Хонандагони синфи 10 соҳиби китоби нав дар бораи маърифати оиладорӣ шуданд

маърифати оиладорӣКитоби дарсии «Маърифати оиладорӣ», ки ахиран дар нашриёти “Маориф” нашр шудааст, аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20.01.2015  сарчашма гирифтааст. Ин китоб ба муносибати соли оила эълон гардидани соли 2015 дар кишвар ба нақшаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҳамчун китоби дарсӣ ворид карда шудааст.

Муаллифон  Х.Раҳимзода, Ш.Ёрмуҳаммадзода, Л.Назирӣ ва Н.Амонов китоби худро бо ин суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз кардаанд: “Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзиши инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгороӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд.

Дар татбиқи талаботи сиёсати иҷтимоию фарҳангии давлатии Тоҷикистон се омили асосӣ – ҷомеа, мактаб ва оила бояд дар ҳамбастагии зич фаъол бошанд, то ки насли наврасу ҷавони кишвар дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносии миллӣ ва таҳаммулу мадоро тарбият ёбанд”.

Дар муқаддима омадааст, ки мақсади фанни «Маърифати оиладорӣ» ба масъалаҳои муҳимми зиндагӣ, никоҳу оиладорӣ шинос намудани хонандагон, ташаккул додани низоми оиладорӣ дар шуури наврасону ҷавонон нигоронида шудааст. Ғояи асосии китоби дарсии мазкурро масъалаҳои муҳимми ҳаёти оилавӣ ба роҳ мондани омодагии психологии ҷавонон ба бунёд ва пойдории оила, муҳайё намудани фазои солиму ором дар оила ва нигоҳдории арзишҳои оилавӣ ташкил медиҳанд. Зарурати таълими фанни мазкур аз омода кардани ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ, ҳосил намудани малакаи муносибатҳои дурусти дохилиоилавӣ ва дар оянда дуруст тарбия намудани кӯдакон иборат мебошад. Интихоби дурусти ҳамсар ва бунёди оилаи солим  омили муҳимми ободонии ҷамъият ва устувории давлат маҳсуб меёбад. Муҳим аст, ки пеш аз барпо намудани оила ҳар як шаҳрванд паҳлуҳои гуногунҷанбаи ҳаёти оилавиро мавриди омӯзиш қарор дода, урфу одатҳои миллӣ, ҳурмату эҳтироми тарафҳо, муносибати хуби занушавҳарӣ ва маънои зиндагиро хуб дарк карда тавонад.

Китоби мазкур бо тавсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дуюм нашр шуда, барои хонандагони синфҳои даҳуми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ пешниҳод шудааст.

Хонандагон метавонанд китоби “Маърифати оиладорӣ”-ро дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд.

Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.