Ҳикоёте аз “Маҷмаъ-ул-наводир”-и Арӯзии Самарқандӣ. Фоҷиаи Масъуди Саъди Салмон

Дар шуҳури (санаи) чаҳорсаду ҳафтоду ду соҳибғаразе қисса ба Султон Иброҳим бардошт, ки писари ӯ Сайфуддавла Амири Маҳмуд нияти он дорад, ки ба ҷониби Ироқ биравад ба хидмати Маликшоҳ. Султонро ғайрат кард (ба ғазаб омад) ва чунон сохт, ки ӯро ногоҳ бигирифт ва бибасту ба ҳисор фиристод ва надимони ӯро банд карданд ва ба ҳисориҳо фиристод.

Аз ҷумла яке Масъуди Саъди Салмон буд ва ӯро ба Ваҷаристон ба қалъаи Ной фиристоданд. Аз Қалъаи Ной ду байте ба султон фиристод:

Дар банди ту, эй шоҳ, Маликшоҳ бояд,

 То банди ту пои тоҷдоре сояд.

  Он кас, ки зи пушти Саъди Салмон ояд,

   Гар заҳр шавад, мулки туро нагзояд.

Ин ду байти олии Хос ба бари Султон бурд, бад-ӯ ҳеҷ асаре накард. Ва арбоби хирад  ва асҳоби инсоф доданд, ки “Ҳабсиёт”- и Масъуд  дар улув (баландӣ) ба чӣ дараҷа расидааст ва дар фароҳат ба чӣ поя бувад. Вақт бошад (вақте), ки ман аз ашъори ӯ ҳамехоҳам,  мӯй дар андоми ман  бар пой хезад ва ҷои он бувад, ки об аз чашми ман биравад. Ҷумлаи ин ашъор бар он подшоҳ  хонданд ва ӯ бишунид, ки бар ҳеҷ мавзеъ ӯ гарм нашуд ва аз дунё бирафт ва он озодмардро дар зиндон бигузошт. Муддати ҳабси ӯ ба сабаби қурбати Сайфуддавла  дувоздаҳ сол буд. Дар рӯзгори Султон Масъуди Иброҳим ба сабаби қурбати ӯ Абӯнасри Порсиро ҳашт сол буд. Ва чандон қасоиди ғурар (нек) ва нафоси дуррар, ки аз таъби ваққод (равшан)-и ӯ зода, албатта, ҳеҷ масмӯъ наяфтод.

Баъд аз ҳашт сол Нуққатулмалик Тоҳир Алии Мушкон ӯро берун овард ва ҷумла он озодмард дар давлати ишон ҳама умр дар ҳабс ба сар бурд. Ва ин бадномӣ ба он хонадони бузург бимонд ва мани банда ин ҷо мутаваққифам, ки ин ҳолро бар чӣ ҳамл кунам: бар саботи (қарор) раъй ё бар ғафлати табъ ё бар касовати қалб ё бар баддилӣ. Дар ҷумла ситуда нест. Ва надидам ҳеҷ хирадманд, ки он давлатро бар ин ҳазму эҳтиёт маҳмидат (ситоиш) кард….

ПЕШГӮИИ УМАРИ ХАЙЁМ

Дар санаи панҷсаду шаш ба шаҳри Балх дар кӯи бурдафурӯшон дар сарои Амир Абусаиди Ҷарра хоҷаи имом Умари Хайём ва хоҷаи имом Муҳаммади Исфизорӣ нузул карда буданд ва ман бад-он хидмат пайваста будам. Дар миёни маҷлиси ишрат аз Ҳуҷҷатулҳақ Умар шунидам, ки ӯ гуфт:

Гӯри ман дар мавзее бошад, ки ҳар баҳоре шамол бар ман гулафшон мекунад.

Маро ин сухан мустаҳил (маҳол) намуд ва донистам, ки чун вайе газоф нагӯяд.

Чун дар санаи панҷсаду сӣ ба Нишобур расидам, чаҳор сол буд, то он бузург рӯй дар ниқоби хок кашида буд ва олами сифлӣ аз ӯ ятим монда ва ӯро бар ман ҳаққи устодӣ буд. Одинае ба зиёрати ӯ рафтам ва якеро бо худ бибурдам, ки хоки ӯ бар ман намояд. Маро ба гӯристони Ҳайра берун овард ва бар дасти чап гаштам, дар поини девори боғе хоки ӯ дидам ниҳода ва дарахтони амрӯд ва зардолу сар аз он боғ берун карда ва чандон барге шукуфт бар хоки ӯ рехта буд, ки хоки ӯ дар зери гул пинҳон шуда буд. Ва маро ёд омад он ҳикоят, ки ба шаҳри Балх аз ӯ шунида будам. Гиря бар ман уфтод, ки дар басити олам ва уфтор (сокинон)-и рубъии маскун ӯро ҳеҷ ҷой назире намедидам….

БАҲС

Яъқуби Исҳоқи Киндӣ яҳудӣ буд, аммо файласуфи замони хеш буд ва ҳокими рӯзгори худ ва ба хидмати Маъмун ӯро қурбате буд. Рӯзе пеши Маъмун даромад ва бар забари дасти яке аз аиммаи ислом бинишаст. Ин имом гуфт:

Ту зиммӣ (яҳуду тарсо) бошӣ, чаро бар забари аиммаи ислом нишинӣ?.

Яъқуб ҷавоб дод, ки:

-Аз барои он, ки он чи ту донӣ, ман донам ва он чи ман донам, ту надонӣ.

Он имом ӯро ба нуҷум шинохт ва дар дигар илмаш хабар надошт.

Гуфт:

Бар порае қоғаз чизе нависам, агар ту берун орӣ, ки чӣ набиштам, туро мусаллам дорам.

Пас гарав бастанд, аз имом ба ридо (либос)-е ва аз  Яъқуби Исҳоқ ба астаре (маркабе) ва сохте (зину афзол), ки ҳазор динор арзидӣ ва ба дари сарой истода буд. Пас давот хост ва қалам ва бар пораи коғаз бинавишт чизе ва дар зери ниҳолӣ (кӯрпача)-и халифа биниҳод ва гуфт:

-Биёр (дарёб).

Яъқуби Исҳоқ тахтаи хок хост ва бархост ва иртифоъ бигирифт ва толеъ дуруст кард ва зоиҷа бар рӯи тахтаи хок баркашид ва кавокибро тақвим кард ва дар буруҷ (бурҷҳо) собит кард ва шароити хабӣ ва замир ба ҷой овард ва гуфт:

-Ё амиралмӯъминин, бар он коғаз чизе набиштааст, ки он чиз аввал набот, (гиёҳ) будааст ва охир ҳайвон шуда.

Маъмун даст дар зери ниҳолӣ кард ва он коғаз бар гирифт ва берун овард. Он имом навишта буд бар он ҷо, ки “Асои Мусо”. Маъмун азим тааҷҷуб кард ва он имом шигифтиҳо намуд….

МАНБАЪ: “Садои Шарқ”, соли 1970, №10. “Ҳикоёти наводир”.

Таҳияи Бунафша Абдуллозода,
мутахассис пешбари  шуъбаи
матбуоти даврӣ.