Гулноз: Хобе дидам, ки Вақт дар мурдоб аст…

Дафтари нави ашъори Гулноз, ки «Коинот» унвон гирифтааст, фарогири  силсилаи офаридаҳои ҳунарие дар қолибҳои мухталифи суннатӣ ва нав мебошад, ки дар онҳо масоили маърифати Ватан ва оини ватандорӣ, фалсафаи зиндагӣ, ҳақиқати инсон, маънии будан дар ҷаҳони омадшуд, бархурди инсон бо мушкилот ва муаммоҳои рўзгор, шева ва роҳкорҳои муҳимми расидан ба ҳадафҳои бузурги инсонӣ шаҳру тафсир шудаанд.

Ба маҷмуа ҳамчунин ду достони ҷадид низ шомил гардида, ки маърифати бадеӣ ва дидгоҳҳои хоссаи муаллифро дар бораи шинохти фалсафаи фазову вақт, маргу зиндагӣ, баҳору хазони умри инсон ва матолибе мушобеҳ ба инҳоро дар худ таҷассум намудаанд.

 

ИНАК НАМУНАҲО АЗ КИТОБИ НАВ:

Пайкари ноустувори пиряхҳо об мегардад,

Об мегардад, дареғо, туъмаи офтоб мегардад.

Бешаҳо худсўзии худро раво донистаанду ях,

Аз ҳарорат ҳамчу хирси барфҳо нотоб мегардад.

Шоҳиди ҷомондаи торихро ҳоло гумоне ҳаст,

Кам-кам аз мавқеи худ лағжидаву шодоб мегардад.

Офтоб бишкаст бутҳои парастишкардаи маҳро,

Зиндагӣ мегиряду дунёи мо селоб мегардад.

Кунҷи уқёнусҳову пайкаристони  зимистоне,

Пора-пора дар тааммулгоҳи як гирдоб, мегардад.

Субҳ. Заврақҳои зебои сапеде дар муҳити меҳ,

Дур гашта аз назарҳо, мунтаҳо ноёб мегардад.

Зиндагониро мутаҳҳар мекунанд андешаҳои пок,

Соҳати дунё бароят қиблаву меҳроб мегардад.

Эй башар, роҳи наҷоти Обҳои тоза дар сулҳ аст…

Пайкари ноустувори пиряхҳо об мегардад.

 

БИЁ БАРОИ ГИРИСТАН БА ДЕҲ БАРГАРДЕМ

 (Марсия ба марги устод Абдулманнони Насруддин.)

Биё, барои гиристан ба деҳ баргардем,

Ки шаҳр ҷои гиристан намешавад, ҷоно.

Сукут нест дар ин ҷо, ки ашк ҷо гирад,

Ва пора-пора чакад ормони дунёро.

Куҷост мавҷ ба дарё, куҷо насими дигар?

Ҳама хамўштарини замона гардидем.

Кам аст ҳарфи муҳаббат, кам аст бовари мо,

Дар ин миёна ҳама магри дўстро дидем.

 

Шабу хамўшии гиройии чароғаки маҳ,

Садои пои таковар, ки бесавора расид.

Хаёли омадани нохудо, ки киштии ў

Канори баҳри хун аз оҳи мо дубора расид.

Тамоми оинаҳо аҳди хеш бишкаста,

Азизтар зи ту ин ҷо Худову борон аст.

Хуҷастатар зи ту Хуршед буду мемонад,

Таронатар зи ту овои поки виҷдон аст…

Ва баъди рафтани он орифи ягонатарин,

Ситоравор дил аз осмонҳо кандем.

Биё, ба омадани ў дигар макун бовар,

Биё, барои гиристан ба деҳ баргардем.

 

ДАР ХОНАИ ВАҚТ

Дар хонаи Вақт дериву пазмонист,

Аз сония то дақиқа фурсатбонист.

Ҳар гаҳ ки назар ба сўйи соат кардем,

Дар ҳолати хайрбод-дастафшонист.

 

Хобе дидам, ки Вақт дар мурдоб аст,

Мегуфт маро, ки қотилам Афтоб аст.

Бедор шудам ман аз садои дили худ,

Дар гўшаи хонае, ки Соат хоб аст.

Гўё паси дастгоҳи фурсатсозӣ,

К-аз шиша иборат асту лағжактозӣ.

Роҳест ниҳон, ки ноаён гум шудааст,

Тифлони дақиқаҳо ба вақти бозӣ.

Аз зинаи чапу рости фурсаткадаҳо,

Гаҳ Сония паст меравад гаҳ боло.

Андешида, ки кош дар зинаи шаст,

Унвони Дақиқа гирад аз ҷониби мо.

Дар мизи мудавваре рақамҳои замон,

Дар маърифати «ҳанўз» гум карда забон.

Бо чўби ишора бетанаффус мезад,

Соат ба сари хамўшҳои ҳамадон.

Дар ҳавлии Вақт чархи чӯбину сатил,

Ҳавзе, ки на зер дораду не хасу гил.

Аз оби сатилҳову ҷунбидани чарх,

Ин Сонияву Дақиқа гардад ҳосил.

Он чашми дақиқабор нашнохт маро,

Он тоабадинтизор нашнохт маро.

Фурусат буду рафт коғази айнакдор,

Он зиндагидарканор нашнохт маро.

Ин гӯшаи лаҳза пуртароват гашта,

Бо сониҳо паридан одат гашта.

Бояд ки бурун шавам зи гулхонаи вақт,

Афсӯси дақиқаҳои соатгашта.

 

Китоби Гулноз “Коинот” ҳоло Китобхонаи миллӣ қобили дарёфт ва мутолаа аст.

Таҳияи Рисолат Шералиева,
мутахасиси пешбари шуъбаи
хизматрасони ма шахсони имконияташон маҳдуд.