ГУЛРУХСОР: Умари Хайём фарзанди миллати башар – шаҳрванди сайёра

ГУЛРУХСОР: Умари Хайём фарзанди миллати башар – шаҳрванди сайёра

    Нӯҳу ним сада пеш, як баҳори гулафшон, дар як гӯшаи фирдавснамои Хуросони бузург, – Нишобур  суханваре арзи вуҷуд намуд, ки ба замонҳову  маконҳову миллатҳо тааллуқ дорад ва ҳангоми  ба забон овардани номаш миллату мазҳабу замону  макон аҳамият надорад. Ҳаким Умари Хайёми Нишобурӣ, ки бузургдошти ҷашни зодрӯзаш тантанаи фарҳангу адаби ҷаҳонист, фарзанди миллати башар, шаҳрванди сайёра аст.

Шоиреро ҳаммақомаш пайдо кардан муҳол аст, ки қарнҳо номаш вирди забонҳо, шеъраш қандили маҳфилҳо, худ ровии беминнати розу ниёзи ҳамагон бошад.

Хайём нӯҳу ним сада аст, ки на мегӯяду на мешунавад, аммо овояш аз дили қарнҳо ҳамоно ба гӯш мерасад ва дар гирди асрори осору рӯзгораш ҳангомаи ҷаҳонӣ барпост.

Ҳар фард новобаста ба замону макону миллату мазҳаб дар ойнаи эъҷози каломи ӯ дидании нодидае дораду шунидании ношунидае.

Гузашти вақт ҳусни таваҷҷӯҳи ҷаҳониёнро ба рубоиёти ҳакими Нишобурӣ кам на, бештар сохта, омӯзишу пажӯҳиши тозаи ин осори гаронбаҳоро пеш мегузорад.

Бо Умари Хайём бо лаҳчаи омиёна на, бо шеваи ҳакимона гуфтугӯ бояд кард.

Шарҳу эзоҳи қонунҳои табиат аз фаҳмишу дониши содаи инсонҳо хеле болотар истода, зиндагӣ гӯиё рӯи пойдевори таззод қарор гирифтааст.

Мушкил аст донист, ки чаро Офаридгор андалеби кӯчаки нозеборо чунин  лаҳни дилфиребу шево ато намуда, товуси беназир дар ҷамолу камоли ҷилваро чунин зиштпову зиштсадо офаридааст.

Кӣ метавонад гуфт, ки чаро Яздон зоғи зишту беҳунарро сесад сол умр бахшида, инсонро, ин нодиртарин мӯъҷизоти офаридаашро чунин кӯтаҳумру фонӣ халқ кардааст…

Пайгирии дарки нукта, хосса дар қиёси ашъору рӯзгори шоире монанди Умари Хайём аҷибу омӯзанда аст.

Хайём як дарахт аст, – як дарахти бузург.

Як дарахт, – як боғ!

Боғе, ки замини шоирзову шоирпарвари Эрон дар синаи сабзи фазли худ парвардааст.

Чашмандози мо аз дидаи замонҳо ба ашъори Хайём, чашмандозест ба гузаштаи дуру пурнури  миллат, ки шукӯҳу фару фоҷиаву мартабааш дар  чакомаҳои ҷовидонаи ин суханвари беҳамто нақши фозилонаву шоиронаву ҷовидона ёфтаанд.

Аз равзанаи қарнҳо ба дари бастаи махзани рози фалсафаи ҳакимона ворисона назар кардан ҳавасе ё хоҳиши содае набуда, иштиёқи шинохтану дарёфтани ганҷурест бо номи сухан, ки аз эъҷози истеъдоди худодод сарчашма дорад.

Як хатти нур наздик шудан ба ин чашмаи ноб, шояд боис шавад, ки истеъдодро ҳамчун атои Яздон, балки ҳачмун сарнавишти азалӣ, ки бо зӯриву зориву зар наметавон соҳиб шуд, бишиносему ҷоҳу мақомашро бисипосем.

Милюнҳо меоянду мераванд, Хайём омад, ки бимонад, ҳарчанд ба фармудаи худи шоир на омаданаш ба ихтиёраш буд, на рафтанаш, на монданаш…

Хамин омадану рафтани бидуни ихтиёр ба дасти шоир хомаи ифшоргар ин розро додаст ва соҳиби  ин қалами аламнигор, бо худу ҳамагон гапи кирои гуфтан дорад.

Дар ин гуфтану шунидани яктарафа шоир гоҳе соили раҳгумзадаеро мемонад, ки  баъди оворагиву  сарсонии хастакунанда, бидуни ихтиёр аз дари нимроғи манзили ношиносе ворид гашта,  ҷои  паёму дуруд якбора ба мазаммату жакону суол мепардозад:

             Гар омаданам ба ман будӣ, н-омадаме,

            В-ар низ шудан ба ман будӣ, кай шудаме?

            Беҳ з-он набудӣ, ки андар ин дайри хароб,

            На омадаме, на будаме, на шудаме?…

   Ин мусофири суолдиҳанда интизори ҷавоб нашуда, сӯи дари бастаеву суоли  муҳолтаре  мешитобад, то ки чун мо, баъди моро низ аз паи худ, монанди худ, балки  бештар аз худ  сарсону саргардон созад.

Ишқи мо ба Хайём, аҷаб нест, дар ҳамин талхии ширини дарди сарсониву саргардониву оворагист, ки номи дигараш ҳастиву нестист.

Бо сипарӣ шудани нӯҳсаду  панҷоҳ сол низ Умари Хайём боз ҳам ба ҳар маънӣ оянда аст, на гузашта. Оянда аст, дар нурбофти сухан, дар ҳикмати мантиқу фалсафа, дар гуфтаҳои ногуфтаву ногуфтаҳои гуфта, аз таззоди ҷаҳоне, ки ба рағми ҳунару истеъдоди яздонатро паи озори аҳли хираду ҳунар будаву ҳасту хоҳад буд:

   Эй бас, ки  набошему ҷаҳон хоҳад буд,

Не ном зи мову не нишон хоҳад буд.

З-ин пеш набудему набуд ҳеҷ халал,

       З-ин пас чу набошем, ҳамон хоҳад буд…

   Аз китоби Гулрухсор “Шинохти рубоиёти Умари Хайём”. Ин китобро  Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ соли 2000 чоп карда буд.

Таҳияи Малика АБДУЛЛОЕВА мутахассиси шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ.