Ибни Сино аз нигоҳи академик Бертелс. Бахши 1.

Аммо менамояд, ки баҳрагирии ӯ аз ин китобхона дер напоид, зеро оташсӯзии бузурге, ки дар арки Бухоро рух дод, ҳамаи ин ганҷинаро ба коми хеш фурӯ бурд. Бархе аз муаллифони ховарӣ мегӯянд, ки ин оташсӯзи кори дасти Ибни Сино будааст. Гӯё, ӯ пас аз омӯхтани ҳамаи китобҳои он ҷо мехостааст, ки дар дониш мавқеияте инҳисорӣ дошта бошад, китобхонаро оташ задааст. Ниёзе ба ин сухан нест, ки туҳмате аст ноҷавонмардона. Ибни Сино ниёзе ба ин шеваҳои палидӣ надошт ва чунон сахт китобҳоро гиромӣ медошт, ки наметавонистааст ба чунин пастие даст барад.

*****    *****     * *****

ИБНИ СИНО. Ибни Сино донишманди бузургтаре аст, ки на танҳо бар пешрафти дониш дар Ховарзамин, балки бар пешрафти дониш дар Бохтар (Ғарб) ҳам таъсир гузоштааст. Донишмандони садаҳои миёнаи Аврупо ӯро бо номи «Авитсена», ки таҳрифи номи арабии Ибни Синост, мешинохтанд. Номи дурусти Ибни Сино ҳамоно Абуалӣ Хусейн ибни Абдуллоҳ ибни Ҳасан ибни Алӣ ибни Синост. Дар сарчашмаҳои ховарӣ ағлаб ба ҷои номи ин донишманд лақаби ифтихориаш Шайххурраисро меоваранд.

Бино бар овардаҳо, падараш зодаи Балх ва дар ҳамин шаҳр корманди яке аз девонҳои маҳаллӣ будааст. Ӯ ба рӯзгори Нуҳи дувум, ибни Мансури Сомонӣ (976-997)-и милодӣ худро ба Бухоро расонида, ба хидмати давлат даромад ва барои кор дар молияи Хурмайсан (решаи бостонии ин калима бар маънии пайрави Худои офтоб бояд бошад. – С. Э.) Бухоро гусел гардид. Дар он ҷо духтареро ба номи Ситора аз деҳкадаи Афшана ба занӣ гирифт ва дар ҳамон ҷо дар соли 370 – ҳиҷрӣ-980-981-и милодӣ донишманди фарзона ва сутурги оянда дида ба ҷаҳон гушуд. Таърихи 370-ҳиҷрӣ – 980-981-и имлодӣ бад-ин гуна ба даст омадааст: Абуубайди Ҷузҷонӣ, шогирди дурдонаи Ибни Сино дар афзудае, ки бар зиндагиномаи шайх овардааст, огоҳӣ медиҳад ки ӯ дар соли 428 ҳиҷрӣ (38, 1036-37)-и милодӣ ҷаҳонро бадруд гуфтааст. Ба гумон «Таърихи Байҳақӣ» таърихи Ибнуласбар (Алкомил) ва фарҳанги ҷуғрофиёии Ёқут ҳам бар бунёди додаҳои ҳамин Ҷузҷонӣ (ки бегумонтарин сарчашма аст) ҳамон таърихро меоваранд.  Абуубайд моҳ ва рӯзи моҳро ёдовар намешавад, Байҳақӣ аз нахустин одинаи моҳи рамазони соли 428 ном бурдааст (ба нигоҳи дигар, ҳафтуми рамазон, ки баробар аст бо 24 июни соли 1037)-и милодӣ ҳамин сарчашмаҳо огоҳӣ медиҳанд, ки Буалӣ дар панҷоҳу ҳаштумин соли (қамарӣ) аз зиндагиаш аз ҷаҳон рафтааст. Ин бунёде аст бар ин ки соли зода шудани донишмандамонро 370 ҳиҷрӣ бидонем. Аммо ҳамроҳ бо ин, бегумонтарин таърихҳо бар бунёди модаи таърихие, ки густариши бисёр дорад, устувор аст:

Ҳуҷҷаттул ҳақ Абуалӣ Сино,

Дар Шаҷъ омад аз адам ба вуҷуд.

