Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест…
Он ҳама китобҳои сӯхта, китобхонаҳои оташгирифта, ёдгориҳои барбодрафтаи таърихии халқи тоҷик имрӯз дар симои Китобхонаи миллии Тоҷикистон, дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол, дар шаҳри зебои Душанбе аз сари нав эҳё гашта, дар боло бурдани ҷаҳони маънавии халқи тоҷик, хоса насли наврас нақши арзанда мебозад. Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ назир надорад. Китобхона барои ғанӣ гардонидани илму дониш, ҷаҳонбинӣ, худогоҳиву меҳандустии мардуми кишвар тавассути адабиёту осори зиёдаш хидмати боарзишеро ба иҷро мерасонад.
“Тоҷикон аз қадимулайём китобдору китобхон буда, ба килку қалам ва девону дафтар арҷ мегузоштанд ва онҳоро чун гавҳари пурқиммат эҳтиёт мекарданд”
Эмомалӣ Раҳмон
Аввалин китобхонаҳо кай ва дар куҷо бунёд ва шакл гирифтанд? Инсониятро чӣ водор сохт то китобхонаҳои муҳташам бунёд ниҳанд? Ниёгони мо дар таърихи башарият дар пайдоиш ва бунёди аввалин китобхонаҳо чӣ нақше доранд?
«Ман ба китобхона чун ба дайри муқаддас арҷ мегузорам, чун гули шукуфта мебўям, чун шахси азиз дар оғӯш мегирам ва чун ҳамсўҳбати вафодор дўст медорам». Ин ҷумла ба императори Русия Екатеринаи Кабир мутааллиқ аст. Китобхона чун як дайри муқаддас рӯҳро пок ва қалбро бо илму адабу дониш мусаффо месозад. Занги дилро мешӯяд
Китобхонаҳо дар ҳама давру замон, дар ҳар як ҷамъият яке аз муҳимтарин марказҳои нашри илм, маърифат ва рушди илму фарҳангу дониш ба шумор мераванд. Чаро, ки китобхонаҳо ба равшан сохтани ҳар чӣ бештари пажӯҳишҳои илмӣ кумак мекунанд. Мероси тафаккури инсониятро дар илму донишҳои гуногун ҳифз дошта, роҳи огаҳӣ ва шинохти донишҳои мухталифро осон месозад. Инсоният дар тӯли таърих барои пешрафти илм ба иқдоми мухталиф, аз ҷумла ба бунёди бинои китобхонаҳои азим ҳиммат гумоштааст. Китобхонаи “Ошур Банипал” дар тамаддуни Ошурӣ, китобхонаи “Искандария”-и Миср, Китобхонаи “Пиргомум” дар яке аз шаҳрҳои маъруфтарини Руми бостон – Пергомис ва китобхонаи “Ал-Қаровин” дар Марокаш намунаи қадимтарин китобхонаҳо дар таърихи дунёст. Таърих гувоҳ аст, ки ҳанӯз дар гузаштаи дур, дар аҳди бостон, дар пайдоиш ва бунёди китобхонаҳои муҳташам ниёгони хирадкеши мо низ саҳми боризе доранд. Зуҳуру густариши бемисли китобхонаҳои муҳташам дар тамаддуни мардуми тоҷик низ далели возеҳ ба пешрафту рушди фикрӣ ва фарҳангист, ки ниёгони илмдӯсти мо дар тӯли қарнҳои зиёд бар пояи сутунҳои устувор бунёд ниҳодаанд. Аз дигар тараф ин амал далели таваҷҷуҳу эҳтироми мардуми тоҷик ба гирдоварӣ ва ҳифзи мероси башарӣ ва пайвандгари роҳҳои дастрасии пажӯҳишгарон ба он аст. Китобдорӣ дар Машриқзамин, хоса миёни тоҷикон аз аҳди Сосониёну Сомониён хеле ривоҷ дошт. Китобхонаи «Гунди Шопур» дар аҳди Сосониён ва «Савон-ул -ҳикмат» дар замони Сомониён шаҳодати китобдориву китобхонии мардуми тамаддунофари мост. Фарҳангистони аҳди Сосониёнро «Гунди Шопур» шаҳомат мебахшид, ки дорои китобхонаи беназире буд. Пештоқи дарвозаи фарҳангистонро матни зер чун шиор зиннат медод: “Хираду дониш тавонотар аз шамшери буррост”
Китобҳои пурқимати фарҳангистон дар 250 ҳуҷра барчида шуда буданд. Бештари китобҳо бо забони паҳлавӣ иншо шуда, ҳамзамон бештари осори гаронбаҳо аз забони юнонӣ ва санскрит тарҷума шуда буданд. Китобхонаи мазкур тамоми илму дониши замон ва аҳди пешинро фаро мегирифт. “Гунди Шопур”- чун ганҷинаи панду ҳикмат ва махзани беназири китоб бар асари ҳуҷуми сипоҳи хилофат қисман ғорат гардид ва ба коми оташ рафт.
