Гузаштаву имрӯзи шуъбаи депозитарӣ

Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун объекти дорои арзиши махсус, мероси фарҳангии халқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, нигоҳдорандаи миллии ҳуҷҷатҳо ва бойгонии матбуоти миллӣ, маркази ҷумҳуриявии илмӣ – таҳқиқотӣ, илмӣ – иттилоотӣ ва фарҳангӣ ба ҳисоб рафта, пешбурди фаъолияти китобхонашиносӣ, библиографияшиносӣ ва китобшиносиро таъмин менамояд.

Яке аз шуъбаҳои Китобхона миллӣ депозитарӣ номида шудааст, ки дар он бештар асарҳои камистифодашаванда, нусхаҳои зиёдатии асарҳо ва асарҳои мазмунан куҳнашуда ҳифз мешаванд. Шуъбаи  депозитарии Китобхонаи миллии Тоҷикистон 1-уми январи соли 1977 дар собиқ Китобхонаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ ташкил шудааст. Соли 2012 Китобхона бо бинои нав таъмин гашта, шуъбаи депозитарӣ низ дар ин бино макони нав ёфт ва фаъолияти пурсамари худро баҳри қонеъ намудани фаъолияти хизматрасони ба истифодабарандагон  сафарбар гардонид.

Дар ин шуъба асарҳое нигаҳдорӣ мешаванд, ки аз  ибтидои асри XVIII то аввали асри ХХI нашр шудаанд. Бояд қайд кард, ки таркиби фонди шуъба аз маводи шакли чопӣ, китобу маҷаллаҳо ва варақаҳои изографӣ (мусаввараҳо) иборат аст. Аз ҷиҳати мазмун асарҳое мебошанд, ки камистифодаанд, вале қимати баланди илмӣ доранд, ба монанди натиҷаҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ (экспедитсияҳо), асарҳои олимони ҷаҳон, нашрияҳои маълумотдиҳанда (энсиклопедияҳо, луғатҳо, фарҳангҳо) ва ғайра, ки бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ, бо ҳуруфи лотинӣ ва кириллӣ нашр гардидаанд. Асарҳо дар фонди шуъба бо тартиби рақамӣ (рақами инвентарӣ) ҷобаҷо шудаанд. Китобҳое, ки дар Китобхонаи миллӣ аз рӯйи андоза ҷудо мешаванд, аз асарҳои калонҳаҷм ва асарҳои хурдҳаҷм иборат мебошанд. Онҳо ҳамчун асарҳои нодир ба шумор рафта, дар шуъбаи депозитарӣ ҳифз мешаванд.

Албатта, дар мавриди мақсаду муҳтавои фонди депозитарӣ ва ба ин тартиб таҳлили бахшҳои он ки иборат аз фонди ҳаҷман хурд (китобҳои миниатюрӣ), китобҳои ҳаҷман калон, фонди адибони ҷаҳон, китобҳои камистифода, китобҳои арзишнок, китобҳои ба хатти лотинӣ интишорёфта, фонди донишнома, луғатномаҳо, фонди матбуоти даврӣ ва ғайраро фаро мегирад. Хонандагони Китобхонаи миллӣ доир ба ганҷинаи бебаҳои шуъбаи депозитарӣ ва таърихи дирўзу имрўзи он метавонанд муфассал аз китоби интишоршудаи сардори шуъба Нусратуллозода Идигул таҳти унвони «Шуъбаи депозитарӣ ва махзани арзишманди он» баҳравард гарданд.

Бояд гуфт, ки шуъбаи депозитарии Китобхонаи миллӣ ҳамчун  даргоҳи  илму маърифат  хазинаи пурасрору сеҳрангезест, ки кас дар он ворид шуда, дар таъсири сеҳру афсуни китобҳои нодир боқӣ монда, то дер гоҳ аз он берун баромада наметавонад. Вай муқаддастарин хазинаи асрори сухан, ҷойгоҳе  мебошад, ки одамон барои ҷамъ овардани сарват ва ганҷҳои маънӣ мераванд.

Марҳамат ба шуъбаи депозитарии Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мо аз дидори шумоён хонандагони азиз шод ҳастем.

Ҳомидова Ҷамила – сармутахассиси шуъбаи депозитарӣ