Гурба, хурўс ва доси тез

Марде се писар дошт: калонӣ Мартин, миёна Матей ва хурдӣ  Михал.  Писарҳо калон шуданд, ба воя расиданд, аммо пирамард якбора касал шуд, умраш ба охир расида буд. Ў писаронашро ба назди худ хонда, гуфт:

– Фарзандонам, ман моли дунё ҷамъ накардаам. Ба шумо ҳамин ҳавлӣ, гурба, як хурўс ва доси тезе аз ман мерос. Ҳамаатон дар ҳавлии падар бамуросо зиндагӣ кунед ва ин чизҳоро аз рўйи инсоф тақсим карда гиред. Асло ҷанҷол накунед. Хушбахт шавед.

Мўсафед инро гуфту аз олам чашм пўшид. Писарон ба марги падар сўхтанд, аз рўйи урфу одат ўро ба хок супурданд ва мероси ночизро байни худ тақсим карданд. Мартин досро гирифт, чунки даравгари хуб буд, ба Матей хурўс расид, ба Михал – гурба.

– Бародарони азиз, – гуфт Мартин як рўз, – мо агар дар хона ду даст ба киси шинем, ҳа нагуфта, аз гушнагӣ мемурем. Ман досро гирифта, баромада меравам, шумо ин ҷо ба ягон кор машғул шавед.

Бародарон якдигарро дўст медоштанд ва ба гапи ҳамдигар медаромаданд. Бинобар ин, ба таклифи бародари калонӣ не нагуфтанд.

Мартин досро гирифта, хайрухуш карду баромада рафт. Бисёр саргардон шуд, аммо коре наёфт.

Оқибат ба як мулки бегона расид ва дид, ки мардумаш ҳама гўлу гумроҳ будаанд. Мартин дар роҳи пойтаҳти он мамлакат ба шахсе вохўрд. Он шахс пурсид, ки чӣ бардошта гаштааст.

Дос, – ҷавоб дод Мартин.

– Досаш чӣ? Ин барои чӣ даркор аст?

      – Барои алафдаравӣ.

Алафдаравӣ? Чизи зўр-ку! Мо алафро дастӣ меканем, худат медонӣ – ин кори осон не. Ин асбобатро ба подшоҳи мо нишон намедиҳӣ? Вай досатро ба пули калон мехарад.

Нишон диҳам ҳам, мешавад! – розӣ шуд Мартин.

Марди ношинос ўро ба назди подшоҳ бурд. Подшоҳ досро дида, бисёр дар ҳайрат монд ва ҳамон дам амр кард, ки Мартин алафи подшоҳро даравад.

Мартин досро ба китф гирифта, қадам мезад, аз пасаш издиҳоми даҳанялаҳо мерафтанд.  Мартин нўги досро ба замин зад, ба хизматгор гуфт, ки нимирўзӣ барои ду кас хўрок биёрад, баъд ҳамаи даҳанялаҳоро пеш карду ба кор шуруъ намуд.

Нимирўзӣ хизматгорон хўрок мебиёранд ва нисфи алафро аллакай даравидааст-ку, – гўён ҳайрон мешаванд.

Ин досатон ҳам хўрок мехўрад? – мепурсанд хизматгорон, аз дос чашм наканда.

Ҳар кас меҳнат кунад, ҷояш – пешгаҳи дастурхон. Шумо ба коратон равед, моро танҳо гузоред.

Хизматгорон мераванд, Мартин хўроки ду касро паққос хўрда, дароз кашида, истироҳат мекунад.

Хўроки ду касро бисёретон гуфтагиам бад не, – худро таъриф мекунад ў, – агар хўроки яккасро меоварданд, шикамам сер намешуд.

Андаке дам гирифта, боз ба кор мечаспад, то ҳамаи алафро даравида шудан аз кор сар намебардорад. Баъд досро ба китф партофта, пеши подшоҳ меравад, ки музди корашро гирад.

Гўш кун, ошно, ин досат алафро худаш медаравад? – мепурсад подшох.

Худаш, подшоҳам, худаш? – ҷавоб медиҳад Мартини ҳилагар бо эҳтиром.

Досатро ба мо дода намеравӣ? Ман ба ту ҳазор тилло медиҳам.

Доси ман аз ин ҳам қимат! Хайр, майлаш, ба ҳазор тилло ба Шумо медиҳам! – гуфта Мартин досро аз китф бароварда медиҳад ва пулро гирифта, ба хонааш меравад.

Як сол мегузарад. Дар он кишвар боз алаф сабзида, баланд мешавад, вақти даравиданаш мерасад. Подшоҳ амр мекунад, ки досро ба ба сари алафзор баранд. Хизматгорон досро ба сари алафзор мебаранд, мардум аз пасашон, чӣ мешуда бошад, – гўён медаванд. Досро ба замин халонида, мардумро пароканда мекунанд ва худашон ҳам мераванд. Зеро хизматгорҳо медонистанд, ки даравгар вақти кор ба ў нигаристанро дўст намедорад.

Нимирўзӣ мардум ба сари алафзор омада, диданӣ мешаванд, ки дос чӣ қадар алаф даравидааст. Аммо дос аз ҷояш наҷунбида меистод. Одамон ҳайрон мешаванд. Ҳизматгорон ба пеши дос хўрок монда, назди подшоҳ тохта мераванд, ки арз кунанд.

Подшоҳ гаранг шуда, коҳиш мекунад:

     – Ба доси мо чӣ ҷин зада бошад? Вақте ки соҳибаш ҳамроҳаш кор мекард, нағз алаф медаравид. Чаро ҳозир намехоҳад?

Бегоҳ боз хизматгор омада, мегўяд, ки дос на ба алаф даст расонидааст, на ба хўрок.

Аз афташ, вай ягон сир дорад, – мегўяд подшоҳ сар хорида. – Вайро як бист калтаки обдор занед, агар нашавад, ба замин гўр кунед!

Дар сари алафзор ҳараке гузошта, ба рўяш досро мемонанд ва як марди ҳузарб онро бист калтаки обдор мезанад. Баъди ҳар як зарба дос хез зада, ба бинии онҳое, ки ба ҳар ош қайла мешаванд, мезанад.

Вай досро ҷоду карда рафтааст! – Мағал мекунанд мардум.

– Ба замин гўр кардан даркор!

Доср ба замин гўр мекунанд ва мардуми он кишвар, пештара барин, алафро ба даст кандан мегиранд.

Бародарон бошанд, хушу хурсандона зиндагӣ мекунанд ва падари раҳматиашонро, ки ба онҳо чунин мероси кори калон гузошта рафтааст, ба некӣ ёд мекунанд.

Рўзҳои серию пурӣ зуд гузашта рафтанд, пул ҳам қариб тамом шуд. Бародари миёна Матей рўзе гуфт:

– Акнун хурўсамро гирифта, ман ба пулёбӣ мебароям. Рафту доси Мартин барин, хурўср ҳам дар ягон ҷо қиматакак пул кунем.

– Раву лекин ба ягон мамлакати дур рав, ки мардумаш гўлу гумроҳ бошад. Дар  Чехистони мо пули бисёр ёфта наметавонӣ, – маслиҳат медиҳад Мартин.

Матей хурўсро гирифта ба роҳ мебарояд. Меравад, мераваду ба як шаҳри калон мерасад. Ногоҳ ба як одам рў ба рў мешавад.

Чӣ бардошта гаштай, ҷўра? – мепурсад ў.

Хурўс, – ҷавоб медиҳад Матей.

Мо хурўс гуфтанӣ чизро нашунидаем. Дар ҷойи мо ин хел паранда  нест. Ин ҷонварат чӣ даркор?

Хурўс шаб, ки шуд, рўзро ҷеғ мезанад, худаш ки хоб рафт, рўзро ҳам хоб меравонад.

     – Инту гў? Мо бечорагон ҳар бегоҳ рўзро ба паси ҳо ана вай кўҳ гусел мекунем, пагоҳ боз рафта пешвоз мегирем. Агар ин парандаат ба ҷойи рўзро пешвоз мегирифту гусел мекард, подшоҳи мо онро чанд ҳазор дода, мегирифт.

– Марҳамат, худатон бинеду қоил шавед, ки хурўсчаи ман ба ин кор чӣ хел усто, – мегўяд Матей ва ҳамроҳи он мард ба назди подшоҳ меравад.

Подшоҳи меҳрубон, – мегўяд он мард таъзимкунон, – ин одам як парандаи ҷеғӣ доштааст, рўзро ҷеғ мезадааст. Худаш хоб равад, рўзро ҳам хоб меравондааст.

– Парандаи бебаҳо будааст-ку! – шодӣ карда, чапак мезанад подшоҳ. – Ҳамин гапат рост?