Дар аҳди Сомониён бунёди китобхонаҳо равнақи тоза пайдо кард. Дар бештари шаҳрҳо китобхонаҳо фаъолият мекарданд. Дар пойтахти давлати Сомониён бузургтарин ва ғанитарин китобхонаи замон бо номи «Савон-ул-ҳикмат» ё худ «Ганҷинаи ҳикмат» бунёд гашт, ки ба илми китобшиносӣ ва китобдории тоҷикон заминаи устувор гузошт. Пири ҳакимони Машриқзамин, донишманди мумтоз ва табиби ҳозиқ Абӯалӣ ибни Сино дар боби китобхонаи аҳди Сомониён «Савон-ул-ҳикмат» чунин қайд мекунад: “Китобҳое дар он дидам, ки номи бештаре аз онҳо ба гӯши мардум нахӯрда буд ва ман ҳам пеш аз ин чунин китобҳоро надида будам”.
Албатта, китобхонаи «Савон-ул-ҳикмат» дар қаламрави Сомониён ягона китобхона набуд. Дар Марву Самарқанд, Балху Ҳирот ва дигар шаҳрҳо низ китобхонаҳои давлатии мураттаб вуҷуд дошт. Дар китобхонаи Марв ба ҷуз аз осори арабию маҳаллӣ осори зиёди паҳлавӣ низ нигоҳ дошта мешуд, ки онҳоро Яздигурди III, ки солҳои 632-651 салтанат дошт, ҳангоми фирор аз сипоҳи аъроб бо худ оварда буд. Дар назди мадрасаю масҷид низ китобхонаҳои зиёд амал мекард. Нафарони алоҳида низ китобхонаҳо доштанд.
«Ганҷинаи ҳикмат» бар асари сӯхтор аз байн рафт. Сабаби маҳви онро баъзе аз муҳаққиқон аз авҷи иртиҷои динӣ медонанд, зеро “Савон-ул-ҳикмат” яке аз марказҳои зидди хилофат, эҳёи фарҳанги бостон ва бедорию худшиносии мардуми тоҷик маҳсуб меёфт. Тоҷикони соҳибтамаддун ва бофарҳанг ба китоб эътиқоди бузург доштанд. Ҳатто дар меҳмонхонаву чойхона ва корвонсарой низ китобхона бо утоқҳои хосаи истифодаи китоб фаъол буданд.
Ҳуҷуми муғулҳоро ба сарзамини тоҷикон метавон даврони суқути китобхонаҳо арзёбӣ кард. Омилҳое чун даргириҳои сиёсӣ ва ба вуҷуд омадани одатҳои баде чун китобсузӣ аз ҷониби мухолифон ва ҷангу бетаваҷҷуҳӣ ба китоб аз сабабҳои асосии рукуди китобхонаҳо ба шумор мераванд. Ҳар як сипаҳсолор, ҳар як ғосиб, ҳар як сипоҳе, ки ба сарзамини фарҳангпарвари Мовароуннаҳру Хуросон ҳамла мекард, пеш аз ҳама, марказҳои маънавӣ ва китобхонаву донишмандонро нобуд месохт.
Дар айёми соҳибистиқлолии мамлакат Ҳукумати Тоҷикистон рушди анъанаи китобдориву китобхониро яке аз самтҳои умдаи сиёсати фарҳангии хеш қарор дод. Баҳори соли 2012 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дари ганҷинаи илму ҳикматро ба рӯи пиру барнои Тоҷикистон боз намуд. Рӯзе, ки нахустини хишти Китобхонаи муҳташам гузошта шуд, санаи мазкур дар мамлакт ҳамчун Рӯзи китоб эълон гардид, ки ҳамасола 4-уми сентябр ҷашн гирифта мешавад.
Он ҳама китобҳои сӯхта, китобхонаҳои оташгирифта, ёдгориҳои барбодрафтаи таърихии халқи тоҷик имрӯз дар симои Китобхонаи миллии Тоҷикистон, дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол, дар шаҳри зебои Душанбе аз сари нав эҳё гашта, дар боло бурдани ҷаҳони маънавии халқи тоҷик, хоса насли наврас нақши арзанда мебозад. Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ назир надорад. Китобхона барои ғанӣ гардонидани илму дониш, ҷаҳонбинӣ, худогоҳиву меҳандустии мардуми кишвар тавассути адабиёту осори зиёдаш хидмати боарзишеро ба иҷро мерасонад. Дар марҳалаи нави таърихӣ суннати қадимаи китобдориву китобхонии мо ба сурати тоза ва мазмуну мӯҳтавои нав идома пайдо кард.Тибқи омори ба дастомада ҳоло дар шаҳру деҳоти мамлакат беш аз 1355 китобхонаи оммавӣ фаъолият дошта, танҳо дар панҷ соли охир 30 китобхонаи нав дари худро ба рӯи хонандагон боз намудааст.
О. Давронова.
Сармутахассиси шуъбаи адабиёти техникӣ ва илмҳои дақиқ.