Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ: «…сесад ҳазор ҳадис… маро ба зикр буд»

Хоҷа Абдуллоҳи АнсорӣНоми пурааш Абуисмоил Абдуллоҳ ибни Абумансур Муҳаммад буда, шоир ва нависандаи форсу тоҷик аст ва бо лақабҳои «Пири Ансорӣ», «Пири Ҳиравӣ», «Пири Ҳирот» шўҳрат дорад.

Абдулоҳи Ансорӣ намояндаи адабиёти ирфонӣ буда, 2- юми шаъбони соли 396 (майи 1006) дар Ҳирот дар оилаи дўкондор таваллуд шудааст. Дар чорсолагӣ ба мактаб рафта илмҳои фиқҳ, тафсир, ҳадис ва адабро дар мадрасаҳои Ҳирот ва Нишопур омўхтааст. Зеҳн ва ҳофизаи мустаҳкам доштааст. Чунончи, худ навишта:

« Маро ҳафтод ҳазор байт аз ашъори араб ёд буд ва сад ҳазор низ форсӣ метавон гуфт, аз ашъори мутақаддимин ва мутааххирин, ки ҳар як дурре буд носуфта…»

Вай ба шогирдии олими машҳур – Шайх Абдулҳасани Харақонӣ (фавташ соли 425/1033 ) дохил шуда, ба тасаввуф майл намуда, дар рўҳияи ин таълимот ба забонҳои форсӣ ва арабӣ асарҳо навиштааст.

Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои адабӣ шумораи асарҳои ў ба 15 номгўй мерасанд. То ба давраи мо як қисм асарҳои ў расидааст. Рисолаҳои тасаввуфии «Манозил-ус-соирин» (дар авали соли 480) «Канз-ус-соликин», асари рамзу тамсилии «Анис-ул-муриддин ва шамс-ул-маҷолис». Асарҳои на он қадар калонҳаҷми дидактикии «Насиҳатномаи вазир», рисолаи «Туҳфат-ул-мулук»  («Тўҳфат-ул-вузаро»), «Муноҷотнома», «Илоҳинома, «Мақомот», «Суханҳои Абдуллоҳи Ансорӣ». Рисола «Дар баёни дарвешӣ», «Анвор-ут-таҳқиқ» ва рисолаи «Сад майдон» (446/1054-55) барои шогирдон ба қалами ў тааллуқ дорад.

Дар асарҳои ў танқиди беадолатиҳои замон, зулму золимии давр ва арбобони замонаш, дар мазаммати ахлоқи замима (зишт) ва сўфиёну рўҳониёни риёкор, дар тарғиби адолат, ақлоқи ҳамида, ҷавонмардию накўкорӣ ва дўстӣ зоҳир мешавад. Инсондўстӣ аз ҷумлаи ҳамин ҷиҳатҳои солими ақидаҳои ўст. Насри мусаҷҷаъ, ки баътар дар адабиёти форсу тоҷик идома ёфтааст, аз таълифоти Ансорӣ оғоз шудааст.

Абдуллоҳи Ансорӣ 14 муҳаррами 481 (6 июли 1088) дар Ҳирот вафот мекунад ва ўро дар он ҷо дафн менамоянд.

То имрўз матни интиқодии асарҳои ў вуҷуд надорад, ҳашт асари хурдҳаҷми ў: «Илоҳинома», «Канз-ус-солимин», «Воридот», «Қаландарнома», «Ҳафт ҳисор», «Муҳаббатнома», «Мақулот», «Дилу ҷон» дар як куллиёт аз тарафи Султон Ҳусайни Гунободӣ ва Воҳиди Дастгардӣ дар соли 1319 (1940) дар Теҳрон ба табъ расидааст.

***

Рисолаи дидактикии ин донишманд бо номҳои «Тўҳфат-ул-мулук» ҳашт, «Тўҳфат-ул-вузаро” чор, “Чиҳил боб” панҷ маротиба чоп шуда ва “Туҳфат-ул-салотин” бо чопи сангӣ машҳур аст.

Рисолаи “Туҳфат-улмулук» ҳаҷман хурд бошад ҳам, дар мавзўи ахлоқи писандида ва тарзи давлатдорию бақои он, барои шоҳон ва доираи васеи хонандагони давру замон бо забони дарӣ-тоҷикӣ таълиф ёфта, хусусияти тарбиявӣ дошта, соҳибназаронро ба сўи покӣ ҳидоят менамояд.

Санаи таълифаш номаълум буда, бо дебочаи хурдакаке оғоз меёбад.

МАНБАЪ: “Кимиёи хирад”, аз силсилакитобҳои “Китобхонаи мактаб”. Чопи нашриёти “Маориф”, соли 1991 ва “Маорф ва фарҳанг” соли 2009.

Ин китобро хонандагон метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолаа кунанд.

Дилафрузи Ҳабибулло,
мутахассиси шуъбаи абонементи
байникитобхонавӣ ва таҳвили
ҳуҷҷатҳои электронӣ.