Ҳа, подшоҳи меҳрубонам! – бо эҳтиром ҷавоб медиҳад Матей, – худатон ба ҷашматон мебинед!

Хурўсро ба катаки заррин ҷой мекунанд, хурўс бошад, аз манзили нав хурсанд шуда, зуд хоб меравад.

Рўз бегоҳ мешавад. Аз шодӣ чашми подшоҳ медурахшад ва рўзро бесаброна интизорӣ мекашад.

Ними шаб аҳли дарбор аз хоб хеста, берун мебароянд ва хурўс рўзро чӣ хел ҷеғ мезада бошад, – гўён гўш ба қимор меистанд.

Як соат мегузарад – хурўс дам. Ду соат мегузарад, ки якбора бо овози баланд «қу-қу-қу!» гўён ҷеғ мезанад. Ҳама тарсида, ба чор тараф пинҳон мешаванд. Баъди се соат хурўс боз ҷеғ мезанад. Сонӣ то дамидани субҳ ҷеғ задан мегирад.

Подшоҳ бовар кард, ки хурўс дар ҳақиқат рўзро ҷеғ мезадааст,  бинобар ин, амр, ки ба Матей аз хазина панҷ ҳазор тилло диҳанд ва аз таоми шоҳона шикамашро сер кунанд. Матей пулро гирифта, шикамро сер кард ва ба подшоҳ миннатдорӣ карду фурсатро аз даст надода, сўйи ватанаш равона шуд. Бародаронаш ўро хурсандона пешвоз гирифтанд ва зиндагониашон боз нағз шуд.

Онҳо боз калон-калон харҷ мекардагӣ, чизҳои бамаза мехўрдагӣ ва то чоштгоҳ хоб мерафтагӣ шудан. Баъди чанде пул тамом шуд, танҳо чанд танга монду халос. Сонӣ Михал гуфт:

Хўш, бародарҳо, акнун ман аз пайи ризқу рўзӣ меравам. Шояд, ману гурбачаам ҳам ягон чиз ёфта биёем.

Бародаронаш ба маслиҳат доданд, ки дуртар равад, ба ҷое равад, ки мардумаш ҳанўз гўлу гумроҳанд. Чунки дар мамлакати худашон акнун касеро фанд карда наметавонистанд!

Михал гурбаро ба халта андохта, аз хона баромада рафт.

Ў бисёр роҳ гашт, пошнаи кафшаш хўрда шу два оқиба ба мамлакате расид, ки мардумаш ба кадом як забони нофаҳмо гап мезаданд. Михал ҷавони зирак буд ва то ба пойтахти мамлакати бегона расиданаш забони одамони таҳҷоиро каму беш ёд гирифт. Дар назди дарвозаи шаҳр як одам аз ў пурсид, ки дар халта чӣ дорад?

Гурба, – гуфт дар ҷавоб Михал ва гурбачаашро бароварда нишон дод.

– Ўҳў – ҷонвари аҷоиб-ку! Чӣ кор карда метавонад?

Муш дошта метавонад. Дар хона чӣ қадар муш бошад, ҳамаашро нест мекунад.

– Мушгиракатро зудтар ба халта андоз, назди подшоҳ меравем! – гуфт одами ношинос. – Қасри подшоҳ пури муш, онҳо аз одам ҳам наметарсанд, рў-рўйи дастурхон бозӣ карда мегарданд. Подшоҳ  ваъда кардагӣ, ки ҳар кас ўро аз ин махлуқҳо халос кунад, мукофоти калон медиҳад!

– Аз ин кори осон нест, – ҷавоб дод Михал ва гурбаро ба халта андохта ба сўйи қасри подшоҳ шитобид.

Онҳо ба назди подшоҳ рафтанд ва ҳамон одам гуфт:

– Подшоҳи меҳрубонам, ин мусофир як ҷонвар дорад, мушҳоро медоштааст.

Агар ҳамин гап рост бошад, ба ман фурўш, чанд пуле, ки гўӣ, медиҳам!

– Канӣ, нишон диҳед, аълоҳазратам, мушҳо дар куҷо? Ҳозир гурбачаи ман онҳоро боб мекунад!

Михалро ба анбор бурданд. Дид, ки мушҳо таги пою рўйи по гаштаанд. Михал даҳони халтаро кушодан замон гурба зада баромада, ба мушҳо чунон дарафтод, ки титу ғозашон баромад!

