Хониши бадеӣ. Сотим Улуғзода. «Ривояти суғдӣ” (Идома)
44
Пагоҳи рўзи нуздаҳуми ҷанг, ҳангоме, ки дар беруни дарвозаҳои шаҳр лашкари ҳар ду тараф дар муқобили якдигар саф ороста омодаи ҳарбу зарб шуда буданд, савори ҷавшанпўше бо сипару найза пеш баромада, ба тарафи арабҳо овоз дод:
– Ҳой фурўмоягон, аҳриманзодагон! Самарқандро шумо мебинед, лекин танҳо дар хоб! Агар дар байни лашкариёни дузду қотили шумо ягон аблаҳи паҳлавонтароше бошад, барояд бо ман набард кунад! Ку аҷали нангини кадоматон расидааст?!
Молик ибн-ур-Райб, аз ақиб саиси ҷавонеро пеш хонда, савори суғдиро нишон дода пурсид:
– Гуфтори ўро шунидӣ?
– Шунидам,- ҷавоб дод саис.
– Чӣ мегўяд?
Мубориза мехоҳад.
– Боз чиҳо гуфт?
Саис ба зудӣ ҷавоб надод, даранг кард.
– Чиҳо шунидӣ, ҳамаро бигў!- амр кард Молик. Ҷавон қад алам карду рост ба чашми Молик нигариста гуфт:
– Хитоб кард: «Эй аҳриманон, дарандагони одамшикор, сагони калпесахўр, калхотҳои лошахўр, бароед ба ҷанги ман!»
Молик ба ҷавон як назари ало афканду шамшер кашида бо як зарб ўро аз по афтонд. Шамшер аз китфи рости саис даромада танашро то бағали чапаш қалам карда буд. Вай дар таги пои аспон оғўштаи хун шуда тапид – тапиду орамид. Ин ҷавон аз Тус буд, толибилм буд, суғдӣ ва арабӣ медонист, яке аз сипоҳиёни ба мадади Саид омада чанде пеш дар Тус ҳангоми фурў нишондани шўриши аҳолӣ ўро асир гирифта, саис ва шотири худ карда ба Самарқанд оварда буд.
Молик дар пеши қатори лашкар асп давонда мепурсид:
– Кӣ ба набарди ин чокири суғдӣ мебарояд?
Талабгор ёфт нашуд. Касеро заҳраи он набуд, ки ба ҷанги тан ба тан барояд. Молик барошуфт:
– Ҳамият надоред! Кофирон ба шумо механданд!
Яке аз сипоҳиён гуфт:
– Худат чаро намебароӣ? Дар байни мо аз ту боҳамияттар касе нест.
Молик истода ба тарафи савори суғдӣ як нигоҳ карду «Оллоҳу акбар! Худовандо, мадад!» гўён аспро маҳмез зада ба майдон тохт.
Муборизи суғдиро, ки Виркан буд, аз наздик дида шинохт, ҳайрон шуд, сари аспро кашид:
– Э валлоҳ! Садиқу саҳра- эл- Ҳиҷаз? Инак аз гардиши фалак паланги ҳиҷозӣ ва шери суғдӣ бори дуввум дар майдони ҷанг бо ҳам рўбарў шуданд.
Виркан аз калимаи «Ҳиҷаз» маънии сухани ўро ба тақриб фаҳмид.
– Оре, он рўз ту ба фирор ҷони палидатро халос кардӣ, лекин имрўз халос намешавӣ. Аҷалатро бубин, ман аҷали туам! – Инро гуфта, паҳлавони суғдӣ ба Молик ҳамла бурд.
Бо сарнайза ҷанг оғоз карданд.
Виркан як навбат ки найза меандохт, найзааш ба кўҳаи зини Молик бархўрд, зин шикаст, савораш ғалтид, лекин найза ҳамоно ба дасташ буд. Виркан ба қасди куштани ў найзаашро боло карда буд, ки Молик дар талвосаи ҷон тез-тез ба шеваи зорӣ сухан гуфтан гирифт. Вай ба арабӣ мегуфт: «Маро накуш, ман назди амир эътибори калон дорам, ўро ба бас кардани ҷанг розӣ мекунам, ба ҳар чи хоҳӣ, қасам мехўрам, ки розӣ мекунам, амир сухани маро мегирад. Агар маро кушӣ, имкони бас кардани ҷангу муҳосира аз байн меравад, лекин шумо талафоти бешумор медиҳеду шаҳратон, кишваратон табоҳ мешавад». Виркан забони ўро нафаҳмида мутараддид буд: ҳар ду дар наздикии сипоҳи араб қарор гирифта буданд, дар аснои суханронии Молик баногоҳ аз сафи сипоҳ марде баромада беяроқ ду даст боло карда ба сўи инҳо давид ва давон-давон ба забони суғдӣ «Ман тарҷумонам! Тарҷумон!- гўён фарёд мекард. Дар лаҳзае ки Виркан сарашро ба тарафи он мард гардонда нигоҳ кард, Молик якбора гурбавор ба по ҷаста найза андохт, зарби сахти найза Вирканро аз асп фурў ғалтонд, Молик палангвор хез зада вайро пахш кард, ҳамон лаҳза шахсе, ки худро тарҷумон номид ва якчанд марди дигар аз сипоҳи душман давон омада, паҳлавони суғдиро баста ба тарафи худашон кашола карданд.
Суғдиҳо бо шитоб ҳамла оварданд, аммо ба мадади паҳлавони худ расида натавонистанд.
Дар куштани душман як лаҳза даранг кардани Виркан ба сараш бало овард: вай асир афтод.
45
Дар болои девори шаҳристон як тўда марду занҳо истода ҳарбу зарбро тамошо мекарданд. Онҳо шаҳриёне буданд, ки ҳар пагоҳ аз хонаҳошон ба писарон, бародарон ва шавҳарони худ- мудофиёни шаҳр хўрок меоварданд.
Даме, ки Молик ва шарикони ба мадад расидааш Вирканро мебастанд, аз байни тўдаи болои девор зане фарёд кашида поён фуромаду аз дарвоза баромада ба тарафе, ки Вирканро бурданд, тохт. Вай Наниманча буд. Кушодарў буд(занони Суғд ҳанўз фаранҷӣ ё чодирро намедонистанд), сарбараҳна буд, баъди як дам кафшашро аз по афканда побараҳна ҳам шуд, медавиду чиҳое гуфта дод мезад. Аввал сарбозони худӣ ва баъд сарбозони душман ўро нигоҳ доштанӣ мешуданд, лекин Наниманча тоб мехўрд, ба сару рўи онҳо чанг мезад ё дастҳошонро мегазиду худро раҳо карда медавид.
Сипоҳиёни пиёдаву савораи ҳарду тараф гурўҳ-гурўҳ дар ҳар ҷо- ҳар ҷо гарми ҳарбу зарб буданд. Наниманча аз канори онҳо ё ки аз фосилаҳои байни гурўҳҳо мегузашту медавид. Дар часпочаспӣ бо сарбозон куртааш пора-пора шуда, мўяш парешону жўлида гашт, вай дар миёни гарди ғализе, ки размгоҳ ва размоварон ғарқи он буданд, гоҳ нопадид ва гоҳе боз падидор мегашту медавид. Ў дар пеш, дар масофаи ду-се парвози тир аз майдони ҷанг, байни чодирҳои бисёр чодири калонеро, ки дар болояш байрақи сабзе бо нақши қурси моҳу ситора пар мезад, медид, донист, ки бошишгоҳи амир он ҷост, ба ҳамон сў тохт.
Саид пеши чодираш дар курсӣ бо ду даст ба шамшер чун асо такя карда нишаста буд, ўро як тўда сарҳангон иҳота карда ва Виркани арғамчинбанд ҳам дар як сў хобида буд. Наниманча «Виркан! Виркан!» гўён фарёд зада ба тарафи шавҳараш афканда шуд, лекин Молик ўро аз мўи жўлидааш кашида нигоҳ дошт.
Наниманча дар пеши Саид ба зону афтида ду даст гоҳ бар сару гоҳ бар хок зада нолид:
– Инсоф бидеҳ, амир! Сипоҳии ту номардӣ кард, ўро – занак шавҳарашро нишон дод,- ба фиреб гирифт. Охир, ба зўр натавонист, мағлуб шуд, ба макру фиреб гирифт! Ўро озод кун, ё бифармой аз сари нав набард…
– Кист ин занак?- нолиши ўро қатъ карда аз атрофиёнаш пурсид Саид.
– Ман аёли ин паҳлавон ҳастам, ки сипоҳиёни ту ўро номардона гирифтанд,- худи Наниманча ба суоли амир ҷавоб дод.- Адл кун, амир ўро раҳо кун. Наход ин паҳлавони ту ба нанги номардӣ тан диҳад?- Зан Моликро шинохта нишон дод.- Наход ки, амир розӣ бошӣ, ки паҳлавони сипоҳи ту ба беномусию маккорӣ ном барорад?
– Ин аёл девона аст,- бо кароҳат гуфт Саид ва Моликро фармуд:- Дур кун ўро! Шўяшро асир гирифтӣ, занашро ҳам бигир, ўро ба ту бахшидам.
Наниманчаро дар ҳоле, ки дод мегуфту ба зўроварон лаънатмехонд, навкарони Молик кашон-кашон бурданд.
Виркан ин ҳолро медиду аз ғояти бетоқатӣ замин мегазид, чун мурғи нимбисмил метапид, арғамчинро канданӣ мешуд, лекин ҳосили тапишҳояш хароши хунини танаш, дасту пояш буду бас…
46
Наниманчаро навкарони Молик ба чодири ў бурда партофтанд. Вай дар намад ғел зада рўю мўй меканд, якзайл «Писаракам! Модарҷонам!» гўён фарёд мекашид.
Дар китфаш дасти нарми касеро ҳис кард, нигоҳ карда духтари понздаҳ- шонздаҳсолаеро дид, ки чашмонаш аз гиря варам карда буд: духтарак мегуфт: «Туро ҳам гирифтанд? Ту кистӣ, хоҳар? Ором шав, охир аз гиряву нола чӣ суд? Дар пешониамон будааст, чи илоҷ?»
Дар кунҷи чодир боз як духтараки аз вай хурдтар нишаста буд, дуяшон ба ҳам монанд, дуяшон ҳам зебочеҳра, сафедпўст буданд, лекин кўфтхўрдаву хастаҳол менамуданд, рангҳошон парида, таги чашмҳошон кабуд гашта буд.
Пас аз чанде Наниманча аз нолаю фиғон хаста шуд, ором гирифт, бо духтаракон ба гуфтугў даромад. Маълум шуд, ки онҳо хоҳарон будаанд, дар деҳе аз деҳоти рабази Самарқанд мезистаанд, чаҳор рўз пеш Молик деҳаро тохта, ҷавонон ва духтаронро, аз он ҷумла ин хоҳараконро асир гирифта оварда будааст.
Марде аз даромадгоҳи чодир як табақ гўшти пухта ва сето нон дароз кард. Духтарон дастархон андохта Наниманчаро ҳам ба хўрок таклиф карданд, лекин ў рад кард, нахўрд.
Соате гузашт, ба чодир касе надаромад. Наниманча аз даромадгоҳ сар бароварда нигоҳ кард. Офтоби гармтоб ба домани осмон моил шуда буд, дар гирду пеш чодирҳои дигар ба назар менамуданд, ба онҳо мардони яроқдору беяроқ даро-баро мекарданд, дар ҳар ҷо-ҳар ҷо оташ афрўхта шуда буд ва дуд мебаромад, бўи дуд, саргин, мўи сўхта ба ҳаво печида буду ба димоғ мезад. Дар канораҳо аспон ва аз онҳо дуртар уштурон мечариданд.
Наниманча хеле вақт нигоҳ карда истод, як маҳал берун камтараддуд гашт, дар наздикиҳои чодир гардиши одамон қатъ шуд. Вай аз чодир баромада ба тарафи ғуруби офтоб, ки дар он тараф дашт аз одаму чорпо холӣ менамуд, гурехт. То пояш мадореву танаш маҷоле дошт, медавид. Лекин дур нарафт. Навкарони Молик, ки дар сояи тал дам мегирифтанду чодирро як нафас бепосбон гузошта буданд, хабардор шуда, аз дунболаш тохтанд. Ў гурезон буду онҳо аз қафояш давон.
Ниҳоят мондагӣ, гуруснагию ташнагӣ кори худро карданд. Наниманча аз ҳол рафт, ғалтида монд. Навкарон гурезаи нимбеҳушро бардошта оварда боз ба даруни чодир афканданд.
Баъди як нафас вай чашм кушод, об талабид, духтарон обаш доданд, сипас ба вай як бурда нон ва як-ду луқма гўшт хўронданд…
(Идома дорад)
Таҳияи Зарина Зиёвуддинова,
мутахасисси шуъбаи адабиёти
кӯдакон ва наврасон.