Ғолиби ҷойи дуюм Шукронаи Зафар

Шукронаи-ЗафарДонишҷӯи соли дуюми факултаи кори ҳамширагии Муассисаи давлатии Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат Шукронаи Зафар соли аввал аст дар озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” иштирок карда, соҳиби  ҷойи дуюм миёни довталабон аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ гардид.

Бо Шукронаи Зафар баъд аз маросими ҷоизасупорӣ ҳамсуҳбат шудем. Ӯ бо эҳсоси баланди хушҳолӣ ва ифтихору худшиносӣ ба мо дар бораи омодагӣ ва иштирокаш дар Озмун нақл кард.

Шукрона мегӯяд, соли аввали баргузории озмун донишҷӯёни муассисаамон дар даври ниҳоӣ соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд ва ман бо ғолибияти онҳо хеле завқманд шуда, пеши худ ҳадаф гузоштам, ки соли оянда бо тайёрии ҷиддӣ дар ин Озмуни сатҳи баланд ширкат варзам.

Шукрона ба устодонаш, ки барои омодагии ӯ ба Озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” ёри расонданд ва ӯро дар тасмимаш дастгирӣ намуданд миннатдории самимона баён кард.

Бе роҳнамоии устодон ва кӯмаки онҳо ман шояд дуруст ва бодиққат китобҳоро мутолиа карда наметавонистам. Маҳз боварӣ ва дастгирии бевоситаи устодони Коллеҷ маро рӯҳбаланд ва умеди муввафақият медод”- бо ҳаяҷон нақл кард Шукрона.

Мазмуну муҳтавои баъзе аз асарҳои Пешвои миллатро фаҳмидан бароям душвор буд ва барои дарки онҳо 5-6 маротиба такрор ба такрор бояд онҳоро мутолеа мекардаам. Аз асарҳои хондаам  барояш бештар аз щама “Тоҷикон дар оинаи таърих” (Аз Ориён то Сомониён) писанд омад ва ман онро ба пуррагь мутолиа кардам. Гумон мекунам аз кулли китобҳое, ки то кунун хонда буд, ин ба ман дониши зиёд бахшиду пуртаъсир буд.

Ба ҷавонон тавсия медиҳам, ки асарҳои Пешвои миллатро мутолиа намуда, таърихи ватану миллати худро омӯзанд. Чи тавре ки Пешвои миллат дар китоби “Чеҳрахои мондагор” қайд намудаанд “Омӯзиши таърих танҳо барои гузашта нест, мо бояд таърихи худро хоҳ тира бошад хоҳ равшан омӯзем ва дурнамои ояндаи худро созем”.

Шукрона, мо ба шумо бурдбориву комёбиҳо хоҳонем ва умед мебандем, дар роҳи илму маърифат ба қуллаҳои баланд бирасед.

Ганҷина ҶОЛАЕВА,
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа