Гусел ба нафақа
Боз се нафар собиқадорони Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон субҳи имрӯз ба нафақа гусел шуданд. Салима Раҷабзода, муовини аввали Директори Китобхонаи миллӣ зимни суханронии худ дар ҳузури сарварони шуъбаҳо аз хидматҳои арзишманди ҳар кадоми онҳо гуфт. Вай иброз дошт, ки ин се тан соҳлҳо дар ҳар муассисае кор кардаанд, соҳиби обрӯ буданд. Аз ҷумла дар Китобхонаи миллӣ, ки бо заҳматҳову талошҳои худ дар рушди соҳаи китобдорӣ ва китобхона саҳм гузоштанд.
Салима Одинаева умре бо фарҳангу ҳунар будааст ва аз соли 1986, ки Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанберо хатм кард, дар ниҳодҳои зиёди ҳунарии кишвар кор кардаву ба унвони олии Ҳунарманди хизматнишондода ҳам расид. Танҳо ду соли охир дар Китобхонаи миллӣ кор кард ва ин ҷо имрӯз ба нафақа рафт.
Шаҳло Мукаиршоева зодаи шаҳри Хоруғ аст, хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ихтисоси филолог омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик.
Аз соли 2005 узви ҲХДТ. Оиладор ва соҳиби ду фарзанд.
Ӯ низ муддати ду соли охир корманди Китобхонаи миллӣ буд ва чун мутахассиси пешбар дар Маркази забони тоҷикӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ ифои вазифа мекард.
Облоқул Саломов зодаи деҳаи Марғеби ноҳияи Айнист. Хатмкардаи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон (ҳоло ДДОТ ба номи С.Айнӣ). Муддатҳо омӯзгори фанни математика дар мактаби зодгоҳаш будааст.
Аз соли 2013 дар Китобхонаи миллӣ кор мекард.
Наргис Назарзода