Дар Шасо кард касби улум,

Дар Такуз кард ин ҷаҳон

Дар ин ҷо таърихҳо бо ҳарфҳои алифбои арабӣ омадааст, ки чунонки медонем намоёнгари шумора низ ҳастанд. Шахъ дар байти дувум шумораи 373 (983-84)-и милодӣ, Шасо дар байти савум 391 (1000-01) ва Такуз дар байти чаҳорум, 427 (1035-36)-и милодиро мерасонанд. Агар ин модаҳои таърихро ба дида дошта бошем, маънояш ин аст, ки матлаб чунонки Абуубайди Ҷузҷонӣ гуфтааст, набуда, ва Абӯали Сино панҷоҳу ҳашт сол зиндагӣ накардааст. Пажӯҳандагони пасини таърих дар Ховарзамин ба ин нукта нигариста кӯшидаанд бо шеваҳои гуногун ноҳамоҳангиро сару сомон диҳанд. Аз ин раҳгузар, пиндорҳое яксара нодуруст дар бораи таърихи зода шудани Сино падид омад. Дар соли 1952-и милодӣ дар кунгураи вобаста ба ҳазораи Сино дар Бағдод, М. Таботабоӣ дар гузориши худ бисёр тезҳушона нишон дод, ки чӣ гуна санавотеро, ки пештар дидем ба даст омадааст. Бад-ин сон бояд таърихеро, ки Абуубайд овардааст ва дар ҳамаи сарчашмаҳои куҳан пазируфта шудааст, бегумонтар бидонем.

Ибни Сино нахустин панҷ соли зиндагиашро дар русто ба сар бурд ва сипас хонаводааш ба Бухоро омад. Дар ин хонавода ба омӯзиши динҳо арзиши бузург мениҳоданд. Ибни Синои навҷавон дар даҳсолагӣ, гузашта аз омӯхтани бахшҳое аз Қуръон, ки мебоист ба ногузир ҳаммонанди дигарон онро аз бар бидонад, тавонист ба гунаи бунёдӣ бо адабиёт ошно шавад ва аз ҳамсояи баққол дониши душвори «ҳисоби ҳиндиро» биёмӯзад. Ў бо ёрии донишмандони маҳаллӣ улуми дақиқ, ҳуқуқ ва илоҳиётро ҳам омӯхт. Аммо фалсафа дар миёни ҳамаи донишҳояш аз ҳар чизе бештар ӯро ба худ мекашид. Ў бо роҳнамоии омӯзгори «овора» Абӯабдуллоҳи Нотилӣ рафта-рафта «Исоғуч»-и Порфирияро ҳам омӯхт.

Пас аз он омӯзиши асарҳои мантиқ, ҳандасаи Иғлудис, Алмуҷаст (мақолаи наҳв) ва рисолаи бузурги ахтаршиносии Батламюс дар пеш буд. Аммо Нотилӣ ба Гурганҷ рафт, риштаи дарс бурида шуд ва Ибни Сино, ки намехост беҳуда вақткушӣ кунад, ба омӯхтани пизишкӣ пардохт ва омӯзишгараш Ҳасан ибни Нуҳулқамарӣ буд. Ин дониш барои Ибни Синои ҷавон бисёр осон менамуд ба гуфтаи худаш дар ҳаждаҳсолагӣ он чиро, ки мебоист биёмӯзад медонист.