Подшоҳ хурсанд шуд ва амр кард, ки ба Михал даҳ ҳазор тилло диҳанд. Михал аз шодӣ қад-қад парида, пулро ба қиса зад ва зуд роҳи хонаро пеш гирифт.

Ҳамин дам ба сари подшоҳ фикре омад: гурба ҳамаи мушҳоро дошта тамом кунад, сонӣ чӣ мехўрда бошад?

Касе ба ин саволи ў ҷавоб дода наметавонист. Подшоҳ амр кард, ки аспи аз ҳама тездавро зин зада, аз паси Михал раванд. Михал бошад, бехабар аз кори ҷаҳон, ба роҳи худ мерафт. Савора ба ба ў наздик расида, аз дур «ист»-гўён фарёд мекунад, то ки бозистад. Михал меистад. Савора меояд ва аз Михал ба ҳамон забони нофаҳмои хкд чизеро мепурсад. Михал намедонад, ки вай чӣ мегўяд. Бинобар ин, ба забони немисӣ пурсиданӣ мешавад ва фикр мекунад, ки шояд, ҳамин забон ба вай ҳам фаҳмо бошад.

– Чӣ? – мепурсад Михал. – Was?

Ин гапро шунида, ранги рўйи савора меканад ва зуд қафо мегардад.

Савора аз асп парида мефарояд ва дарақ-дарақ ларзида ба назди подшоҳ медавад.

Подшоҳи меҳрубонам, – аз дур фарёд мекунад ў, – ба ту хабари нохуш овардам. Баъд аз он ки гурба ҳамаи мушҳоро дошта мехўрад, навбат ба мо меомадааст!

– Ба ту кӣ гуфт? – пурсид подшҳ тарсида.

Ҳамон одами гурбаро фурўхтагӣ. Ман ўро дарёб карда, ин ҷонварат баъди ҳамаи мушҳоро дошта хўрдан чӣ мехўрад, – гуфта пурсидам. «Вас!» гуфт.

Подшоҳ зуд вазиру дабирҳояшро ҷеғ зада, маслиҳат кард. Муҳокимаю мунозираи бисёре кардан два ба ҳамин хулоса омаданд, ки гурбаро дар анбор қулф зада монанд ва ба таги дар посбон гузоранд, то ки гурба баромада нагурезад.

Сарлашкар фармон гирифт, и ба таги дари анбор чор посбони ҷасури сар то по мусаллаҳро гузорад.

Посбонҳои анбор паҳлавон бошанд ҳам, пояшон дир-дир меларзид.

Як шабонарўз посбонӣ мекунанд. Шаби дигар даруни анбор ҷим мешавад. Гурба ҳамаи мушҳоро дошта хўрда, ором мехобид. Аскаре, ки дар назди дарича посбонӣ мекард, кунҷковӣ карда, аз дарича ба дарун сар мехалад. Гурба дар назди дарича менишаст. Ришу телпаки серпашмро дида, метарсад ва тирезаро шикаста, мегурезад! Аскари дуюм доду бедодро шунида, давида меравад ва мебинад, ки ҷўрааш як ҷавони паҳлавон рўболо дарз кашида хобидааст. Аскар ба қафо нигоҳ накарда, рост ба тарафи қаср медавад:

Бало зад! Ба сарамон бало омад, подшоҳи меҳрубон! Вай махлуқи бадҳайбат аз анбор зада баромада, ҷўраи маро кушта партофтааст! Акнун ҳамаи моро ҳам мекушад! Бало омад! Бало!

Мардуми ин воқеаро шунида, дару даричаҳои худро қуфл мезананд! Ҳар кас – ба ҳар ҷо пинҳон мешавад, подшоҳ бошад, амр медиҳад, ки як даста ҷасурони яккачинро ҷамъ карда, либоси ҷагӣ пўшонанд ва бар зидди гурба фиристонанд.

Фармони подшоҳ фавран иҷро мегардад. Се шабонарўз гурбаро ҷустуҷӯ мекунанд, ному нишонашро ҳам ёфта наметавонанд. Бародарон бошанд, хушу хурсандона ва сарфакорона зиндагӣ карда мегарданд, чунки умедвории дигаре надоштанд.

Ва ҳар замон ҳилаю найранги худро ба хотир оварда, ба ҳоли нодонҳо механдиданд.

Манбаъ: Божена Немсова “Афсонаҳои заррин ва симин”. Душанбе, соли 2024.

Ин китоби хубро хонандагони хуби мо метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолаа кунанд.

Таҳияи Саломат Якубова, сармутахассиси шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд.