Гуфтаҳо дар бораи Нафисахон Юнусова дар китоби «Омӯзгори асил ва олими эътирофшуда»
Дар ин китоб андешаҳо оид ба рӯзгор ва фаъолияти омӯзгориву илмии Нафисахон Муродовна Юнусова гирд оварда шудаанд ва мураттибон ҳамчунин дар охир аксҳои аҳли байт, устодону шогирдон ва намунаи осорашро ҳам ҷо додаанд.
Дар пешгуфтор омадааст, ки доктори илмҳои педагогӣ, профессор Нафисахон Муродовна Юнусова дар пешрафти илми педагогика ва махсусан психологияи амалии тоҷик заҳмат кашида, дар тарбияву таълими насли навраси Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳиссаи сазовор гузошта, барои онҳо низ асарҳои хонданбоб навиштаанд. Дар ин ҷо мо кӯшиш ба харҷ додаем, ки нисбати ин олими закӣ ва соҳибтаҷриба маълумоти хонданбоб пешиҳод намоем, то ки хонандагон, махсусан ҷавонони риштаи педагогика ва психология аз он дар пешрафти фаъолияти хеш истифода баранд ва барои баланд гардидани донишу шукуфои кишвари азизашон хидмат намоянд.
Имрӯзҳо дар Тоҷикистони соҳибистиқлол шогирдони Юнусова Н. М. баҳри шукуфоии кишвари хеш кӯшишҳо ба харҷ медиҳанд. Пирони барнодил мегӯянд, ки аз устоди хуб шогирди болаёқату соҳибмаърифат ба воя мерасад ва онҳо кори устодро идома медиҳаду ба Ватан ва падару модар хизмати назаррас ба анҷом мерасонанд ва сазовори обрую эҳтироми ҳамагон мегарданд. Дар натиҷа аз меҳнати арзандаи онҳо Тоҷикистони соҳибистиқлол рушд меёбад ва он ба қатори яке аз мамлакатҳои тараққикарда ворид гардида, зисту зиндагонии мардум низ боз ҳам хубтар мешавад.
Китоби мазкур ҳамчун муаррифкунандаи ҷабҳаҳои рӯзгору фаъолияти илмии Нафисахон Муродовна Юнусова ба ҳисоб рафта, дар он андешаҳои академикону докторон ва шогирдону дӯстон гирд оварда шудаанд, ки дар натиҷа хонандаи китоб дар кори минбаъдаи худ низ таҷриба аз он андӯзад. Кору фаъолияти мавсуф дар муассисаҳои олии касбии кишвар – Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хеле назаррас мебошад.
Гуфтанист, ки китоби мазкур соли 2025 дар шаҳри Душанбе дар ҳаҷми 130 саҳифа чоп шудааст. Онро мутахассиси Китобхонаи миллӣ Ҷӯрабой Раҷабов тартиб додааст.
Доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода муҳаррири китоб ва профессор Шоҳзамон Раҳмонов муқарризи он мебошанд.
Хонандагон имкон идоранд бо ин китоб дар Китобхонаи миллӣ ошно шаванд.
Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.