Хонаи охиратат обод бошад, Маҳмадшариф Мӯсоев!
Маҳмадшариф Мӯсоев-ҳамкори собиқи мо, як марди шарифу беозор ва донишманд аз олам даргузашт. Ин ҳодиса дирӯз, 17-уми ноябри соли 2021 иттифоқ уфтод. Шахсе аз миёни мо рафт, ки саропо меҳр буд, дар дӯстӣ беҳамто, устоди сахтгиру коркушта, падари меҳрубону ғамхор барои фарзандон. Ҳамагӣ ду сол қабл Сардори Маркази такмили ихтисос буд, ки ба синни нафақа расид ва бознишаста шуд. Ёдаш ҳамеша дар қалбҳо мемонад ва дуо мекунем, ки манзили охираташ ободу маъвояш Фирдавси барин бошад!
КАРИМОВ МАҲМАДШАРИФ МУСОЕВИЧ 17-уми марти соли 1957 таваллуд шудааст. Хатмкардаи факултети китобдории Донишгоҳи давлати фарҳанг ва санъати Тоҷикстон ба номи Мирзо Турсунзода – китобшиноси дараҷаи олӣ.
Каримов М. пас аз хатми донишгоҳ бо роҳхат аз соли 1978 то 1984 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи А. Фирдавсӣ дар шуъбаи илмӣ-методӣ дар вазифаҳои гуногун кору фаъолият намудааст. Заҳматҳои Каримов М. М. бо нишони «Аълочии фарҳанг ва матбуот»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ гардидааст.
Аз январи солҳои 1984 то 2008 дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз соли 2010 то 2019 дар Китобхонаи милии Тоҷикистон дар вазифаҳои сармутахассиси шуъбаи илмӣ-таҳқиқотӣ, сардори бахши ҳуқуқ ва кадрҳо, сардори шуъбаи таъмир ва тармими ҳуҷҷатҳо, сардори шуъбаи нигоҳдории китоб кор кардааст.
Дар ин давра Маҳмадшариф Мўсоевич зимни сафарҳои хидматӣ ба китобдорони китобхонаҳои системаи марказонидашудаи ноҳияҳо, шаҳру вилоятҳо ёрии амалию методӣ расонида, дар курсҳои сайёр ва бозомўзии кормандони ин соҳа мунтазам фаъол буд.
Дар сомонаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва саҳифаҳои рўзномаю маҷаллаҳои ҷумҳурӣ мақолаҳои методии зиёди эшон аз чоп баромадаанд. Муаллиф ва мураттиби чандин дастурҳои методӣ аст. Аз ҷумла:
- Китобхонаи электронӣ ва дастёбӣ ба он. (Дастури услубӣ барои китобдорон). – Душанбе, 2014. – 44 с.
- Асосҳои технологияи корҳои муқовабандии дастӣ ва таъмиру тармими китобу ҳуҷҷатҳо. (Дастури услубӣ барои китобдорон). – Душанбе: «Меҳроҷ-Граф», 2018. – 32 с.
- Маркази такмили ихтисос дар солҳои 2012-2019. –Душанбе, КМТ. 2019. – 43 с.
Ёди ҳамкор, дӯст ва бародари арҷманд гиромӣ бод!
Мо аз Худоем ва ба сӯи Ӯ бозмегардем!