Хуршед Зиёӣ: Ақлгароӣ ва худшиносӣ (дар мисоли таълимоти Мавлонои Румӣ)

Мавлонои РумӣДонишманди бузурги тоҷик, шоири тавоно ва файласуфу орифи оламгир Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ (1207-1273) на танҳо дар шеъру адаб ва фалсафаву тасаввуф, балки дар масъалаҳои динӣ низ як шахсияти барҷаста дар олами исломӣ эътироф шудааст. Ин нуқта, ки аз маҳбубияти шахсият ва осори Мавлоно дар байни донишмандони соҳаҳои гуногун шаҳодат медиҳад, водор месозад, ки сабабҳои онро амиқтар ҷустуҷӯ намоем.

Қабл аз ҳама таъкид бояд дошт, ки дар таълимоти Мавлоно ва намояндагони тариқати созмондодаи ӯ – мавлавия инсон дар маркази доираи фалак қарор дошта, ҳалли ин ё он масъалаи фалсафӣ онҳоро ҳатман ба андеша дар бораи инсон меоварад. Аз ин ҷост, ки ақидаҳои гуманистӣ ва башардӯстонаи Мавлоно ва мавлавиён дар кори мувоҷеҳ сохтани фалсафаи муосир ба сӯи инсону ниёзмандиҳои он аз ҷониби донишмандони кишварҳои гуногун мавриди истифода қарор гирифтаанд.

Аз ҷониби дигар, дар даврони ҷаҳонишавӣ, ки ҳама минтақаҳои оламро фаро гирифтааст ва дар шароити ҷустуҷӯи ҳуввийяти миллӣ ва эҳёи маънавии халқҳои тозаистиқлол, ки бо шиддати бузурге ҷараён дорад, муроҷиат ба афкори фалсафӣ ва фарҳангии пешиниён ва корбасти он бо назардошти воқеият ва талаботи замони муосир метавонад ҳамчун такягоҳи муҳимме барои ташаккули ҷомеа ва инсони нав хидмат намояд. Истифода аз осори Мавлоно дар ин самт низ беназир ва хеле судманд буда, донишмандони зиёде пайваста ба ин ҷанбаи ақидаҳои мутафаккир рӯ меоранд. Шоири тоҷикзабони покистонӣ Муҳаммад Иқбол (1877-1938) дар замони хеш маҳз таҳти ақидаҳои Мавлоно оид ба худшиносӣ, дар бораи «бозофаридан» – эҳёи миллати хеш бо такя бар асолати миллии он гуфта буд:

Миллате, к-аз сӯзи ӯ як дам тапид,

Аз гили худ хешро бозофарид.

Як сабаби дигар ва аз ҳама муҳимми маҳбубияти шахсият ва таълимоти Мавлоно, ба андешаи мо, дар он зуҳур меёбад, ки ӯ донишманди диндору диншинос аст, вале дину эътиқоди диние, ки дар осораш аз он сухан меронад, махсусияти худро дошта, бо ақлу мантиқ пайванди ногустанӣ доранд. Аз ин рӯ, Мавлонои Румӣ аксаран вожаҳои ақлу динро дар ашъори хеш тавъам истифода намуда, пайваста ба шогирдонаш «Ақлу динро пешво кун, вассалом», «Ҷаҳд кун, то пири ақлу дин шавӣ», «Ки барам ман кори худ бо ақл пеш» ва монанди онро талқин мекунад.

Ба ибораи дигар, барои Мавлоно, ки худ намояндаи фалсафаи ирфонист, ақлгароӣ бегона нест. Вале қобили зикр аст, ки моҳияти ақл дар таълимоти ӯ хеле мураккаб ҳисобида шуда, аз назари мутафаккир он ба баҳри бепоёне шабоҳат дорад, ки барои фаҳмиданаш дар он ғаввосӣ бояд кард. Бузургии инсонро бо ҳамин сабаб Мавлоно дар бузургии ақли ӯ мебинад, на дар сафедии мӯяш, дашноми ақлро барои инсони оқил беҳтар аз ҳалвои ноаҳлон медонад. Дар чунин фаҳмиши моҳияти ақли инсонӣ мутафаккир ба ҳадиси паямбари ислом такя мекунад, ки дар он ақл барои инсон беҳтар аз тақлиди ғайриоқилона ба талаботи дин ҳисобида шудааст:

Бас накӯ гуфт он расули хушҷавоз:

«Зарраи ақлат беҳ аз савму намоз».

З-он ки ақлат ҷавҳар аст, ин ду араз,

Ин ду дар такмили он шуд муфтараз.

Бо овардани суханони боло аз «Маснавӣ»-и Мавлоно таъкид карданием, ки мутафаккир дину ақлро бо ҳам омезиш дода, инсонро ба ду нуқтаи муҳим ҳидоят менамояд: аввалан, инсон бояд дар ҳама корҳо, аз ҷумла, дар масъалаҳои динӣ танҳо ба ақлу заковат такя кунад; сониян, инсони соҳиби ақли расо бояд  дар ҳама амалҳои хеш мустақилона рафтор карда, ҳаргиз ба тақлиди кӯр-кӯрона ба дигарон роҳ надиҳад. Бо ҳамин сабаб, мутафаккир пайваста хотиррасон месозад, ки «Бори худ бар кас манеҳ, бар хеш неҳ», «Ҷурми худро бар каси дигар манеҳ» ва амсоли он.

Такя ба ақли хеш дар тамоми намудҳои фаъолияти инсонӣ, дурӣ ҷустан аз роҳнамоиҳои мардуми аз ақлу мантиқ фарсахҳо дур, махсусан аз бегонагон, як ҷавҳари ақидаи Мавлоно дар бораи худшиносист. Худшиносӣ бошад, барои мутафаккир ин пеш аз ҳама масъулияти инсон дар назди хештан буда, беҳтар аз донистани усули дин аст, зеро чун инсон дар маърифати хештан муваффақ гардад, дигаронро низ медонаду мешиносад.

Ҷони ҷумла илмҳо ин аст, ин,
Ки бидонӣ, ман киям дар явми дин.

 Аз ин нуқтаи назар, ки дар боло оид ба ақл ва худшиносӣ зикр гардид, инсони худшинос аз назари Мавлоно инсони мустақилест, ки ба худ ва ақли хештан эътимод дорад. Чунин инсони худшинос, ки палла-палла бо нардбони ақлгароӣ ва худшиносӣ ба сӯи камолот қадам мениҳад, тамаъ бар дигарон надорад ва чунонки ба молу мулки мардуми бегона дастдарозӣ намекунад, кору рафтор ва кирдору пиндори бегонагонро низ қабул надорад:

Дар замини мардумон хона макун,
Кори худ кун, кори бегона макун.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон дар мулоқот ба муносибати 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба истифода аз дастовардҳои илму технологияҳои замонавӣ ва фарҳанги пешрафта таваҷҷуҳи мардумро ҷалб сохта, таъкид доштанд, ки ҳамаи мо бояд «барои васеъ кардани ҷаҳонбинии худ сайю кӯшиш карда, дар пайи тақлиди унсурҳое, ки кишварро ба асрҳои миёна мебаранд, талоши беҳуда накунем». Дар ин росто, Пешвои муаззами миллат дар мазаммати тақлидкорӣ аз ашъори Мавлоно як иқтибосе оварданд, ки хеле баҷо ва муассир буд:

Халқро таклидашон барбод дод,

Эй дусад лаънат бар ин тақлид бод!

Дар ҳақиқат ҳам, тақлидкорӣ пешаи хеле номатлуб буда, махсусан дар соҳаи илму фарҳанг ба карахтию бозмондагӣ ва бозгашт ба аслҳои фартуттшудаю аз зарурат бурунгардида ҳидоят мекунад. Аз ин ҷост, ки Мавлоно зимни таҳқиқи маърифати ақлонии олам ба мавзӯи таъвил, тақлид ва иҷтиҳод дахл намуда, таъкид мекунад, ки ақл қобили таъвили хештан буда, барои инсон дониши зиёде медиҳад. Тақлид, пайравии кӯр-кӯронаро бошад, мутафаккир дар зери тозиёнаи танқид мегирад, зеро муқаллид аз назари ӯ монандаи карест, ки дар як ҳазл ду бор механдад – бори аввал дар қатори дигарон ба тақлиди онҳо ва бори дигар ба фаҳми худ. Тақлид барои Мавлоно зидди иҷтиҳод аст ва дар ҳар ду навъи худ – тақлид дар усул ва тақлид дар фурӯъ бо дин мухолифат дорад. Аз ин рӯ, ба ақидаи мутафаккир, мӯъмини ҳақиқӣ ба олам бе тақлид назар мекунад. Дар ин бобат дар дафтари шашуми «Маснавии маънавӣ» омадааст:

Чашм дорӣ, ту ба чашми худ нигар,

Мангар аз чашми сафеҳе бехабар.

Гӯш дорӣ, ту ба гӯши худ шунав,

Гӯши гӯлонро чаро бошӣ гарав?

Бе зи тақлиде назарро пеша кун,

Ҳам барои ақли худ андеша кун.

Чунин андешаҳои Мавлонои Румӣ оид ба таносуби ақлгароӣ, худшиносӣ ва тақлидкорӣ таълимотеро дар фалсафаи муосир ба ёд меоранд, ки онро бо истилоҳи «бегонашавӣ» ифода мекунад. Худи бегонашавиро бошад, ҳамчун раванди иҷтимоие шарҳ медиҳанд, ки фаъолияти инсон ва натиҷаҳои онро ба қувваи мустақили ҳукмрон ва адоватнок бар ӯ табдил медиҳад. Асосгузорони ин таълимот Карл Маркс (1818-1883), Эрих Фромм (1900-1980) ва дигар файласуфони ғарбӣ буда, ақидаҳои онҳо ба мутафаккирони шарқӣ низ таъсир гузоштаанд. Аз ҷумла, Муҳаммад Иқбол дар ибтидои асри XX оид ба чунин бегонашавӣ дар назди худ савол гузошта – «Мешиносӣ, асри мо бо мо чӣ кардва ба он ҷавоб гуфтааст: «Асри мо моро зи мо бегона кард».

Раванди фавкуззикр ба тамоми соҳаҳои фаъолияти инсонӣ – аз иқтисодӣ то иҷтимоӣ, аз гурӯҳӣ то инфиродӣ хос аст. Вале дар замони ҷаҳонишавӣ беш аз ҳама бегонашавии инсон дар соҳаи фарҳанг хатари зиёд дорад. Баъзе нишонаҳои ин раванд, ки дар ҷомеаи имрӯзаи мо низ таҳти омилҳои гуногун, хусусан бо дастгирии кишварҳо ва ташкилоти маълуми хориҷӣ, дар байни гурӯҳе аз бехабарон мушоҳида мегарданд, маҳз натиҷаҳои ҳамин зуҳуроти бегонашавиянд. Дар робита бо ин мардуми моро зарур аст, ки имрӯз ҳам таҳти ҳидояти Мавлоно ва садҳо донишмандони дигари бузурги худ рафтор намуда, аз ҳар гуна тақлидкориҳо худдорӣ намояд. Ин амалро махсусан дар тарзи либоспӯшӣ ва симои зоҳирӣ бояд тақвият диҳем, зеро агарчӣ ин унсурҳо дар мадди аввал ҷузъӣ ба назар мерасанд, вале дар ниҳояти кор сабабгори косташавии пояҳои бунёдии фарҳанги миллат мегарданд. Ба қавли Мавлоно:

Хештан нашнохт мискин одамӣ,

Аз фузунӣ омаду шуд дар камӣ.

Хештанро одамӣ арзон фурӯхт,

Буд атлас, хеш бар далқе бидӯхт.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки давлати ҳуқуқбунёд аст, тибқи Конститутсияи он сарватҳои фарҳангӣ ва маънавӣ таҳти ҳимояи давлат қарор доранд. Либос ва симои зоҳирӣ низ ҷузви ҷудонашавандаи фарҳанги миллат ва болотар аз ин, муаррификунандаи нахустини миллатанд. Аз ин рӯ, имрӯз зарурати он пеш омадааст, ки дар самти ҳимояи ин унсурҳои фарҳангии хеш тибқи талаботи банди 2 моддаи 14 Қонуни Ҷумҳуриии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» чораҳои муассир андешида шаванд. Қабл аз ҳама, бо суханони донишманди бузурги тоҷик Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ ба чунин ашхос ва хоҷагони онҳо, ки ба роҳи хатои бегонашавӣ рафтаанд, муроҷиат намуда, таъкид бояд кард:

Диди худ магзор аз диди хасон,

Ки ба мурдорат кашанд ин каргасон.

Дар анҷоми сухан хотиррасон месозем, ки маҳз ба ҳамин аҳаммияти беназири эҷодиёти Мавлоно ва роҳнамоиҳои ӯ, ки муддати зиёде ба мардум хидмат намуда ва солиёни тӯлонӣ боз хидмат хоҳанд кард, ишора карда, Пешвои муаззами миллат зикр намудаанд: «Инсонияти гирифтори мушкилоти рӯзафзуни маънавӣ, ахлоқӣ, экологӣ, иқтисодӣ ба ин иршодҳо бештар ва бештар ниёзманд хоҳад гардид ва аз ин рӯ бо эътимоди комил метавон гуфт, ки паёми Мавлоно роҳнамои васли матин ва шикастнопазири инсоният ва рамзи камоли ҳақиқии он хоҳад буд».

Аз китоби Хуршед Зиёӣ “Ҷомеа ва масъалаҳои иҷтимоию сиёсӣ”. Душанбе, 2020.

Хоҳишмандон метавонанд ин китобро дар Китобхонаи миллӣ мутолаа кунанд.

Таҳияи Мавзуна Салимова,
сармутахассиси Медиатекаи
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.