Иҷлосияи тақдирсози миллати тоҷик
Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои нави сиёсӣ гардида, дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи наверо боз намуд, 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостони баргузор гардидани Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати двоздаҳум) беҳтарин ва муҳимтарин амал баҳри рушди Истиқлоли кишвар мебошад. Ин иҷлосия ва асноди ҳуқуқии он дар ҳифзи давлатдории миллӣ ва инкишофи ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон нақши бузург бозид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 1992 нақш ва мавқеи иҷлосияи мазкурро ба сифати рӯйдоди сарнавиштсози миллат муайян намудаанд, аз ҷумла зикр кардаанд, ки он дар кишвар гардиши куллиеро ба вуҷуд овард.
Сабаби тӯл кашидани кори иҷлосия ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли проблемаҳои муҳимтарини рӯз, яъне, гирфтани пеши роҳи ҷанги дохилӣ ва ба ҷодаи сулҳу салоҳ, созандагиву бунёдкорӣ ворид намудани Тоҷикистон буд.
Дар иҷлосия масъалаҳои асосӣ, масъалаи рақами як таъсис ҳокимияти қонунӣ буд ва он ҳаллу фасл гардид. Иҷлосия ҳукумати нави Тоҷикистонро созмон дод ва Раёсати нави Шӯрои Олии ҷумҳуриро интихоб намуд, яъне низоми конститутсиониро барқарор кард.
Маҳз дар Иҷлосияи тақдирсози мазкур муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби намояндагони мардумии кишвар ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, ҳамзамон, ваколати сардори давлат ба он кас дода шуд. Ба уҳдаи сардори давлат таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардид. Сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат аз оғоз ҳамраъйии ҷомеаро ба вуҷуд оварда, мардумро ба ояндаи дурахшон бовар кунонид.
Аз рӯзи аввали ба вазифа шурӯъ кардан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми шарафманди Тоҷикистон муроҷиат намуда, чунин иброз доштанд: “Ман ба ҳар яки Шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати Шумо, ки ворисони фарзандони баруманди миллати тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гул-гулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи ҳалқи азияткашидаам бовар дорам”.
Воқеан, Пешвои тоҷикони ҷаҳон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар савганди худ содиқ монда, барои ба даст овардани сулҳи тоҷикон нахуст дасти ҷавонмардона ба сӯи мухолифини ҳукумат дароз карда, сулҳи ҷовидонаи тоҷиконро ба даст оварданд. Сарвари кишвар тамоми неруву ғайрат ва ҳама ҳастиашонро барои ояндаи дурахшони Ватан, пойдории сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва зиндагии пурсаодати ҳалқи азизашон сарф намуданд. Ин аст, ки имрӯзҳо халқи Тоҷикистон дар фазои сулҳу ороми умр ба сар бурда истодаанд.
Дар ҳақиқат, сулҳ ҳастӣ ва бақои ҳар миллату халқият буд, ҳаст ва мемонад. Ноамнӣ ва нооромиҳо дар ҷомеа бар сари мардум метавонад оқибатҳои фалокатбор оварда, давлату миллатро ба нестӣ бубарад. Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими ҳокимияти давлатӣ, ташаккули истиқлоли мамлакат, Ваҳдати миллӣ замина гузошта, дар кишвар ба раванди бунёдкорӣ оғоз бахшид ва симои сиёсии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуд. Орзуи дерини халқи тоҷик-барпо намудани ҷумҳурии соҳибистиқлол ҷомаи амал пӯшид.
Имрӯз ҳар яки моро мебояд, ки сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдори намуда, ҷовононро, пеш аз ҳама, дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва арҷгузории сулҳу Ваҳдати миллӣ тарбият намоем.
Ҳар қадар солҳо гузаранд, аҳамияти бузурги ин Иҷлосияи тақдирсоз, ҳамон қадар аёнтар ва боҳашамату бошукӯҳтар ҷилвагар мешавад.
Наслҳои ҷавон хизматҳои Иҷлосияи таърихӣ ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бояд хуб донанд ва сидқан, аз дилу ҷон қадр намоянд. Хизмату фидокориҳои содиқонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқу миллати тоҷик буд, ки Ватанро аз вартаи нестӣ вораҳонид.
Месазад, ки бо ифтихор ва сарбаландона нидо кунем: Зиҳӣ, Раҳбари бофарҳангу бозаковату донишманду оқилу донои Тоҷикистони сулҳпарвар! Месазад моро, ки атрофи ин марди накуву ҷоннисор ба ҳам омада, сулҳи деринтизори ба даст овардаамонро, пос дорем, қадр кунем ва муҳофиз бошем, то дар куҳандиёри миллати тоҷик сулҳ ҷовидона поянда бошад!
Худо хандид бар рӯят, амон бош!
Сарафроз одами рӯи ҷаҳон бош!
Магӯ ҳаргиз рӯзе пир гаштам,
Ҳамеша Пешвои тоҷикон бош!
Сафарқул Гулмирзоев, саромӯзгори кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва рушди неруи инсонии Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон.
Аз китоби “Нақши Иҷлосияи тақдирсози миллат ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими истиқлоли давлатӣ” таҳияи Масрура Мизоҳасанова, сармутахассиси Медиатекаи Президентӣ.