Хонандагони синфи 9 ҳам соҳиби китоби нави дарсии адабиёт шуданд
Муаллифони китоби дарсии “Адабиёти тоҷик” барои синфи 9 Т.Миров, С.Давлатзода ва Ф.Мирзода мебошанд. Ин китоб ба тозагӣ интишор ёфтааст ва муаллифонаш бо муроҷиат ба хонандаи худ онро ин гуна сифат мекунанд: “Китобе, ки дар даст дорӣ, гулбоғи адаб аст. Ба он ворид шав, раста –раста гулгаштҳо ва гулҳои тару тозаро мебинӣ”.
Ва дар идома: Аз растаи гулгаштҳо шитобон магзар, бо андешаву фаросат таваққуф намо, пас то гузор. Ҳаргиз аз ин гулистон дасти холӣ бе гулдаста набаро! Дастаи гуле барои рўзгори ояндаат гир! Вай дар шоҳроҳи ҳаёт бароят машъали раҳнамо, рўҳбардору мададгор хаҳад гашт.
Китобатро хор мадор! Ифлос макун, варақҳояшро надаррон ! Зеро вай дўсти чонӣ, дўсти беминнати туст. Бесабаб нест, ки Абдурраҳмони Ҷомӣ китобро аз ҳама сарвату дороӣ боло гузоштааст.Сухани Ҷомии бузургро дар хотир дор ва ҳаргиз фаромуш накун.
Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест,
Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест.
Ҳар лаҳза аз ў ба гўшаи танҳоӣ,
Сад роҳат ҳасту ҳаргиз озоре нест.
Китоби “Адабиёти тоҷик” барои синфи 9 ҳоло дар Китобхонаи миллӣ ҳам қобили дарёфт ва мутолиа аст.
Фарзона ШАРИФОВА,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд