Гулдўзиҳои осорхонаи миллӣ

Гулдўзиҳои осорхонаи миллӣМуассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи рисолати тахассусии худ, корҳои ҷамъоварии мероси ниёгонро мунтазам ба роҳ монда, тули мавҷудияти худ осори зиёди таърихӣ-фарҳангиро дар хазинаи худ гирдоварӣ намудааст. Дар ин самти фаъолияти корӣ, хусусан ҷамъоварӣ намудани намунаҳои гулдўзиҳои минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон афзалияти хоссаро касб кардааст. Зеро дар нақшу нигори гулдўзиҳои тоҷикӣ, ҳисси зебоипарастӣ, орзую афкор, ҷаҳонбинии мардуми мо таҷассум ёфтаанд.

Дар фонд ва экспозитсияи Осорхонаи миллӣ имрўз ба миқдори зиёда аз 800 адад гулдўзиҳо ҳифзу нигоҳдорӣ ва муаррифӣ карда мешаванд, ки онҳо дар давоми солҳои гуногун аз ҷониби кормандони муассиса ҳангоми баргузории экспедитсияҳои мардумшиносӣ, инчунин тавассути харидорӣ, қабули туҳфаҳо аз шахсиятҳои фарҳехтаи фарҳангӣ гирдоварӣ гаштаанд.

Сўзанӣ, рўйҷо, ҷойнамоз, болинпўш, зардевор, борпўш, бардеворӣ, пираҳан, пойҷома, чодари арўсӣ, оинахалта, миёнбанд, рўймол, рўймолча, тоқӣ, гавҳорапўш, чойхалта, камарбанд – намунаҳои олии офаридаҳои ҳунармандони тоҷик мебошанд, ки имрўз дар фонд ва экспозитсияи Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ карда мешаванд. Миёни ин осор, хусусан коллексияи сўзанӣ бою рангин мебошанд. Сўзанӣ яке аз намудҳои асосӣ ва махсуси гулдўзиҳои тоҷикӣ буда, исботи рушди ин ҳунар офаридаҳои чеварони шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан, Конибодом, Кўлоб, Панҷакент, Самарқанд, Бухоро, Шаҳритус, Бадахшон, Рашт, Ҳисор, Қаратоғ мебошанд, ки намунаҳои ҷамъоваришудаи онҳо ифтихори Осорхонаи миллӣ мебошанд. Ҳар як нақши гулдўзӣ номи хоссаи худро дорад: косагул, гули анор, барги маҷнунбед, бодом, лола, офтоб, моҳу ситора, думи товус, гули ошиқи печон, гули хайрӣ, гули печак ва ғ. Дар офаридаи гулдўзӣ асосан ду нафар: қаламкаш ва чевар нақши бориз доранд, ки яке нақшҳоро рўйи матоъ тасвир ва дигари онҳо тавассути риштаҳо медўзад. Аммо  баъзан ҳангоми дўхтани чодар ё сўзаниҳои калонҳаҷм гурўҳи калони чеварон дастаҷаъмона ба ин амал машғул мешаванд.

Боиси ёддошти махсус мебошад, ки ҳунармандони касбии тоҷик дар баъзе аз офаридаҳои худ, дар баробари нақшҳои ислимию ҳандасӣ, гулнақшу катибаҳо, ҳамзамон чеҳраҳои мутафаккирон ва шахсиятҳои таърихи ватанӣ ва ҷаҳониро гулдўзӣ намудаанд, ки ин чунин сабк хоси эҷодиёти яке аз намояндагони ин мактаби ҳунарӣ Зулфия Баҳриддинова буда, дар маҳсули эҷодии ин ҳунарманди чирадаст симоҳои Абдурраҳмони Ҷомӣ, Абуалӣ ибни Сино, Камолиддин Беҳзод ва олами миниётурнигории ў, Абулқосим Лоҳутӣ, Сталин, Н. Крупская, нишонҳо (гербҳо)-и 15 давлати Иттиҳоди Шуравӣ тасвир шудаанд.

Катиба як чузъи ороиши гулдўзӣ ба шумор рафта, он маъмулан ифшогари орзую омоли дўзанда ва ё фармоишгари гулдўзӣ мебошад. Дар гулдўзиҳои асрҳои ХIХ ва аввали асри ХХ-и ҳунармандони тоҷик катибаҳо бо хатти форсӣ ба назар мерасанд.

Таҳқиқи гулдўзиҳо ва нашр намудани маводи омўхташудаи ин  навъи ҳунар яке аз вазифаҳои муҳими самти кори илмӣ-таҳқиқотии осорхонаҳо ба шумор меравад. Дар  омўзиши навъҳои гуногуни гулдўзии тоҷикӣ олимони шинохта Бобринский А.А., Ершов Н.Н., Белинская Н.А., Сухарева О.А., Широкова З.А., Юнусова Н., Додхудоева Л.Н., Майтдинова Г. ва дигар пажӯҳишгарон саҳм гузоштаанд. Тибқи таҳқиқоти олимон дар гулдўзиҳо беш аз 700 намуди нақшу нигор муайян гашта, онҳоро ҳамчун нақшҳои ороишӣ ба се гурўҳ: ислимӣ, ҳандасӣ ва хаёлӣ ҷудо кардаанд.

Баҳри муаррифии шоистаи гулдўзиҳо, Осорхонаи миллӣ солҳои 2020-2021 намоишҳои махсуси ин навъи ҳунарро таҳти унвони “Гулдўзии тоҷикӣ  – нодираи тамаддуни ҷаҳонӣ” ва “Сад ранги чакан” баргузор намуд, ки дар он намунаҳои шоҳкориҳои чеварони бомаҳорат пешниҳоди тамошобинон гаштанд. Соли 2023 дар Осорхонаи миллӣ толори мардумшиносӣ ифтитоҳ гардид, ки дар он зиёда аз 143 адад гулдўзиҳо ба маърази тамошо гузошта шудаанд.

Боиси ифтихори мо тоҷикон мебошад, ки соли 2018 як навъи гулдўзии тоҷикӣ “Чакан” дар Феҳристи ёдгориҳои мероси умумиҷаҳонии ғайримоддии ЮНЕСКО ба қайд гирифта шуд.

Феҳристи мазкур муаррифгари коллексияи гулдўзиҳои Осорхонаи миллӣ буда, ҳадяи хубест барои сайёҳон, муҳақиқон, донишҷўён ва дигар ҳаводорони ҳунари амалӣ-ороишии мероси ниёгон.

Директори Осорхонаи миллӣ
Иброҳимзода Зафаршо Сафо

Манбаъ: “Гулдӯзиҳои Осорхонаи миллӣ”, Душанбе, 2024.

Ин китоб дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфт ва мутолаа мебошад.

Таҳияи Фирўза Таурова,
мутахассиси шуъбаи адабиёт
доир  ба  фарҳанг  ва  ҳунар.