Гузаштагони Исмоили Сомонӣ. Сомонхудот кӣ буд?
Сомонхудот – сарҳалқа ва ҷадди бузурги ин дудмони шуҳратманд, аз ҷумлаи деҳқонони муътабару решадори Хуросон буд. Аъёну ақобири хилофоти шарқӣ ўро арҷманду гиромӣ медоштанд ва мўҷиби ин обрўву нуфуз амалҳои неку солеҳ ва гавҳари поки ин марди дурандеш будааст. Ахборе, ки роҷеъ ба рўзгори ин марди барўманд дар маъхазҳои қадим омадааст, чандон зиёд нест ва ин андак ҳам шомили ихтилофу тазодҳост. Ба хусус, тафовути боризе, ки дар миёни таърихномаҳои қарнҳои X–XI ва XII–XV мавҷуд аст, дарёфти чеҳраи аслии Сомонхудотро гирифтори душвориҳо месозад.
Одатан дар сарчашмаҳои таърихӣ исми мазкурро ба шакли «Сомонхудот» овардаанд. Вожаи «худот» ба маънои «молик», «соҳиб» ва ё «ҳоким» аз истилоҳи мутадовили кишвардорони Мовароуннаҳр дар даврони пеш аз ислом ва асрҳои VIII-IX маҳсуб мегардидааст. Чунонки Забеҳуллоҳи Сафо тавзеҳ додааст, калимаи «хутой» (худой) дар забони паҳлавӣ ба маънии «шоҳ» аст. Ин маънӣ дар давраи исломӣ низ чанд гоҳе роиҷ буд – мулуки Бухоро ва мулуки Гузгононро Бухорхудот ва Гузгононхудот, яъне Бухорошоҳ (шоҳи Бухоро) ва гузгононшоҳ (шоҳи Гузгонон) мехонданд». Дар «Таърихи Бухоро»-и Наршахӣ ҳам вожаи мазкур ба маънои шоҳи Бухоро истифода шудааст. Аммо дар таъйиди мавқеъи ҷуғрофӣ ва маъмурии Сомон таноқузи назарҳо ба чашм мерасад. Ба ақидаи бархе аз муаллифон Сомон каряе аз навоҳии Самарқанд ва зодгоҳи ниёи бузурги Сомониён аст. Чунончи, Минҳоҷи Сироҷ (асри XIII) ёдовар шудааст: «…ҷадди Сомониёнро Сомон ном буд. Бар қавли баъзе, ном чизе дигар буд, илло он ки Сомон ноҳияте аст аз навоҳии Суғди Самарқанд. Ва ҷадди эшон раиси он мавзеъ буд ва ўро Сомонхудоҳ хондандӣ. Барои ихтисорро ҳам бар исми Сомониён басанд карданд, то исм алами ў шуд». Ҳамдуллоҳи Муставфӣ (асри XIV) дар «Таърихи гузида»-и хеш мутазаккир шуда, ки «Сомон қаряи бузурге дар ҳудуди вилоёти Харақон аз навоҳии Ҳамадон буда», иддае дигар Сомонро мансуб ба навоҳии Балх ва Тирмиз донистаанд.
Дар ҳар сурат мусаллам аст, ки Сомон мулке бузургтар аз деҳе ё рустое буда, ки яке аз набераҳои Баҳроми Чубин бунёд ниҳодааст. Вагарна молики он наметавонист аз ҷониби ҳокими Хуросон-яке аз бузургтарин вилоёти қаламрави хилофот-ба ҳайси як шахсияти барҷастаи маҳаллӣ пазируфта шавад ва мавриди инояту ҳимояти ҳамешагии ў бошад. Ҳокими Хуросон дар ин аҳд, яъне аҳди хилофати Ҳишом ибни Абдулмалик (724-743) Асад ибни Абдуллоҳ ал Қасрӣ (ваф.738) ҷадди Оли Сомонро на фақат ба хотири сиёсати халифаҳои араб-такя ба хонадонҳои бонуфузи маҳаллӣ-арҷ мениҳод, балки дар симои ў марди хирадманду дурандешро медид, ки мўҳри наҷобат ва маликзодагӣ дар сиришт дошт.
Соҳиби «Таърихи Бухоро» ба таваҷҷўҳ ба ин матлаб, ки Асад ибни Абдуллоҳ ал- Қасрӣ «марде некўкор буду ҷавонмард ва дили ў бад он ҷониб нигарон, ки хонадонҳои бузурги қадимро темор кардӣ ва мардумони асилро некў доштӣ-ҳам аз Арабу ҳам аз Аҷам», қиссаи паноҳ ҷустани Сомонхудотро аз амири мазкур зикр намуда, афзудааст, ки Асад ибни Абдуллоҳ «варо (Сомонхудотро-С.А.) икроме карду ҳимоят кард ва душманони ўро қаҳр кард ва Балхро боз ба вайд од. Сомонхудот ба дасти вай имон овард».
Дар «Зайн-ул-ахбор» омадааст, ки «сабаби вилояти Сомониён он буд, ки Сомонхудот ибни Ҳомтон, ки ин ҳамаро бад-ў бозхонанд, ки муғ буд, дини зардуштӣ дошт…. Ва андар он вақт, ки Муҳаммад ал- Амин ба Бағдод халифа буд ва Маъмун ба Марв буд. Хуросон ба расми ў буд, ин Сомонхудот ба наздики Маъмун омад ва бар дасти ў мусалмон шуд». Ин ахбори муаллифи қарни XI, ки дар махазҳои дигар наёмадааст, мубаййини ин матлаб аст, ки ба ислом гаравидани Сомонхудот баъд аз касби эътибору манзалати ў дар хилофат ба вуқўъ пайвастааст. Зоҳиран дар ахбори Гардезӣ роҷеъ ба ислом овардани ҷадди Оли Сомон дар аҳди хилофати Муҳаммад ал- Амин ва аморати Маъмун дар Хуросон иштибоҳе рафтааст, зеро ағлаби таърихгузорон бар ин ақидаанд, ки Сомонхудот ба нишони эҳтиром ва сипосгузорӣ аз иноёти Асад ибни Абдуллоҳ писари худро Асад ном гузоштааст. Дар баъзе асарҳои бадеӣ ахбор ва қиссаҳои ғарибе аз рўзгори Сомонхудот нақл шудаанд, ки қобили эътимол нестанд ва дар маъхазҳои қадим низ зикре аз онҳо нарафтааст.///
Иқтибосе буд аз китоби Сайдулло Абдуллоев “Исмоили Сомонӣ”. Ин китоб соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд чоп шудааст ва хоҳишмандонро онро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолаа кунанд.
Таҳияи Ойҷонгул Давронова,
сармутахассиси шуъбаи тарғиб
ва барномаҳои фарҳангӣ.