Ғуборӣ, Ғубории Ҳиравӣ…

КнигаҒуборӣ шоири тоҷики асри 16. Дар зодгоҳаш Астаробод таҳсил карда, улуми мутадовилаи замонро омўхтааст. Дар манбаъҳо чун шоири ғазалсаро ёд шудааст. Ғуборӣ хушнавис низ буд: хатти ғуборро хеле хуб менавишт. Тахаллусаш аз ҳамин ҳунараш аст. Дар мусиқӣ низ даст дошт. Аз девонаш иттилоъ нест. Абёти зер аз ўст:

Шаб, ки мерафтам ба паҳлуи саги он дилфурўз,
Хоб дар чашмам намеомад зи шодӣ то ба рўз.

****

Бехабар будам, задӣ санги ҷафо ногаҳ маро,
Аз барои дидани худ сохтӣ огаҳ маро.

Муаллиф  М. Диловаров 

Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2017. – Ҷ.5. – С. 122.

ҒУБОРИИ ҲИРАВӢ

Муҳаммадамин, шоири тоҷики асри 16. Мувофиқи маълумоти манбаъҳои адабӣ аз шоирону донишмандони машҳури замон будааст. Дар иншо моҳир буд, аз илми ҳайъат., «Маҷмаъу-л-хавос») сабт гардидаанд. Абёти зер аз ўст:

Чунон макун, ки дигар тарки оҳу нола кунам,

Чунон макун, ки туро бо Худо ҳавола кунам.

Руҳе, ки гашта чу коҳ аз хумори меҳнату дард,

Зи нашъаи майи ворастагӣ чу лола кунам.

Ба ним лаҳза, ки домони дигаре гирам,

Сазо ба домани рашки ҳазорсола кунам.

Дил хуш ба сари кўйи ҷунун омада буд,

Дар сабру субот зуфунун омада буд.

Ин уқдаи рашк агар намеомад пеш,

Аз уҳдаи ошиқӣ бурун омада буд.

Муаллиф М. Диловаров 

Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2017. – Ҷ.5. – С. 122.