Гесў ва зани тоҷик. Қадимист ё имрӯзӣ?

Гесў печа, мила, кокул, мўи дарози бофтаи занон. Муаллифи «Фарҳанги Онандроҷ» гўяд: «Гесў мўи дарозе, ки аз ҷониби сар кашида бошад ва ин ғайр аз зулф аст». Айни ҳамин мазмун дар «Ғиёсу- л- луғот» низ омадааст. Одати доштани гесўи дароз дар байни занони тоҷик аз қадим маъмул буд. Дар тўли таърих дар байни тоҷикон шаклу намудҳои гуногуни гесўбофӣ вуҷуд дошт. Интихоби тарзҳои гесўбофӣ ба хусусият, ранг ва зичии мўй, инчунин ба синну соли духтарону занон вобаста буд.

Занҳои тоҷик гесўро ба шакли кокулча, ростак, ду кокул, себар, якқабата, дуқабата, чилкокул, хомбофт, пухтабофт, панҷак ва ғайра мебофтанд. Онҳо барои бофтани гесў пеш аз ҳама аз мобайни пешонӣ то пушти сар фарқ мекушоданд. Ин амалро бо сихи ҷайра ё фарқросткунак (сими филиззии махсус) иҷро мекарданд. Агар мўи сар тунук бошад, он гоҳ дар паси гўшҳо танҳо ду гесў мебофтанд. Ин гесўҳо, маъмулан, сеқатора бофта мешуданд. Мўи духтаронро аксаран модаронашон гоҳе як ва гоҳе ду гесў мебофтанд. Занҳои ҷавон баъзан гесўҳои панҷ ё ҳафтқаторӣ мебофтанд, ки онро аз рўи қаторҳо панҷӣ (панҷак) ва ҳафтӣ мегуфтанд. Агар мўи сар зич бошад, боз аз паҳлуҳо дар болои гўшҳо як гесў (милла)-и дигар мебофтанд, ки он торак, торкокулак, кокул, сегак ё пуча ном дошт.

Духтарон баъзан мўйи худро майдабофӣ мекунанд, ки он дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон чиллик, панҷак, чилчура, чилкокул, панҷара ном дорад. Дар сартосари Тоҷикистон занҳо ба мўяшон гесўҳо (миллаҳо) – и сунъӣ – пўпак, печак, парчам ё ҷамолак мебофтанд. Чунин гесўҳо (кокулҳо) – и сунъӣ дар минтақаҳои ҷануби ҷумҳурӣ бо номҳои пучабанд, чура, шода, кужик ва дар ноҳияҳои шимоли Тоҷикистон бештар бо номи ҷамолак машҳуранд. Дар ноҳияҳои ҷануби Тоҷикистон ва водии Ҳисор ҷамолакро асосан аз риштаи пахтагин дуқатора тайёр карда, ҳар кадоми онро бо муҳра гарди хазинаю абрешими ранга оро медиҳанд. Дар Дарвоз маъмултарин гесў (мила)- и нўгаш пўпакдор кокули валашак мебошад.

Дарозии чунин гесў бо пўпакаш 65 – 80 см. аст. Дар деҳаҳои Курговад ва Пшихарви Дарвоз гесўҳо (миллаҳо)- и сунъӣ ғафс ва бо пўпакҳои нисбат ба ҷойҳои дигар 10 см бофта мешаванд. Дар Дарвозу дигар навоҳии Бадахшон духтарон ду гесўи ғафс гузошта, онро якҷо бо матои сурх мебофанд, ки маъмулан парчам ва ё печак ном дошт. Наварўсон мўи худро баъди шавҳар кардан дуқабата ё сеқабата ва пас аз соҳиби писар шудану хатнасур кардан ду гесўи чаппа ва баъди хонадор кардани фарзанд ду гесўи рост мебофтанд. Занҳои калонсол ва пирзанҳо, маъмулан мўяшонро ду гесў бофта, дар пушт бо бандак мебанданд.

Дар замонҳои пеш ҳамаи духтарону занону пирзанҳо гесў доштанд. Баъдтар, дар замони Шўравӣ, аксари духтарону ҷавонзанҳо (махсусан дар шаҳрҳо) аз баҳри Гесў, гузашта, мўяшонро ба тарзи аврупоӣ оро медодагӣ шуданд. Асосан занҳои калонсолу пирзанҳо (бештар дар деҳот) гесў доштанд. гесў- ҳои сунъӣ (қалбиқ) – ро ҳам назар ба гузашта хеле кўтоҳ мебофтанд. Гесўҳои дароз қариб аз байн рафтанд. Занҳо сабаби инро чунин шарҳ медоданд, ки гесўи  дароз ҳангоми кор дар саҳро ва дигар ҷойҳо гўё халал мерасонидааст. Ин ҳолат то ҷое боиси нигаронии равшанфикрону зиёиён ҳам шуд. Аз ҷумла шоир Б. Раҳимзода дар як шеъраш аз занҳо илтиҷо кардааст, ки ин суннати аҷдодиро фаромўш накунанд ва мўи худро набуранд:

                                       Илтиҷо дорам, ки мўятро набур,

                                        Кокулони мушкбўятро набур.

Вале дар баъзе ҳолатҳо боиси истиқбол ҳам буд:

Биё, эй духтари гесўбурида, интизорат ман,

Биё, эй чашми нилупарварида, интизорат ман.

Бо вуҷуди ин духтарону занони тоҷик гесўи дароз доштанро ҳамеша орзу мекарданд ва дар бисёр минтақаҳои кўҳистон занону духтарон гесўҳои дароз мебофтанд.

Мардуми ориёитабор гесўро рамзи паҳлавонӣ, яъне неруи зиндагӣ ва мардонагӣ мешумориданд. Аз ин рў, баъзан мардон ҳам гесў мегузоштанд. Гесўи мардон нишонаи баландмартабагӣ дониста мешуд:

Мустафоро дид, меомад чу моҳ,

Дар бар афканда ду гесўи сиёҳ.

                                                                     Аттор

Гесў дар ашъори шоирони форс- тоҷик низ бисёр васф шудааст:

Дўш дар ҳалқаи мо қиссаи гесўи ту буд,

То дили шаб сухан аз силсилаи мўи ту буд.

Ҳофиз

Чу бар маҳ кашам гесўи анбарин,

Ба гесў кашам моҳро бар замин.

Низомӣ

Солҳои охир барои эҳёи суннатҳои миллии мўйбофӣ, аз ҷумла гесўдорӣ, дар ҷумҳурӣ чораҷўиҳои таблиғотӣ анҷом дода мешаванд. Яке аз чунин тадбирҳо ташкили фестивали «Чакомаи гесў» аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи корҳои занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки суннатҳои қадимии ороиши мўи занони тоҷикро ташвиқу тарғиб менамояд.

Бозчоп аз “Энсиклопедияи милли тоҷик”. – Душанбе, 2011. – Ҷ.4. –  С. 325. Муаллиф: Шарипов Н.

Дар бораи гесӯ дар Китобхонаи миллӣ боз метавонед ин матолибро ҳам мутолиа намоед:

Мирзомурод. Зи гесуят биёяд бўи райҳон; Биншин даруни ҷони ман: Шеърҳо // Ҳақиқати Ленинобод. – 1987. – 19 декабр.

Ғаффор, С. “Чакомаи гесў”: Шеър // СССР. – 2010. – 11 ноябр.

Ҷашнвораи фарҳангӣ бо иштироки Сарвари давлат бо шукўҳ анҷом ёфт: Гузориш аз ҷамъбасти фестивали ҷумҳуриявии “Чакомаи Гесў” // Ҷумҳурият. – 2010. – 11 ноябр.

Рустам, С. “Чакомаи гесў”- ро дуруст муаррифӣ карданд?: Оиди ин озмун // Ҷавонони Тоҷикистон. – 2010. – 24 ноябр.

Участие Эмомали Рахмона в республиканское фестивале “Чакомаи гесў” // Народная газета. – 2010. – 10 ноября.

Асрориён, Ҷ. “Чакомаи гесў: Аз таърихи ороиш ва бофтани мўй // Ҷумҳурият. – 2018. – 31 июл.

Назаров, С. (Сайидо). В столице завершился городской тур “Чакомаи гесу” // Народная газета. – 2019. – 20 февраля.

Исмат, Ҳ. (Ҳангома). “Чакомаи гесу” – таблиғгари ҳунару оинҳои миллӣ: Доир ба фестивал – озмуни ҷумҳуриявӣ “Чакомаи гесў” // Хатлон. – 2019. – 21 феврал.

 Шуъбаи библиографияи миллӣ