Наметавон гумоне дошт бар ин ки Ибни Сино дар ҳамон ҷавонӣ овозаи бузургу густарда ҳамчун пизишк дошт. Гувоҳи ин гуфта он аст ки ӯро барои дармони бемории маргбори Амир Нуҳи дувум фаро хонда буданд. Аз он ҷо ки Нуҳ дар соли 997-и милодӣ аз ҷаҳон рафтааст, метавон пиндошт, ки Сино ба ростӣ дар шонздаҳсолагӣ ҳамчун пизишк овоза бароварда будааст. Ба ҳар ҳол пизишки ҷавон тавонист Амирро дармон кунад ва ба подоши он аз ҳаққи баҳрагирӣ аз китобхонаи вижаи фармонраво бархӯрдор шавад. Дар бахше аз зиндагиномаи Ибни Сино, ки барҷой мондааст, аз ин китобхона сухан меравад. Ин китобхона дар чанд хона (толор) ҷой дошт ва дар ҳар хона нусхаҳои хаттии донишҳои вижа буд. Дар миёни хона болои миз сандуқчае буд, ки феҳристи китобҳои толор дарунаш буд. Ба сухане дигар, китобхона дорои гунаи феҳристи мавзӯй будааст. Баҳрагирӣ аз ин китобхона, ки менамояд аз беҳтарин асарҳо падид омада то он рӯзгор бархӯрдор буда, барои донишманди ҷавон неъмате бузург буд. Аммо менамояд, ки баҳрагирии ӯ аз ин китобхона дер напоид, зеро оташсӯзии бузурге, ки дар арки Бухоро рух дод, ҳамаи ин ганҷинаро ба коми хеш фурӯ бурд.

Бархе аз муаллифони ховарӣ мегӯянд, ки ин оташсӯзи кори дасти Ибни Сино будааст. Гӯё, ӯ пас аз омӯхтани ҳамаи китобҳои он ҷо мехостааст, ки дар дониш мавқеияте инҳисорӣ дошта бошад, китобхонаро оташ задааст. НИЁЗЕ БА ИН СУХАН НЕСТ, КИ ТУҲМАТЕ АСТ НОҶАВОНМАРДОНА. Ибни Сино ниёзе ба ин шеваҳои палидӣ надошт ва чунон сахт китобҳоро гиромӣ медошт, ки наметавонистааст ба чунин пастие даст барад.

Пури Сино пас аз он ки пизишке барҷаста шуд, ба омӯхтани дониши Юнони бостон оғозид. Аммо фаро гирифтани фалсафа барояш ба осонии пизишкӣ набуд. Худи вай мегӯяд пас аз ба даст овардани нусхаи хаттии тарҷумаи арабии метофизики Арасту, чиҳилбор онро хонда, аз бар карда, аммо боз ҳам аз он сар дарнаёвардааст. Андак-андак мерафт навмед шавад, ки ба тасодуф тафсири Форобӣ бар ин китоб ба дасташ афтод. Ин нусхаро ба пешниҳоди китобфурӯше, ки дар яке аз бозорҳои Бухоро ба доду ситад мепардохт харида буд. Китоби Форобӣ ҳамаи душвориҳо ва норасоиҳоеро аз миён бурд, Ибни Сино бо хондани он китоб тавонист озодона аз ҳар асари фалсафӣ баҳра гирад. Шароити зиндагӣ дар Бухоро имкон намедод, ки ин донишманд, осуда ба кораш бипардозад. Аз рӯзгори Нуҳи дувум дар қаламрави Сомониён ҷанги хонагӣ оғоз шуда буд. Амирони сомонӣ чанд бор ночор шуда буданд, ки бо фирор аз Бухоро ҷони хешро бираҳонанд. Дар соли 999-и милодӣ фармонравоии онон поён ёфт ва пойтахт ба дасти Насри Қарахонӣ афтод. Метавон андешид, ки Ибни Сино чашм ба роҳи суқути пойтахт нанишаста, чанде пеш аз он ки Қарахониён ба он ҷо дароянд, ба Хоразм назди Хоразмшоҳ-Алӣ ибни Маъмун рафта бошад.

(Давом дорад)

Ин як пора аз пажӯҳиши донишманди варзида, академик Евгений Эдуардович Бертелс дар бораи Абуалӣ ибни Сино буд, ки дар китоби ӯ “Таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ” чоп шудааст.

Китоби мазкур аз сислсилаи “Тоҷнома” (Тоҷикон дар масири тамаддун) аз ҷониби Китобхонаи миллӣ соли 2025  зери назари академик Носирҷон Салимӣ интишор ёфтааст. Китобро Сируси Эзадӣ ба форсӣ баргардон кардааст.

Таҳияи Маҳинбонуи Ҷамолиддин
Маркази “Тоҷикшиносӣ”