Гуфтор дар бораи Ҳайрат
Нома аз Фейсбук
Ассалому алайкум, азизон, ходимони Китобхонаи миллии Тоҷикистон. Ман докторанти институти Таърихи Академии илмҳои Ӯзбекистон ҳастам. Барои пайдо кардани шакли электронии китоби Ҳайрат аз шумо кумак мехоҳам. Хоҳишмандам ба ман барои дарёфти он ёрӣ расонед.
Бо эҳтиром Исмат Наимов.
Нома ё дархости корбар аз тариқи саҳифаи Китобхонаи миллӣ дар Фейсбук моро водор кард, ки муруре ба зиндагиномаву осори шоири маъруф Ҳайрат дошта бошем. Матлабе, ки дар зер меояд, пораест аз навиштаи донишманди варзида Расул Ҳодизода. Мо як пораро иқтибос мекунем ва чун гузинаи электронии китобро дар зер меорем, хонандаи муҳтарам худ метавонад пурра бо Ҳайрат ва эҷодиёти ӯ ошно мешавад. Инак он иқтибос:
Вақте ки кас «Ёддоштҳо»-и Айниро мехонад, аз он суханҳои самимӣ ва пурҳарорате, ки устод дар ҳаққи дӯсти айёми ҷавонии худ – шоири пуристеъдод Ҳайрат гуфтааст, сар-сарӣ гузашта наметавонад. Симои дилрабои ӯ, ки бо қалами санъаткорона ба хонандагони имрӯза пешкаш шудааст, таъсири садоқат ва самимияти дӯстии шоистаи тақлиди ин ду ҷавон, сӯҳбатҳои адабӣ ва мушоираҳои дилчаспи онҳо, мазмунҳои баланд ва оҳангҳои шавқатгези шеърҳои ҷудогонаи Ҳайрат, ки устод ҳамчун зеби асари худ овардааст, зиндагии сахти пуралам ва муҳити тираи ҳаёти онвақта, ки сиҳҳати шоирро торафт хароб мекард, рӯҳи ӯро мешикаст – ҳамагӣ дар дили хонанда сахт нақш мебандад.
Садриддин Айнӣ на танҳо портрети адабии Ҳайратро тасвир намудааст, балки ба ин шахс ҳамчун намояндаи дабиёти тоҷики он давр баҳои баланд додааст. Ин фикри С.Айнӣ дар ҳаққи Ҳайрат, ҳамчун намояндаи баргузидаи адабиёти тоҷик якбора ба вуҷуд наомадааст. Ҳанӯз соли 1926 дар «Намунаи адабиёти тоҷик», ки гуфтан мумкин аст дар он давр ягона китоби таърихи адабиёти тоҷик буд, С.Айнӣ дар бораи мақоми адабии Ҳайрат чунин изҳори ақида карда буд:
«Ҳайрат аз шарикдарсони фақир аст. Аммо аз камоли истеъдод ва ишқи адабиёт дар хурдсолӣ ба мартабаи устодӣ расида буд. Фақир низ қавоиди арӯз ва баъзе нозукиҳои санъати адабияро аз ӯ омӯхта будам. Хайфо ки ин истеъдоди муҷассам дар айёми ҷавонӣ (дар бисту ҳафтсолагӣ) ҷаҳони фониро падруд намуд. Вагарна аз ин қудрати фавқулода хориқаҳо дар олами адаб ба вуҷуд меомад».
Бо мурури замон ақидаи устод дар бораи Ҳайрат ҳамчун яке аз барҷастатарин намояндагони адабиёти он давр қавитар гардид. Пас аз бисту панҷ соли нашр «Намунаи адабиёти тоҷик», С.Айнӣ, ки ба сифати устоди сухан ва сардафтари адабиёти советии тоҷик сазовори эътирофи умум гардид ва дар ин муддат ӯ тавонист тамоми воқеаҳои адабии ҳам замони гузашта ва ҳам замони худро ба хубӣ таҳлил ва ҷамъбаст намояд, дар «Ёддоштҳо»-и худ дар бораи Ҳайрат чунин навишта буд:
«Ман дар ҳамон мулоқоти аввалин ба қобилият ва маълумоти фавқулоддаи ӯ пай бурдам ва назар ба ақидаи худам, он касе, ки ман барои роҳбарии худ дар шеър аз байни шоирон ва шеършиносони калонсоли он замон меҷустам, ҳамин хурдсоли хурдҷусса буд. Ӯ бо ман ҳамсол ва ҳамдарс буд. Бо ҳамаи ин ман ӯро аз ҳамон рӯз сар карда, устоди худ қарор додам…»
Чуноне гуфтем, ин як порча аз сарсухани Расул Ҳодизода ба китоби “Ҳайрат. Ашъори мунтахаб” интихоб шуд, ки соли 1964 дар шаҳри Душанбе чоп шудааст.
Таҳияи Малика Абдуллоева
Дарёфти китоб: ҲАЙРАТ