Хатми боз як давраи омўзишии барномаи «ALEPH» дар Китобхонаи миллӣ
Як давраи омӯзишии 36-соата, ки рӯзи 10-уми январ дар Шуъбаи такмили ихтисоси Китобхонаи миллӣ оғоз шуда буд, имрӯз ба поён расид. Дар ин давраи омӯзишӣ, ки кормандони Китобхонаи миллӣ бо Барномаи «ALEPH» ошноӣ пайдо карданд, бист нафар ширкат доштанд.
Барномаи «ALEPH» баҳри сари вақт дарфёт кардани китоб барои хонанда пешбинӣ шуда аст, ки Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз соли 2012 бо он кор мекунад.
Ҳадафи омўзиши ин барнома истифода аз барномаҳои соҳаи китобдорӣ ва илмҳои технологӣ, бохабар будани кормандони китобхона, ҳамзамон ба муштариён дар сатҳи баланд ва ҷавобгў ба талаботҳои ҷаҳонӣ хизмат расондан аст.
Қарор аст бо барномаи мазкур, ки аз соли 2012 омўзиши он дар китобхона оғоз гардидааст, тамоми кормандони китобхона, аз мудирони шуъбаҳо то мутахассисон фаро гирифта шаванд. Барнома давоми сол ба кормандон омўзонда хоҳад шуд. Қисмати бештари он амалӣ буда, дар шуъбаҳои феҳристи электронӣ, феҳристнигорӣ ва бақайдгирӣ таълим дода мешавад.
«ОРАК» қисмати дуввуми барномаи «ALEPH» -ро низ кормандон аз худ намуданд.
Раҳима Азам, шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ.