Ибни Сино аз нигоҳи академик Бертелс. Бахши 3

ibni-sino-az-nigohi-akademik-bertels

Барои ин дар зиндагии Пури Сино диранге бештар кардем, ки нишон диҳем донишмандони он рӯзгор дар чи ҳол ва рӯзе мебоисти кор кунанд. Дигар ин ки дидмонеро, ки бархе пажӯҳишгарон перомуни фармонравоёни он даврон ҳамчун «мардони фарҳангпарвар» падид овардаанд, ки гӯиё донишмандон ва чакомасароён дар зери сояи онон зиндагии озод ва осоне доштаанд, барбод диҳем.

Росташ ин аст, ки ин фармонравоён мардоне булҳавас, баҳонаҷӯ ва худкомагоне буданд бадгумон ба ҳар кас ва ҳар чиз ва омода барои ин ки дар ҳар он, сахтарин кайфарҳоро бар сари наздикони хеш фурӯ боранд. Мояи шигифтӣ аст, ки дар чунин ҳолу рӯзе ҳам боздеҳи кору куниши Пури Сино ҳамто ва ҳамбаре надошт, то рӯзгори мо садҳо асар аз ин данишманди бузург барҷой мондааст. Дар Аврупо номи Абуалӣ Синоро дар асос барои китоби пуровозааш «Қонуни пизишкӣ», (Алқонун-фи-тиб), ки гунаи вожагони улуми пизишкӣ аст ва садаҳо яке аз китобҳои асосии дарсии пизишкӣ дар Донишкадаҳои Аврупо будааст, мешиносанд.

Тарчумаи ин китоб ба забони лотин дар соли 1491-и масеҳӣ дар Непал ва матни арабиаш дар соли 1593 дар Рум чоп шуд, тарҷумаи лотинии ин асар беш аз сӣ бор чоп шудааст. То соли 1650 дар конунҳои бузурги пизишкии Аврупо ҳамчун Лион ва Мунпалия ин китобро меомӯхтаанд. Аммо худ Ини Сино ин китобро бузургтарин кори хеш барнамешуморад. Ў мегуфт, фалсафа ҳамвора дар кору нигариши ў буда ва ба пизишкӣ барои даровардани нон мепардохтааст. Ба гумони ӯ файласуф бояд ба ҳар баҳое шуда нигариши шаҳриёри пуртавонро ба сӯи хеш бикашонад, зеро агар чунин касе пуштибони ӯ набошад, аз дасти фатеҳон ва сӯфиён (зоҳидон) ҷон бадар нахоҳад бурд. (Бегумон мақсуди ӯ фақеҳон ва зоҳидони риёӣ будааст. – С. Э.).

Нигариши донишманд ба фалсафа дар «Қонун»-и пуровозааш ҳам бозтобидааст. Ин китоб на танҳо роҳнамоии таҷрибавӣ, балки фалсафаи пизишкӣ ҳам ҳаст ва дар он дидгоҳи пизишкони Юнони бостон, Голин ва Гепократ бар назарияи Арасту ва бархе нахустинаҳои пизишкии Ховарзамин дар ҳам омехтааст. Дар ин китоб роҳнамоии илмӣ ба гунаи нисбӣ, чандон зиёд нест. Ба гуфтаи Ҷузҷонӣ, шогирди Бӯалӣ ин донишманд мехост ҳамаи таҷрубаҳои илмии саршори худро дар он бозбитобонад, аммо навиштаҳоеро, ки омода карда буд, гум кард ва натавонист кореро, ки мехост бикунад ба анҷом бирасонад. Шумори корҳои фалсафии Сино бисёр бузург ва борҳо беш аз корҳои пизишкии ӯст. Ин корҳо ду дастаанд: Асарҳое, ки барои бахши густарда ҳастанд ва корҳое ки танҳо барои шогирдони наздики Ибни Сино навишта шуда ва ў дар онҳо андешаҳои ниҳонии худро бо онон дар миён гузоштааст. Бӯалӣ дар яке аз асарҳои дастаи дувум ба хонанда мегӯяд: «Ман онҳоро (асрори. – Е. Б.) боз гушудаам то ба наздиктарин шогирдонам ёд диҳамАммо ман бар дӯстону шогирдонам, ки омӯзиши маро мепазиранд ҳушдор медиҳам, мардуми хом ва ё касонеро, ки алайҳи дин ҳастанд аз инҳо огоҳ накунанд, ин рисоларо барои онон нахонанд ва ё дар ҷое, ки итминон бар он нест нигоҳ надоранд».

Шояд Абуалӣ Сино шеваи мулоими омӯзиширо, ки бархе ноҳамхониҳо бо суннати расмӣ дошта, аз исмоилиён фаро гирифта бошад. Китоби «Шифо» (Китобушшифо) дар миёни асарҳои фалсафӣ барои ҳамагон овозаи бештар ёфтааст. Ин яке маҷмӯаи бузург дар бораи риштаҳои асосии дониш аст, ки дорои як дидмон буда ва бар пояи як асли устувор аст. Китоби «Шифо» дорои бахшҳои бекаму костии мантиқ, физик, метофизик ва риёзӣ аст. Сипас ахтаршиносӣ, шарҳи кӯтоҳи асарҳои Уқлидус, ҳисобу мусиқӣ ҳам ба он афзуда шуда ва пас аз он ҷонваршиносӣ ва гиёҳшиносӣ ҳам бар он афзуда гардидааст. Сохтани ин маҷмӯа ба пайравӣ аз андешаи падид овардани чизе ҳаммонанди маҷмӯаи Арасту будааст.

Сино андешаҳои асосии ин маҷмӯаро сипас дар «Китоби раҳоӣ» (Китобулначот) овардааст. Дар ин китоб таъсири бузурги навафлотуннигарӣ дида мешавад. Абӯалӣ Сино дар китоби «Алинсоф», ки то ба рӯзгори мо нарасида ва танҳо буридаҳое аз муқаддимаашро дар даст дорем, ба интиқод аз Арасту оғоз карда мегӯяд, ҳамаи андешаҳои ин китоб тоза аст ва аз юнониён гирифта нашудааст. Метавон гуфт, ки ин донишманд дар муқаддимаи китоби «Ишорот» яксара аз Арасту бурида чудо мешавад.

Китобҳои асосии илмии Ибни Сино ба забони арабӣ аст. Аммо дида мешавад, ки ў зарурати бозгашт ба забони модариро дарёфтааст, чунонки хулосаи содае аз маҷмӯаи бузурги ӯ, китоби «Ҳикмат» барои Алоуддавла ба забони порсии дарӣ навишта шудааст. Ин китоб барои омӯзиш ва бозковии таърихи адабиёти Эрон ва порсии дарӣ аҳамияти калоне дорад, зеро яке аз нахустин талошҳо барои падид овардани вожагони илмӣ ба забони порсӣ аст. Ибни Сино шеър ҳам гуфтааст. Чанд шеър ба забони арабӣ аз ӯ мондааст, ки дар тааллуқи онҳо ба ин донишманд гумоне наметавонад бошад. Бавижа қасидаи «Айния» овозаи густурдае ёфтааст, матни ин шеър озини деворҳои даруни оромгоҳи Ибни Сино дар Ҳамадон аст.

Медонем, ки рубоиҳое ҳам ба порсии дарӣ ба Абуалӣ Сино нисбат медиҳанд. По ба пои баҳрагирӣ аз маҳфилҳои тозаву тозатар, шумори ин рубоиҳо рафта-рафта фузунӣ мегирад. (Барои тафсили бештар дар ин бора муроҷиа шавад ба «Ибни Сино ва адабиёти порсӣ» (Е. Э. Бертелс, «Ахбори Академияи илмҳои Иттиҳоди Шуравӣ», (1928, ш. 1, саҳ. 75-94). Матни яке аз ин рубоиҳо, ки онро ба Ибни Сино нисбат медиҳанд, ҳатто бар рӯи пояи пайкараи ёдбуде, ки барои донишманди бузург дар Ҳамадон барпо доштаанд, кандакорӣ шудааст.

Ин ёдоварӣ зарурӣ аст, ки то кунун ҳатто як нусхаи хаттии куҳан ҳам ёфт нашудааст, ки ин рубоиҳо дар он бошанд. Бино бар маъмул инҳо дар нусхаҳои хаттие ҳастанд, ки аз садаҳои ҳафдаҳуму шонздаҳум дуртар намераванд ва худ гумонбарангез аст. Дигар ин ки мавзӯи ҳамаи ин рубоиҳо забунӣ ва нотавонии хиради одамӣ дар баробари асрори гетӣ аст. Чунин мавзӯъ аз вижагиҳои рубоиҳои Умари Хайём аст ва бо дидгоҳи Ибни Сино, ки дар корҳои илмии ӯ намоён аст, яксара ноҳамсӯ ва ноҳамхон аст. Барои Ибни Сино хиради одамӣ марзе намешиносад ва аз роҳи андешаи мантиқӣ ҳама чиз ҳатто дар моҳияти бағоният шинохта шавад.

Аммо дидмони сӯфиён бино бар маъмул ба он меанҷомад, ки авҷи асрор (яъне бағоният) дар дастраси худи одамӣ нест ва ин ки одамизод, танҳо аз роҳи «ишқ» (мафҳуми «ишқ» дар ин ҷо барои мафҳуми «ҳол» аст), метавонад ба ин рамз даст ёбад. Бад-ин сон метавон бар ин расид, ки ин рубоиҳоро дар садаи шонздаҳум барои суст кардани мулоҳизакории вай ва наздик карданаш ба сӯфиён аз Сино баршумурдаанд. Бозгушоии ҳамешагии ин масъала, танҳо ҳангоме муяссар хоҳад буд, ки мо нусхаҳои хаттии бисёр куҳане, ки дар он ин шеърҳоро аз Ибни Сино дониста бошанд, пайдо кунем.  Аммо акнун ҳарчанд, ки эҳтимоли сохтагӣ будани ин шеърҳо бузург аст, боз ҳам бояд ин масъаларо масъалаи бозгушуда баршумарем.

Хидматҳои Ибни Сино ба дониш чандон бузург аст, ки агар мо ин чаҳорбайтиҳои сустро ҳам ба ӯ бубандем, аз номи пуровозааш чизе накостаем.

Ин як пора аз пажӯҳиши донишманди варзида, академик Евгений Эдуардович Бертелс дар бораи Абуалӣ ибни Сино буд, ки дар китоби ӯ “Таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ” чоп шудааст.

Китоби мазкур аз сислсилаи “Тоҷнома” (Тоҷикон дар масири тамаддун) аз ҷониби Китобхонаи миллӣ соли 2025  зери назари академик Носирҷон Салимӣ интишор ёфтааст. Китобро Сируси Эзадӣ ба форсӣ баргардон кардааст.

 

Таҳияи Маҳинбонуи Ҷамолиддин
Маркази “Тоҷикшиносӣ”