Иброҳими Динонӣ. «Гулистон»-и Саъдӣ ҷаҳони дигареро пешорўйи мо қарор медиҳад
Рўзе духтари Карл Маркс аз падараш пурсид:
– Ман салиқаи шуморо дар либосу ғизо медонам, аммо ҷумлае низ мутобиқ бо салиқаи худ бигўед.
Маркс дар ҷавоб гуфт:
– Ҳакими Румӣ гуфтааст: «Ман инсонам ва он чи инсонӣ аст, бо инсон бегона нест».
**** **** ****
Бар асоси мадорики мавҷуд, Саъдӣ фориғуттаҳсили Низомияи Бағдод будааст ва аз он ҷо, ки дар ин навъ донишгоҳҳо меҳварҳои таълиму тарбият дар ду бахш-калом ва фиқҳ-хулоса мешуда, ин шоири форсӣ ба ҳар ду бахши мазкур иҳотаи комил дорад.
Ҳамчунин ба рағми ин ки дар Низомия ағлаб ба фарҳанги бостонии Эрон таваҷҷуҳ намешуд, Саъдӣ дар осори худ таваҷҷуҳи вежае ба фарҳанги бостони Эронзамин доштааст. Саъдӣ бо ҳунармандии мунҳасир ба фард дар осори худ воқеъбиниро бо ормонгароӣ ва назмро ба наср наздик мекунад.
Ҳашт боби «Гулистон»-и Саъдӣ ба ҳашт биҳишт маъруф аст ва агар дар ҷомеа ба андешаҳои Саъдӣ дар «Гулистон» амал шавад, ҷаҳон ба биҳишт табдил хоҳад шуд.
**** **** ****
Ба дурустӣ, ки забони форсӣ мадюни талоши бедареғи шайхи аҷал Саъдии Шерозӣ аст. Агар Фирдавсӣ набуд, мо имрўз ба забони форсӣ сухан намегуфтем ва чунончи агар Саъдӣ дар таърихи мо намедурахшид, ба ин зебоӣ суҳбат намекардем. Мавзуи сухани ман дар ҳикмати Саъдӣ ва перомуни ин байт аз ашъори ўст:
Ва мо убарриу нафси ва ло узаккиҳо,
Ки ҳар чӣ нақл кунанд аз башар дар имкон аст.
**** **** ****
Сухани Саъдӣ ҳамон ҳикмати ўст. Барои ҳунарманд, ки Саъдӣ яке аз бузургтарини ҳунармандон аст, шабонарўз 24 соат, ҳафта 7 рўз ва моҳ 30 рўз нест. Манзурам ин нест, ки ҳунарманд хориҷ аз таърих аст. Хайр! Ҳунарманд даруни таърих аст, аммо лаҳзаҳои зиндагии ў бо мардум тафовут дорад.
Асосан ҳар инсон бо инсони дигар мутавофит аст. Дар воқеъ замон, яъне, нисбати инсон бо ҳастӣ. Замон дар олами интизоъ амре якнавохт аст. Ҳар инсоне нисбате бо таърих ва лаҳза дорад. Аммо агар замон як ҳақиқати яксон аст, пас тафовутҳои таърихӣ, қавмӣ, миллӣ, инсонӣ ва дигар тафовутҳо аз куҷост?! Тафовутҳо ба ду вежагӣ-ақл ва ирода-дар инсон бармегардад.
**** **** ****
Саъдӣ бо ҳикмати амалии худ як мураббии бузург аст, ба гунае, ки сухани Саъдӣ ба мо дастури ахлоқӣ ва тарбият медиҳад ва низ моро дар амал тавҷеҳ мекунад. Тарбияте, ки Саъдӣ ироа мекунад, иборат аст аз халлоқият, ба тавре, ки агар дар тарбият халлоқият набошад, тарбият нест.
**** **** ****
Ба ақидаи ман, инсон ду бор мутаваллид мешавад. Як таваллуди табиӣ, ки ҳамон зоиш аз модар аст таваллуди дигар бо тарбияти ахлоқӣ ҳосил мешавад. Инсони тарбиятнашуда ҳайвоне беш нест.
Аз халлоқият ба унвони маънои тарбият сухан гуфтем, ҳол ба маънои халлоқият мепардозем.
**** **** ****
Ҳамаи баҳсҳо бар сари вожаҳост. Вожагон дар айни ин ки ҳидояткунандаанд, гумроҳкунанда ҳам ҳастанд. Имрўз ҳаллоқият дар техноложӣ хулоса мешавад. Нишастан дар баробари панҷараи роёна ва дарёфти иттилоот ва ахбори лоятаноҳӣ (бепоён) аз авзои ҷаҳон! Ва китоби «Гулистон”-и Саъдӣ низ панҷараи дигарест, ки ҷаҳони дигарро пешорўйи мо қарор медиҳад. Ҳар ду ҷаҳон боаҳамият ҳастанд.
Дар ин ҷо қасди ман интиқод ба ҳеҷ кадом аз ин ду ҷаҳони падидор дар муқобили мо нест. Техноложӣ бештар ба пешрафт, инкишоф ва тавсеа меандешад. Диди техникӣ ба инсон бад нест, аммо набояд иштибоҳан гумон кунем, ки инсон худ мавҷуди техникӣ аст.
Ба қавли адибе, касе, ки як чаккуш (болға) дорад, дўст дорад, дӯст дорад ҳамаи ҷаҳон мех бошад. Зеро танҳо коре медонад, чаккуш аст. Аз ин ҷо, ки чаккуш ба унвоне аброзе дар ихтиёре ўст, бинобар ин нигоҳи ўро ба ҷаҳон низ абзорӣ карда.
Абзор дар хидмати инсон қарор дорад. Худованд фармуда: «Ҳама чизро барои инсон офарида ва инсонро барои худ». Оё мешавад инсонро нашинохт ва фақат абзорро шинохт ё фақат инсонро дар ҳадди эҳсосот, бадан ва сохтори биологӣ фаҳмид?
Рўзе духтари Карл Маркс аз падараш пурсид:
– Ман салиқаи шуморо дар либосу ғизо медонам, аммо ҷумлае низ мутобиқ бо салиқаи худ бигўед.
Маркс дар ҷавоб гуфт:
– Ҳакими Румӣ гуфтааст: «Ман инсонам ва он чи инсонӣ аст, бо инсон бегона нест».
Манбаъ: Маҷаллаи “Адаб”, №2, 2025
Ин маҷалла дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфт ва мутолиа аст.
Таҳияи Рисолат ШЕРАЛИЕВА, мутахасиси пешбари шуъбаи хизматрасони ба шахсони имконияташон маҳдуд.