«Идоракунии захираҳои об: муаммоҳо ва роҳхои рушди устувор» (ҷилди 7)

Идоракунии захираҳои обДар китоби мазкур, ки соли гузашта чоп шудааст, як сисила мақолаҳои илмӣ доир ба самтҳои мухталифи рушди соҳаи об ҷамъоварӣ гардидаанд, ки масъалаҳову муаммоҳои имрўзаи соҳаро дар бар гирифта, ҳамзамон роҳҳои ҳалли мушкилоти соҳаи обро инъикос менамоянд.

Пӯшида нест, ки сиёсати энергетикӣ – маҷмўи тадбирҳо ва воситаҳои аз ҷониби мақомоти давлатӣ андешидашуда барои идоракунии рушди устувори системаи энергетикӣ, инчунин муносибатҳои байни гурўҳҳои мақсадноки он бо мақсади тақсим ва истифодаи самараноки захираҳои энергетикии миллӣ ва таъмини баланд бардоштани самараноки идораи амволи давлатӣ: риояи талаботи  қонунгузорӣ оид ба сарфаи энергия ва баланд бардоштани  самаранокии энергия; сарфакорона ва оқилона истифода бурдани захираҳои энергетикӣ барои эҳтиёҷоти худ мебошад. Ҳадафи асосии сиёсати энергетикӣ – таъсиси бахши инноватсионӣ ва самараноки  энергетикии кишвар барои рушди устувори иқтисодӣ, беҳтар намудани сифати зиндагии аҳолӣ ва мусоидат ба таҳкими мавқеи иқтисодии мамлакат дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон аст. Дараҷаи хидматрасонии энергетикӣ ба аҳолӣ  ва дар маҷмўъ амнияти миллии кишвар бештар аз сифат ва фаъолияти бефосилаи соҳаи энергетика вобаста аст.

Ҳамин тариқ, амнияти  энергетикӣ ҷузъи муҳими амнияти миллии хар як давлат ба ҳисоб меравад.

Сиёсати энергетикӣ роҳкорест, ки дар ҷараёни амалишавии он як ниҳоди муайян (одатан давлат) тасмим мегирад ба масъалаи марбут  ба тавсеа ва рушди энергия, аз ҷумла табдил, тақсим ва истифодаи  энергия, ҳамчунин коҳиши газҳои гулхонаӣ бо мақсади таъсири мусбат ҷиҳати  тағйирёбии обу ҳаво мусоидат намояд.  Хусусиятҳои   сиёсати энергетикӣ метавонад қонунҳо,  шартномаҳои  байналмилалӣ,  ҳавасмандгардонии сармоягузорӣ, роҳнамо оид ба сарфаи энергия, низоми андозбандӣ ва дигар усулҳои сиёсати давлатиро дар бар гирад. Энергетика ҷузъи асосии иқтисодиёти муосир мебошад. Иқтисодиёти фаъол на танҳо меҳнат ва сармоя, балки энергияро барои равандҳои истеҳсолӣ, нақлиёт, алоқа, кишоварзӣ ва ғайра талаб мекунад. Ба ибораи дигар, мафҳуми банақшагирии энергетикӣ ҷузъитар аз мафҳуми сиёсати энергетикист. Сиёсати энергетикӣ иртиботи наздике бо сиёсати тағйирёбии иқлим дорад, зеро дар саросари олам бахши энергетикӣ нисбат ба дигар бахшҳои истеҳсолот газҳои  гулхонаӣ бештар ихроҷ менамояд.

Таҳияи Д. Рӯзиева,
сармутахассиси шуъбаи абонементи
байни китобхонавӣ ва таҳвили  ҳуҷҷатхои элекиронӣ