Идомаи роҳи ҳамшираи муваффақ

Идомаи роҳи ҳамшираи муваффақВақте ин матлабро ба поён расондам, ин нукта ба ёдам омад. Ҳамсуҳбати ман гарчанд соли дуюм аст то даври ниҳоии Озмуни Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” расидааст, аз хонаводаест, ки алакай як ғолибу пирӯзро ба ҷомеаи китобхони тоҷик тақдим кардааст. Апааш ду сол пеш пайғомрасони пирӯзӣ дар Озмун аз ноҳияи Муъминобод буд. Ҳоло ӯ талош дорад ин пайроҳаро тай кунад.

****   *****    ******

Имрӯзҳо, ки ҳушу гӯши ҳамаи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сӯи озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” равона гаштааст, мо ҳам тасмим гирифтем бо довталабони ин озмуни овозадору дустдоштанӣ ҳамсуҳбат шавем. Шояд пурсон шавед, ки чаро дӯстдоштанӣ? Ба ин хотир, ки озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” маҳбуби ҳар хонадон – чи хурду чи калон гаштааст.

Ин навбат мо бо довталаб аз номинатсияи адабиёти классикии тоҷик Бибимарям Шарофова– хонандаи синфи 10-уми МТМУ № 1 ноҳияи Муминобод ҳамсуҳбат шудем. Бибимарям духтараки хеле шармгин бошад ҳам, розӣ шуд  ба суолҳои мо ҷавоб гӯяд.

Бояд гуфт, ки Бибимарям зиёда аз 106 ғазал, 120 рубоӣ, порча аз достон зиёда аз 150 байт, 100 байт қасида , 114 дигар навъҳои шеърӣ аз худ карда,  25 адад асарҳои насриро мутолиа намудааст. Аз асарҳои насрии мутолианамудааш Бибимарям “Гулистон”-и Саъдӣ, “Баҳористон”-и Ҷомӣ ва “Қобуснома”-и Унсурулмаъолии Кайковусро бо шавқи зиёд хондаву порчаҳо азбар намудааст.

Вай мегӯяд, ки омӯзгор ва волидону пайвандонаш ӯро ҳамеша дастгирӣ мекарданду барояш дар дастрас намудани адабиёти зарурӣ аз китобхонаҳои мактаб ва маркази ноҳия кӯмак мерасониданд.

Ҳарчанд Бибимарям дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” соли дуввум иштирок мекунад, то расидани навбаташ бо тамошо ва гӯш намудани довталабони дигар ба баъзе суолҳои худ ҷавоб гирифта тавонистаасту илова бар ин аз минтақаҳои дигари кишвар дӯстон пайдо кардааст. Аз ин рӯ, аз иштирок дар чунин озмуни бонуфуз хурсанд асту аз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар ташкилдиҳандагони озмун, аз аз ҷумла аз роҳбарияти Китобхонаи миллӣ барои фароҳам овардани шароити хубӣ ширкат дар озмун сипосгузор аст.

Лозим ба ёдоварист, ки дар хонадони Шарофовҳо Бибимарям ягона иштирокчии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” нест. Апааш Маҳфуза Шарофова низ иштирокчии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар номинатсияи адабиёти классикии тоҷик буда, соли 2023 барандаи ҷои якуми даври ниҳоии озмун гаштааст. Аз ин рӯ дар рафти омодагӣ Маҳфуза бо хоҳараш суҳбат ва саволу ҷавоб мекард. Ҳамзамон дар аз худ намудани луғати асарҳо барояш кӯмак мекард.

Аз ин ба хулосае омадан мумкин аст, ки озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ваҳдатофару сарҷамъкунанда аст, зеро дасти ёрӣ дароз кардан ба ҳам, дастгирии маънавию моддии (дастрас намудани адабиёти лозима) ҳамдигар асоси дӯстиву якдилист ва ин поягузори ваҳдати дилҳову дидаҳост.

Махфират Муҳидинова,
бахши иттилоот ва робита бо ҷомеа