«Иҷлосияи тақдирсоз-заминаи рушди босуботи кишвар»
Чунин ном дошт маҳфили муштараке, ки баъд аз зӯҳри рӯзи 16-уми ноябри соли равон дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ин як ҳамоиши муштарак бо Агентии хизмати давлатии назди Пезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки ба 30 -солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда буд.
Дар он директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Файзализода Ҷумахон Хол, директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Давлатов, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Сайфулло Сафаров, доктори илмҳои филологӣ, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рўдакӣ Аскар Ҳаким, корманди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш, номзади илмҳои таърих Сулаймоншоҳ Ғуломшоев, ҳамчунин магистранони таҳсили яксолаи Академияи идоракунии давлатӣ, кормандони Китобхонаи миллӣ, намояндагони расонаҳои хабарӣ ширкат намуданд.
Маҳфилро директори Китобхонаи миллӣ, профессор Файзализода Ҷумахон Хол оғоз намуд. Ў пас аз садо додани Суруди миллӣ аз таърих ва аҳамияти ин иҷлосия суҳбат намуда, Иҷлосияи таърихии XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар таърихи кишвари соҳибистиқлоли мо «воқеаи бузурги сиёсӣ» номид, ки «мақоми махсусро ишғол мекунад». Ба гуфтаи директори Китобхонаи миллӣ маҳз он иҷлосия «давлати моро аз вартаи ҳалокат наҷот дода, пояҳои давлати тозабунёди тоҷиконро таҳким бахшид».
Директори Китобхонаи миллӣ гуфт: «Ба ин иҷлосия дар таърихи навини давлатдории тоҷик, марҳилаи нави давлатсозӣ, созандагӣ ва бунёдкорӣ оғоз ёфт, ки то имрўз идома меёбад. Ҳамаи дастовардҳои назарраси даврони истиқлол ба ин иҷлосияи таърихӣ иртиботи қавӣ дорад. Ба шакли пурраву суфта ва санҷидашуда ва исботшудаи таърихии иҷлосия метавонад сароғози давлати навини тоҷикон унвон гардад».
Профессор Файзализода дар идомаи суханронии худ таъкид кард, ки ҳамагон хуб медонанд, ки барои расидан ба рӯзҳои неку рӯзгори осоиштаи халқ, заҳмату талош ва ҷонбозиҳои бемислу монанди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сутуданист ва намунаи ибрати ватанхоҳиву ватандорист. Пешвои миллат бо хидматҳои арзишманду мондагори худ устураи ватандориву миллатдӯстӣ барои наслҳои имрӯзу фардои Ватан гардидааст. Аз ин рӯ, таҷлили рӯзи Президент, ёдкарди кору пайкори ӯ ва эҳтиром ба хидматҳои мондагори Пешвои миллат вазифаи ҳар як ватандор аст.
Дар мизи гирд гуфта шуд, ки иҷлосия дар самти ислоҳоти конститутсионии кишвар шароит фароҳам овард ва барои қабули Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон замина гузошт.
Директори Агентии хизмати давлатӣ Ҷумъа Давлатов зимни таҳлили дастовардҳои кишвар дар 30 соли ахир, ки аз Иҷлосияи сарнавиштсози 16-ум оғоз мешавад, гуфт «ин Иҷлосия ва асноди ҳуқуқии қабулнамудаи он дар ҳифзи давлатдории миллӣ ва инкишофи ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон нақши муайянкунанда бозид. Дар он шабу рӯз роҳбарияти нави Тоҷикистон пас аз омӯзиш ва таҳлили ҳамаҷонибаи вазъият бо мақсади раҳоии кишвар аз буҳрони иқтисодӣ ва иҷтимоӣ кори мақсадноку самароварро оғоз кард».
Ҷумъа Давлатов дар бахши дигар аз суханрониаш иброз дошт, ки дар иҷлосияи Хуҷанд ҳукумате таъсис ёфт, ки таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кутоҳ тавонист оташи ҷанги дохилиро хомӯш намуда, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохта, Артиши миллӣ ва неруҳои сарҳадиро таъсис диҳад…Вай гуфт: «имрўзҳо дар харитаи сиёсии ҷаҳон Ҷумҳурии Тоҷикистон чун давлати соҳибихтиёру соҳибистиқлол ва дорои аломату рукнҳои давлатдорӣ-умумияти забону ҳудуд ва фарҳанг, халқи дорои тамаддуни оламшумул, рамзҳои давлатӣ, пойтахт, пули миллӣ эътирофи байналмилалӣ арзи ҳастӣ дорад, ки ин боиси ифтихори ватандории ҳар яки мо мебошад»
Аскар Ҳаким, Шоири халқии Тоҷикистон гуфт он вақт ҳамчун Раиси иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҳамроҳи Муъмин Қаноат ва Муҳаммад Осимӣ ба иҷлосияи шонздаҳум даъват шуда буд.
Ў дар Хуҷанд баргузор шудани иҷлосияро маънидор хонд ва вазъияти бади он солҳоро хотирасон намуд. Ба андешаи ў «аз 197 нафар узви парлумон 40 нафараш ба иҷлосия наомаданд. Баъзеяшон аз тарс, баъзеи дигар бовар надоштанд, ки аз дасти ин иҷлосия ягон кор меояд. Хушбахтона, аксарият ба тарафдории президенти имрўзи мо Эмомалӣ Раҳмон раъй доданд. Аз аввалин ҷумлае, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтанд, орзуву умеди мардуми тоҷик баён ёфта буд. Эшон гуфтанд, ки ман кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард. Ин аввалин ҷумла буд. Дуюм ман тарафдори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳастам. Сеюм мо бояд ҳамаамон ёру бародар шавем, то ба Ватан хизмат намоем.
Дар ҳамин се ҷумла моҳияти сиёсати ояндаи Раиси Шўрои Олии Тоҷикистон баён шуда буд. Вакилони мардум аксарияташон инро тарафдорӣ карданд.
Ба ақидаи Аскар Ҳаким дар он иҷлосия гурӯҳҳои зиёд буданд, муборизаҳои бисёру сахте буд, зеро бисёрашон бовар надоштанд, ки ҳамин ҳукумат аз як ҳафта зиёдтар фаъолият карда тавонад. Ин ҳарфҳоро рўирост мегуфтанд. Чунки дар Душанбе аҳвол ҳамин буд.
Сайфулло Сафаров, доктори илмҳои филологӣ дар тақвияти суханони зикршуда аз гуфтаҳои Президент мисолҳо овард. Аз ҷумла ёдовар шуд, ки Ҷаноби олӣ дар яке аз суханрониҳояшон гуфта буданд, ки агар мо муттаҳид набошем, Тоҷикистон пора- пора мешавад ва миллати мо тика-тика мешавад. Ва ин сухани он кас ниҳоят таъсирбахш буд. Чунки худашон ҳам шахсияти мардумӣ ҳастанд, президенти мардумӣ ҳастанд ва монданд то имрўз.
Дар чорабинӣ Агентии хизмати давлатӣ ба истиқболи 30-солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як зумра хизматчиёни давлатие, ки дастовардҳои хизматӣ дошта, дар татбиқи қонунгузории хизмати давлатӣ, тарбияи хидматчиёни давлатии ҷавон ҳиссаи арзанда гузоштаанд, уҳдадориҳои мансабии худро бо бартарӣ иҷро менамоянд, бо «Ифтихорнома» ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуд.
Раҳима БОБОЕВА,
шуъбаи тарғиб ва баргузории
чорабиниҳои фарҳангӣ.