
Мукаммалгардонии фонд