Ғолиби ҷойи дуввуми Озмуни “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат”  Парвиз Ахмедов.

Ӯ мегӯяд иштирок дар озмунҳо пеш аз ҳама як марҳилаи омӯзиш, худшиносӣ ва рушди зеҳнӣ мебошад. Ин гуна озмунҳо ҷавононро ба китобхонӣ, ватандустӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ҳидоят намуда, байни ҷавонон муҳити солими рақобат ба вуҷуд меоранд ва боиси болоравии савияи дониш ва фарҳанги онҳо мегарданд.”

****    ****   ****

Яке аз ғолибони дигари озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” Парвиз Ахмедов мебошад. Парвиз донишҷӯи курси сеюми факултаи ҳуқуқшиносии Академияи идоракунии давлати назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар даври ниҳоии озмуни “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” сазовори ҷойи дуввум  гардид. Ёдовар мешавем, ки озмуни “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” аз 23 юми сентябр то 27 уми сентябри соли 2025 дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт.

Ба гуфтаи Парвиз Ахмедов ӯ ба озмуни “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” бо ҳисси баланди масъулият ва муҳаббат ба китоб ворид шуда, пеш аз ҳама, кӯшиш кардааст, ки асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро на танҳо мутолиа, балки амиқ дарк намояд. Дар ин роҳ ӯро устодаш Раҷабов Тоҷиддин роҳнамоӣ намудааст, ки Парвиз аз устоди хеш бениҳоят сипосгузор аст. “Ғалабаи ман маҳз маҳсули меҳнати устод ва волидайнам мебошад. Раҷабов Тоҷиддин маро ба ин озмун ҳам рӯҳан ва ҳам фикран омода намуданд ва ман тавонистам, ки сазовори чунин ҷойи намоён гардам”, мегӯяд Ахмедов Парвиз.

Ғолиби озмун зиёда аз 25 асари Пешвои миллатро пурра хондаву дар баробари ин асарҳое, ки вобаста ба фаолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таълиф шуданд, низ мутолиа намудааст. Парвиз Ахмедов инчунин иброз медорад “аз гуфтору мулоқотҳои Пешвои миллат истифода бурда, нуқтаҳои муҳими ҳар як асарро ба худ қайд намудам”.

Аз миёни асарҳои Пешвои миллат, асари “Тоҷикон дар оинаи таърих: Аз Ориён то Сомониён” Парвизро бештар мутаассир кардааст. Ба ақидаи ӯ ин китоб на танҳо таърихи пурифтихори миллатро бозгӯ мекунад, балки ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихор аз гузаштагони бузургамонро дар дили ҳар як ҷавон бедор месозад.

“Ин асар маро водор кард, ки ба омӯзиши таърих ва фарҳанги миллиамон бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоям ва дар корҳои худ ҳамеша ба Ватан содиқ бошам” – гуфт ӯ.

Асари дигаре, ки ғолиби озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллар”-ро тасхир кардааст, “Чеҳраҳои мондагор” аст. Аз нуқтаи назари Парвиз Ахмедов ““Чеҳраҳои мондагор” гувоҳи он аст, ки миллати тоҷик дорои таърихи пурифтихор ва фарзандони боҳиммат мебошад”.

Дар идомаи мусоҳиба Парвиз Ахмедов барои гузаронидани чунин озмуни сатҳи баланд ба ташкилкунандагони озмун, алалхусус ба  МД “Китобхонаи милли”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдории худро баён намуд. Ӯ мегӯяд, ки ин гуна озмунҳо ҷавононро ба китобхонӣ, ватандустӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ҳидоят намуда, “байни ҷавонон муҳити солими рақобат ба вуҷуд меоранд ва боиси болоравии савияи дониш ва фарҳанги онҳо мегарданд.”

Дар фароварди суҳбат Парвиз Ахмедов ба ҳамсолону ҷавонони кишвар рӯ оварда гуфт, ки аз чунин озмунҳо канорагирӣ накунанд. Дар озмунҳо фаъолона ширкат варзанд, зеро ин гуна таҷрибаҳо барои рушду такомули шахсӣ ва касбӣ нақши муҳим мебозанд. Ӯ итминон дорад, “ҷавонон бояд дарк намоянд, ки иштирок дар озмунҳо пеш аз ҳама як марҳилаи омӯзиш, худшиносӣ ва рушди зеҳнӣ мебошад”.

Мо низ ба гуфтаҳои Парвиз Ахмедов ҳамроҳ шуда, ҷавононро ба Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хондани асарҳои бадеиву таърихӣ даъват менамоем, то ҷаҳонбинии худро васеъ намуда, зиракии сиёсиро дар худ тақвият диҳанд.

Махфират Муҳиддинова
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа