Хониши бадеӣ. Сотим Улуғзода. «Ривояти суғдӣ” (Идома)

БухороБародарзодаи халифа ва ноиби ў дар Хуросон – амир Убайдуллоҳ, фарзанди арзандаи Зиёд бинни Абусуфён, ҳамон Абусуфён, ки дар Ироқ расми куштору яғмои оммавиро ҷорӣ карда буд ва дар Басра бо фармони вай асасҳояш баъд аз хуфтан ҳар киро дар кўчаҳо меёфтанд, мекуштанд, – ин Убайдуллоҳи бисту панҷсола ба ҷавонии худ нигоҳ накарда ниҳоят ҷаббору хунхор буд, ки дар қатлу ғорату харобкорӣ ҳеҷ як ҳадду андозаро намедонист.

Аз номус, виҷдон, мурувват тамоман бегона буд. Халифаҳои умавӣ Муовия ва пас аз ў Язид зишттарин ва ифлостарин корҳоро ба вай месупориданд. Онҳо куштани Имом Ҳусайн (писари Алӣ ва набераи пайғамбари Ислом)- ро ба Убайдуллоҳ супурда буданд. Убайдуллоҳ ўро дар дашти Карбало бо як тарзи фоҷеъ бо ҳамаи занон, хоҳарон ва кўдаконаш ба қатл расонд. Ривояте ҳаст, ки ў дар вақти аморати Хуросонро ба Саид бинни Усмон супурдан дар Нишопур ин амири нави ҳанўз ба илми ҷангу сулҳ ва ба «ратқу фатқи умури мамлакат» (идора кардани корҳои мамлакат) «ноомил»-ро бо «таҷриба»-и худаш ошно намуда, ба вай маслиҳатҳо дода буд, гуфта буд, ки пайрави ман бош ва ба ман тақлид бикун…

26

Нўфарн ба бошишгоҳи худ деҳаи Искиҷкат омад.

Дар он деҳаи косибон ва ҳунармандон вай дастгоҳи тиҷоратӣ, дўконҳои бофандагӣ, устохонаҳо ва дар лаби ҷўйбори Сомҷин кўшки бошукўҳе дошт. Дар устохонаҳо, дўконҳо, ғуломон, қарздорон ва муздуронаш кор мекарданд. Дар ҳақиқати амр соҳиби Искиҷкат ў буд, аз ҳазор ҷуфт (ҷуфти гов) замини корами деҳа қисми бештаринаш ба вай тааллуқ дошт.

Деҳаро вай ғоратшуда, кўшку дўкону устохонаҳояшро тороҷгашта, аҳли хонаводаашро мусибатзада ва гирён ёфт. Бештарини ғуломон, хизматгорон ва канизонашро сипоҳиёни амири Хуросон ба асорат бурда, дигарҳояшон ба ҳар тараф гурехта парешон гашта буданд.

Нўфарн сахт ғамгин шуд, гирист, лекин ғаму андўҳаш дер накашид, вай ки аз сафари бозаргонӣ бо хеле мол ва симу зар баргашта буд, ба зудӣ бо ғайрату кордоние, ки хоси ў буд, ба обод кардани макон ва барқарор намудани корхонаҳои худ машғул гардид.

Виркан бошад ҳушу ёдаш ба Самарқанд, ба Самарқанд, ба Наниманча ва фарзанди нодидааш буд. Наниманча агар ба савгандаш истода шавҳар накарда бошад («не, не,- мегуфт ба дилаш Виркан, – «агар» надорад, вай на он занест, ки аз савгандаш гардад!»), ҳар гоҳ ки Виркан мувофиқи ваъдаи хоҷа аз ғуломӣ озод шуд, ба вай бармегардад. Зани маҳбубашро тасодуф, фалокат ба вай талоқ кард, худаш талоқ накардааст. («Оҳ, ҳамсари азизам, чаро ман сухани туро нагирифтам, паҳлавони Суғд шудан хостам! Пушаймонам, Наниманча, аз ин пушаймонӣ ва надомати пурдард дилам хун аст»). Тани зораш аз ў ҷудост, аммо дар дилаш ҳозир. Наниманча писар зоида бошад ё духтар. Кўдак агар зинда-саломат бошад, ҳоло дусола шуд. «Оҳ, писарҷонам, ё духтарҷонам, оё падари бадбахт рўзе туро медида бошад»,- ҳасрат мехўрд Виркан.

