Хоки Ватан аз тахти Сулаймон хуштар
Ин китоб соли 2015 нашр шудаву чанд нусхаи он ба Китобхонаи миллӣ низ супурда шудааст, ки хонандагон метавонанд истифода кунанд. Китоб як пажӯҳишест аз шахсият, осор ва таҳқиқотҳои доктори илмҳои филологӣ, профессор Раҳими Мусулмониён, ки имрӯз миёни мо нест. Устод Мусулмониён бидуни шак як чеҳраи тобноки илм буд, ки бо осори пурарзишаш ва таҳқиқотупажӯҳишҳои муҳими илмиаш номи худро то ба адаб зинда кардааст.
Муаллифи китоб донишманди тоҷик Шоҳзамони Раҳмон дар сарсуханаш менависад:
Мо дар ин рисола дар бораи устоди фарзонаи миллат Раҳими Мусулмониёни Қубодиёнӣ, ки яке аз адабиётшиносони барҷаста, сиёсатмадор, назариётдони моҳири тоҷик буда, 18 соли умрашро дар ҳиҷрат, дар Эрон гузаронда ва ҳамеша дар фаъолият будааст, сухан меронем.
Ба камина чанде аз дўстон супориш дода буданд, ки ба муносибати 70- солагии устод Раҳими Мусулмониёни Қубодиёнӣ ва ба шарафи аз Эрон баргаштани ў як китобча таҳия намоям, ки симои илмию фаъолияти педагогӣ ва зиндагонии дар мусофират гузаронидаашро то андозае нишон дода тавонад. Яке коре ҳам шавад, ки ба ин восита дарду ранҷ ва ғубори дили устод, ки 18 сол дур аз Ватан, дар Эрон дар ҳиҷрат зиста, азобу машаққати зиёд дидааст, бартараф шавад. Дар хонаи дўстон гаштак ташкил карда, аз дидаву шунида ва мулоҳизаҳояш мешунидем. Лекин дар он замони нав аз Эрон омадан ҳанўз ғасби маризи хотира вуҷуд надошт, баъзе осораш – ба монанди ботаҳаммул сухан гуфтан, аз чизе кам – кам ҳарос доштан, зуд ба ёд наовардан аҳён-аҳён мушоҳида мешуданд. Аммо ҳеҷ ба хотир намерасид, ки як рўзе устод ба ин маризи гўшношунид пурра мубтало мегардад.
Дар он ҳангом гурўҳи шўъбаи адабиёти тоҷик пурра ба навиштани «Донишномаи Рўдакӣ» сафарбар шуда будем, ҳеч имкон надоштем, ки дар муддати кўтоҳ чунин як китобча навишта шавад. Баъди ба анҷом расидани кори Донишнома, ки чанд сол давом кард, кам – кам аз осори устод Раҳимҷон мавод ёфта, ба омўхтани фаъолияту эҷодиёти ў машғул шудам ва акнун ин китобча тайёр шудааст. Вале ҳамаи маводи илмию бадеӣ ва публисистии устодро дар даст надоштам. Бо ў дар бораи баъзе масъалаҳо сўҳбат намуда, равшан кардани бисёр ҷузъиёти зиндагӣ ва осораш, мутаассифона, бо сабаби заъфи хотира муяссар нагардид. Дар таълифи ин асар ҳар чӣ дар даст доштем, ба кор бурдам, бисёр мавод дастрас нашуд, агар кўҳтаҳие дар ҷойе расидааст, узр мехоҳам. Андеша аз хусуси фаъолияту эҷодиёти устод Раҳими Мусулмониёни Қубодиёнӣ ҳанўз давом дорад.
Камина дар ин асар кўшиш кардам, ҳар чӣ, ки устод гуфта, аз он берун наравам, дар асоси мулоҳиза ва факту санадҳои ў андешам, хидматҳои бесобиқаашро қадр кунам ва пазиро шавам.
Ӯ халқу миллати худро дўст дошта, ба фарзандони дигар миллатҳо бародарвор муносибат мекард, вале ба ҳукумати импиротурии коммунистӣ ва сиёсати бедодгаронаи турку муғул бо нафрат мегирист, зеро азобу уқубатҳои зиёд ба ин мардум бор карда, онҳоро дар тўли дарознои таърих дар хонаашон ғарибу ранҷур нигоҳ медоштанд. Паҳлўҳои гуногуни фаъолияти устод, қайду хотира ва ёддоштҳо низ ба эътибор гирифта шуд. Чанд тақриз ҳам, ки дар солҳои гуногун навишта шуда буданд, ҷойгир шуданд.
Таҳияи Шарофат Мирзоева