Идомаи вохӯриҳои кормандони Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии кишвар ба озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” омодагӣ мебинанд.
Бо мақсади омӯзиши ҳарчи бештари асарҳои Пешвои миллат ва тарғиби сиёсати пешгирифтаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тамоми қишри ҷомеа, озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат”, соли дуюм баргузор карда мешавад.
Бояд зикр кард, ки озмуни мазкур бо ташаббуси Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷрояи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Кормандони Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллӣ бо мақсади огоҳӣ пайдо кардан аз вазъи омодагии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии кишвар ба озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” ба чанде аз ин муассисаҳо рафта, бо шароиту имконот ва дастрасии онҳо ба асарҳои Пешвои миллат, вазъи огоҳии онҳо ба озмуни ёдшуда ва дигар масъалаҳои марбута суҳбату вохӯриҳо гузаронданд.
Дар доираи ин вохӯриҳо бо мудири китобхонаи Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо номи академик М. Осимӣ, Мавҷуда Турдиева, суҳбат карданд. Маълум гардид, ки дар ин муассиса донишҷӯён ба китобҳои Пешвои миллат пурра дастрасӣ дошта, аз баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” хуб огоҳӣ доранд. Мавҷуда Турдиева–зимни қайд кард, ки донишҷӯёни мо дар баробари дигар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ба озмуни “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” тайёрӣ дида истодаанд ва мо умед дорем, ки онҳо аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат чизе меомӯзанд ва ояндаи Тоҷикистони мо боз ҳам шукуфонтар мегардад.
Дар идомаи ин вохӯриҳо дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо омӯзгори таърих ва ҷомеашиносӣ Ҷаббор Мансурхонов, суҳбат гузаронида шуд. Маълум гардид, ки дар ин муассиса низ довталабон ба озмунҳои ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” тайёрӣ дида истодаанд. Гуфта шуд, ки ба ҷуз нусхаҳои чопи ҳамчунин тамоми асарҳои Пешвои миллат дар шакли электронӣ дастрасӣ онҳо мебошад.
Ҳамчунин, дар доираи ин вохӯриҳо бо муовини директор оид ба илм ва равобити байналмилалӣ дар Коллеҷи информатика ва техникаи комютерии шаҳри Душанбе Комилҷон Зокиров, суҳбат карданд. “Донишҷӯёни мо пурра ба китобҳои дар низомномаи озмуни “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” овардашуда, дастрасӣ доранд ва аз пайи омӯзиш ҳастанд” – гуфт Комилҷон Зокиров.
Дар идома кормандони Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мудири бахши илм, инноватсия ва равобити хориҷӣ дар Коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсупофа дар назди Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон Замонова Фарзона Азатуллоевна суҳбат намуданд.
Дар ин боргоҳи маърифат низ донишомӯзон бо Низомномаи нави озмун ва тарзи баргузории он пурра ошно буда, инчунин дар китобхонаи муассиса асарҳои Пешвои миллат гирдоварӣ шудаву пешниҳоди хонандагон гардидаанд.
Зимни суҳбат маълум гардид, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёна, нисбат ба омодагии донишҷӯён ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ бетараф набуда, устодони ботаҷриба бо шогирдон барои иштирок дар ин озмунҳо омодагии ҷиддӣ гирифта истодаанд.
Бояд зикр кард, ки озмуни “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” бо ташаббуси Муассисаи давлатии ”Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор карда мешавад.
Мақсад аз ташкил намудани чунин суҳбату вохӯриҳо огаҳӣ ёфтан аз омодагии донишҷӯён ба озмун мебошад.
Меҳрангез Муҳаббатова
Мавзуна Салимова
кормандони Медиатекаи
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон