Хидматҳои шоистаи олимони тоҷик дар соҳаи тиб. Бахши аввал
Дар авоили асрҳои миёна ва садри ҳукмронии тоҷикон (эрониён) тавонистанд, ки қабл аз аврупоиён эҳтироми бузургеро барои табиб поягузрӣ намоянд; ташкили бемористоҳоро асос гузорнад ва дар ҷаҳон интишор диҳанд; аввалин шуда дӯхтани пӯсти ҷарроҳшударо ба воситаи рӯдаи гӯсфанд амалӣ кунанд; навъҳои мухталифи бемории зарпарвинро муъайян созанд; дар ташхису табобати бемориҳои ҳалқу бинӣ ва чашму гӯш аз юнониён хеле пеш рафтанд; дар ташхис ва табобати варами пардаи мағз (менингит) дар ҷаҳон тавсифоти аввалинро доданд; барои тоза кардани пӯсти яра аввалин шуда моеъи ба спирти тиббии имрӯза монандро истифода карданд; шикастабандиро ба воситаи гаҷ ба миён оаварда, дар ҷаҳон интишор доданд; аввалин шуда ба баъзе аз сабабҳои бузургшавии ғадудҳои сахти бадан, ки дар тибби имрӯза бо номи Thyrotoxicos (тритоксикоз) маълум аст, пай бурданд; чӣ будани аллергияро муъайян карданд; ба воситаи як беморӣ бемории дигарро табобат карданро ба миён гузоштанд; истилоҳи “тибби рӯҳонӣ” (психотерапия)-ро аввалин шуда истифода бурданд ва муъолиҷотро дар ин самт оғоз ниҳоданд; ба ғайр аз сохтани доруҳои гиёҳӣ ба сохтан ва истифода кардани доруҳои кимёвӣ (махсусн сулфономидҳо, симоб, марги муш, оксиди мис, бикарбонату карбонатҳо, сурб, оҳак ва ғайра) роҳи аввалин кушоданд.
Чун шуҳрати тибби исломӣ, ки ҷавҳари он иборат аз донишмандони эронӣ буд, сол ба сол дар ҷаҳон мунташир мешуд, мардумони дигари олам, билхусус донишмандони аврупоӣ дар паи он шуданд, ки аз натиҷагириҳои азими уламои исломӣ ба манфаъати худ истифода кунанд. Маҳалли асосии огоҳии аврупоиён ба тибби исломӣ дар он рӯзгор он қисматҳои қитъаи Аврупо буд, ки дар он ҷо дини ислом ҳукмрон буд ва манотиқи мазкур асосан Испониё ва ҷазираи Ситсилиёи Итолиё маҳсуб мешуданд. Ва албатта, дар “бедор сохтан”-и қитъаи Аврупо аз илмҳои “дунявӣ”-и исломиён нақши бештарро Испониё бозид.
Дар шаҳри Толедои Испониё усқуфи он ҷо – Раймунд маҷмаъе ба номи “Анҷумани мутарҷимон” ташкил намуд ва дар он донишмандону алоқамандони адабиёти илмии исломиро ҷалб кард. Аз миён эшон мутарҷимони машҳуре зуҳур карданд, ки тавонистанд ба воситаи тарҷумаҳои худ олами Ғарбро аз навигариҳо ва кашфиётҳои азими илмии исломиён, билхусус ърониён огоҳ созанд, балки ҷалб намоянд, Дар аҳди Фридрих Борбо Руссо (Сурхриш), ки ӯ ба интишори тарҷумаи ин асарҳо мароқи зиёд дошт, кори тарҷума хеле авҷ гирифт. Мутарҷими бузурги испонӣ Жерарди Кремонӣ (1114-1187) дар байни солҳои 1170 то 1187 аввалин шуда китоби “Қонун”-и Ибни Синоро лотинӣ кард, ҳамчунони дигар тарҷумаи лотинии китоби бузургҳаҷми “Тибби Мансурӣ”-и Закариёи Розӣ, ки мутаъаллиқ ба қалами ӯст, олами ғарбро тасхир кард.Ғарбиён, ки то ин дам аз тибби сода истифода мекарданд, акнун ба тибб ҳамчун ба як илм мукаммал рӯ ба рӯ омаданд.
Дар Итолиё, билхусус дар Ситсилия низ рағбат ба тарҷумаи чунин асарҳо рӯз то рӯз зиёд мешуд. Дар замони ҳукмронии Фридрихи II бисёр уламои “аҳли бидъат”, ки папаи Рим онҳоро чунин эълом медошт, ба Ситсилия ба назди ин ҳукмрон панох меоварданд ва ӯ эшонро гиромӣ медошт ва бештар ба кори тарҷумаи осори илмии “арабӣ” ҷалб менамуд. Дар миёни тарҷумонҳои ин кишвар бештар Майкл Скотт (1158-1234) ном донишманде маъруф буд, ки ӯ якҷоя бо яҳудие бо номи Андрей китобҳои Ибни Синоро ба лотинӣ таҷума кард. Хуллас ин ибтидои аз шарқи исломӣ оғоз мекард ва чунон менамуд, ки гӯӣ нури маърифати “дунявӣ” аз Шарқ ба Ғарб интиқол мекард.
Барои итминони хонандаи арҷманд якчанд тан аз донишмандони маъруфи тибб ва корҳои илмӣ ва кашфиётҳои муҳимми ононро дар камоли ихтисор баён месозем. Аввали онон дар замони ислом хонадони Бахтишуъиён аст, ки дар имтидоди бештар аз 200 сол сарварии табибони олами исломро дар Ҷунди Шопур бар уҳда доштаанд ва аз таъсисдиҳандагони бемористонҳои бузурги давлатӣ маҳсуб мешаванд.
– Абӯзакариё Яҳё ибни Мосӯя (ваф857). Табиб ва донишманди машҳур. Замоне раисии Байтулҳикмаи Бағдодро бар уҳда дошт. Машғулияти асосии ӯ тарҷумаи кутуби тиббӣ ва таълими ин фан фанн буд. Падар ва бародараш низ табибони маъруф будаанд. Навиштаанд: “Ибни Мосӯя дар канори Даҷла маконе барои тпшреҳи бӯзинагон фароҳам сохта буд”. Яъне ҳанӯз дар ҳамон замон будааст, ки дар ҳайвонот таҷриба мекардаанд, махсусн дар маймун, ки ба олами одамӣ наздиктар аз дигар ҳайвонҳост.
– Сабур ибни Саҳли Гундишопурӣ (ваф 869) асосгузори навиштори илмии хосиятҳои давоҳои муфрада ва мураккаба аст ва замоне ҳам раисии табибони Гундишопуро бар уҳда доштааст. Бародараш Шопур ибни Саҳл низ аз табибони маъруфи замон будааст.
– Абӯлҳасан Алӣ ибни Саҳл Рабани Табарӣ (ваф 807). Аз аввалин табибони бузурги олами ислом дониста шудааст. Дар миёни чаҳор табиби бузурги олами ислом (ӯ, Закариёи Розӣ, Алӣ Маҷусӣ ва Ибни Сино) вай аввалин аст. Бо дасти Мутаваккили халифа ислом овард. Ӯро муъаллими Закариёи Розӣ гуфтаанд. “Фирдавсу-л ҳикма”-и ӯ (850) натанҳо асари тиббӣ балки шомили матолиби фалсафӣ, коинотӣ, ҳайвоншиносӣ, рӯъёшиносӣ, равоншиносӣ ва гуҷумист. Дар китоби дуввумаш бартарӣ ва ҳаққонияти исломро ба дини насронӣ тафзил дода ва онро исбот кардааст. ;
– Саҳорбахт ибни Исо яке аз аввали табибони дорушиноси соҳибкитоби қарни нуҳум аст. Китобаш маъруф ба “Китобу қувоу-л-адвийату-л-муфрада”
– Муҳаммад ибни Закариё ибни Яҳёи Розӣ (865-925). Дуввумин табиби маъруфи асримиёнагӣ ва аз ҷумлаи бузургтарин донишмандони олам аст.Агарчи ӯ эронист, вале чун таълифоти илмиаш саросар ба забони арабӣ сурат гирифтааст, маъруф ба “Ҷолинуси араб” гаштааст. Бузургтарин табиби асримиёнагист, ки дар ин илм ӯро дар радифи Ибни Сино ва ҳатто бартар аз ӯ ҳам донистаанд. Дӯхтани ҷароҳатро бо зеҳ (аз рӯдаи ҳайвонот) ва бастанро бо пахта аввалин бор ӯ ҷорӣ кард; ҷароҳии саратон (рак)-ро аввалин бор ӯ ба роҳ монд; нахустин бор гул буриданро кашф ва ҷорӣ намуд; доираи санҷишҳои тиббиро дар ҷисми ҳайвонот хеле инкишоф дод; дар тибби ҷаҳонӣ аввалин маротиба ба воситаи симоб гушудани печидагиҳои рӯдаро бо муваффақият анҷом дод; дар соҳаҳои мухталифи ҷарроҳӣ ихтироъоти зиёд кардааст. Муддате дар хидмати Сомониён, ки он вақт идораи Райро низ дар ихтиёр доштанд, будааст.
Китобҳое, ки илми тибб навиштааст, дар олами ислом то ба ҳол беназиранд, аз қабили “Ат-тиббу-р-рӯҳонӣ”, ”Ат-тиббу-л-мулуки”, “Ат-тиббу-л-фуқаро”, “Китобу-л-ҳовӣ” (ё “ал-ҷомеъу-л-кабир” дар 30 ҷилд (дар тибб), ки шуҳрати бештари Розӣ аз ин китоб аст), “Китотобу-т-тибби-л-Мансурӣ” (дар 10ҷилд), “Ал-қавл фӣ-л- ҳайюло”, “Мин лояҳзараҳу-т-табиб”, “Ал-фохир фӣ-т-тибб”, “Дафъи мазоррул-ағзия”, “Ал-фусул фӣ-т-тибби” (маъруф ба “Муршиди Закариёи Розӣ”).
Тарҷумаи осори ӯ ва бад-ин восита шинос шудани олами Ғарб ба тибби илмӣ ба он оварда расонид, ки ин илм ба мағрибзамин роҳ ёфт ва устувор шуд, яъне таълифоти ӯ яке аз аркони тибби ҷаҳонӣ шуд. Китоби “Ал-ҳовӣ”-и ӯро дар имтидоди асрҳои шонздаҳ то нуздаҳ танҳо ба забони англисӣ бештар аз 40 маротиба дар Аврупо табъу нашр карданд. Дар хусуси китоби мазбур донишманди аврупоӣ Алгувуд навиштааст, ки “ Ин китоб нақши бисёр муҳимме дар пешрафти илми пизишкӣ да ҷаҳон доштааст, то ҷое, ки шояд “Қонун”-и Ибни Синоро низ натавон бо он муқояса кард. Ба илова, ин асар нишон хоҳад дод, ки эрониҳо то ҷӣ мизон дар пешрафти илми пизишкӣ дар ҷаҳон муассир будаанд ва дунё то чӣ ҳадд мадюн(қарздор)-и эшон мебошад”.
(Идома дорад)
Ибни Қурбон: “Дар дуроҳаи фано ва эҳёи миллати қадим”. Душанбе, соли 2007.
Хонандагони муҳтарам метавонанд ин китобро дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.