Хурдсолон дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” пурсида шуданд. Навбат ба синфҳои болоӣ

Хурдсолон дар озмунТо имрӯз довталабони гурӯҳи якум хонандагони синфои  1- 4 и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии аз ҷониби ҳакамон пурсида шуданд. Аз рӯйи 4 номинатсия адабиёти кӯдакон, адабиёти муосир, адабиёти клласик ва адабиёти ҷаҳон дар ин гурӯҳи хонандагон  120 нафар ширкат карданд.

Имрӯз, 11 –уми ноябр  рақобат миёни хонандагони синфҳои 5-11 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва синфҳои 10-11-и муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ оғоз гардид. Дар назар аст рақобат миёни ин гурӯҳ то 13 уми ноябр идома ёбад.

Бояд қайд намуд, ки озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ…” соли 6 ум аст баргузор мегардад ва он садҳо нафар суханварону ошиқони каломи бадеъро ба ҷомеа ошно намудааст ва аксари онҳо алакай дар ҷомеа мавқеи худро соҳиб гардидаанд.

Имсол бо дарназардошти хусусияти синусолии иштирокдорон “Шоҳҷоизаи” он аз 1 адад ба 4 адад расонида шуд.

Маврид ба таъкид аст, ки  давоми 6 соли баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» маблағи «Шоҳҷоиза»-и он аз 20 ҳазор сомонии соли аввал ба 70 ҳазор сомонӣ дар соли ҷорӣ расид. Ва қарор аст соли 2025 тибқи дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли маблағи Шоҳҷоиза 100% зиёд карда шавад.

Наргис Назарзода, бахши матбуот ва робита бо ҷомеа