Хонандаи синфи чорум бо аз бар намудани зиёда аз 100 ғазал ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт

Ҷӯраева ДиёраДар ошёнаи 2-юми Китобхонаи миллӣ дар номинатсияи адабиёти муосири тоҷик озмун миёни хонандагони синфҳои 1-4 баргузор гардид. Мо бо яке аз иштирокчиёни даври ниҳоии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз рӯи номинатсияи адабиёти муосири тоҷик Ҷӯраева Диёра, хонандаи синфи 4-уми муассасаи таҳсилоти миёнаи умумии № 22 шаҳри Истаравшан ҳамсуҳбат шудем.

Диёра 50 байт аз адабиёти шифоӣ,100 ғазал, 100 рубоӣ ва дубайтӣ, 150 байт достон, 200 байт дигар навъҳои шеърӣ, 5 роман, 40 повест, 100 ҳикоя ва 10 драма, очерк, ёддошт мутолиа намудааст. Маврид ба зикр аст, ки Диёра бори аввал аст, ки дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” иштирок менамояд ва ба ин нигоҳ накарда нутқи хеле равону бурро дорад. Ба суолҳои аъзоёни ҳакам  пурра ҷавоб гуфт. Ба гуфтаи худи Диёра Ҷӯраева вай бештар ба қироати шеър ва асарҳои назмӣ шавқ дошта, кӯшиш мекунад асарҳои насриро низ зиёд мутолиа намояд. Рӯзе 5-6 соат барои мутолиаи китоб ҷудо менамояд, ки ин барояш як одати муқаррарӣ гаштааст. Ногуфта намонад, ки достонҳои “Ҷони ширин”-и М.Турсунзода ва “Ғалабаи Таня”-и А.Лоҳутӣ аз асарҳои назмии дӯстдоштаи Диёра мебошанд.

Диёра Ҷӯраева, ки худ мутолиа намудани китобро дӯст медорад, ба ҳамсолонаш тавсия медиҳад, ки вақти худро сарфи бозиҳои мобилӣ накарда, китоб хонанд. Вай барои дар қалбаш ҷой додани меҳри китобу китобхонӣ аз модар ва устодаш миннатдор аст.

Иштирок дар озмун барояш чи дар даврҳои пешин ва чи дар даври ниҳоӣ фараҳовар аст. Бисёр шод аст, ки аз Китобхонаи миллӣ дидан намуд, зеро ин даргоҳи илму фарҳангро  бори аввал мебинад.

Мо ба Диёра Ҷӯраева муваффақиятҳои паёпайро таманно мекунем.

Гуфтанист, ки барои иштирокчиёни озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” марҳилаи басо пурмасъулият фаро расид, ҳафтаи гузашта даври ниҳоии озмун – даври чаҳоруми озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” оғоз гашт. Тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025,  ба Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тағйиру иловаҳо ворид гардида, соли 2025 номинатсияи эҷоди назм ва наср тибқи хулоса ва пешниҳоди коршиносон аз низомнома берун карда шуд.  Инак Озмун аз рӯи чор номинатсия адабиёти кӯдакон ва наврасон, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон миёни хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (синфҳои 1-4), хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11), донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр) ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун баргузор мешавад.

Махфират Муҳидинова, бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.