Интизории рўзи озодӣ қарору ороми ўро бурда буд. Аммо Нўфарн аз баргаштанаш ба Искиҷкат як ҳафта гузашта бошад ҳам, аз озод кардани ғуломи худ даҳон намекушод. Гўё ваъдаи дар биёбони Ҳиҷоз додаашро фаромўш карда буд.

Дар ин миён вай бо корҳои тиҷоратии худ ду бор ба Бухоро рафт. Виркан ўро мушояат кард. Дар бозорҳои шаҳр Виркан самарқандиҳои шинос ва ревдодиҳоро меҷўст, то ки аз онҳо аҳволи падараш ва занашро суроғ кунад. Самарқандиҳо хешони ўро ё намешинохтанд ё ки падарашро шиносанд ҳам, аз аҳволи ў хабар надоштанд, ревдодиҳо бошанд, ба вай дучор намеомаданд, то ин ки ниҳоят дафъаи дуввуми рафтани ў ба Бухоро як нафар ревдодӣ дучор омад, ба Виркан хабари саломатии падараш ва занашро расонд ва гуфт, ки Наниманча бо модараш писарчаи Вирканро калон мекунанд… Виркан гирист. Аз бозориён ибо накарда, аз бозе ки ба ғуломӣ афтода буд, аввалин бор гирист. Ҳам аз шодӣ, ҳам аз алами ҷудоӣ мегиристу ашки шўрашро бо мушташ пок мекард.

Тоқаташ тоқ шуда буд, ба Искиҷкат баргашта, ваъдаи Нўфарнро ба ёди вай овард:

– Хоҷа хати бароти маро кай медиҳед?

– Хати барот, – хоҷа худро ҳайроншуда нишон дод.

– Шумо ваъда дода будед.

– Ваъда? Он рўз ту маро бо наҷот додани корвон хушнуд кардӣ, ман туро бо ваъдаи озодӣ хушнуд кардам: ҳисоби дуямон баробар аст, – гуфт бо заҳрханда Нўфарн. Виркан, гўё ки мушти гароне ба сараш хўрда бошад, гаранг шуда монд, ҳатто ба тезӣ забонаш ба гуфтор ҳам наёмад.

Шумо,…дурўғ гуфта будед. Ваъдаатон дурўғ буд?- пурсид ў ниҳоят.

Ин тарз гуфтори ғулом бо хоҷа густохӣ, нофармонӣ ҳисоб меёфт, Нўфарн дар ғазаб шуд:

– Палид! Саг! – дод зад вай, – Ман туро аз мурдан халос кардам, умратро харидам! Ту даҳ умри дигар бинӣ ва хизмати маро кунӣ, боз ҳам ҳаққи маро адо карда наметавонӣ, кўрнамак! Бори дигар аз озодиат даҳон накушо, ки ба сутун мебандамат.

Нўфарни аҳдшикан ғулом ва чокири баҳодуре чун Вирканро аз даст додан намехост.

«Аммо вай қавлашро дар пеши гувоҳони бисёр дода буд, – ба хотир гузаронд Виркан. – Оё бозоргони номдоре чун ў розӣ мешавад, ки ба дурўғгўӣ, фиребгарӣ ном барорад?» Не, Виркан хоҷаашро осуда нахоҳад гузошт ва домани ўро раҳо нахоҳад кард…

 

(Идома дорад)

Таҳияи Зарина Зиёвуддинова,

мутахасисси шуъбаи адабиёти

    кӯдакон ва наврасон.