Ҳикоёти пандомӯз аз “Ҳазору як шаб”
Тадбири зан
Ва аз ҷумлаи ҳикоятҳо ин аст, ки Хусрав малике буд аз мулук, ки моҳӣ дўст медошт. Рўзе бо зани худ Ширин нишаста буд, ки сайёде моҳие бузург ба ҳадяти Хусрав биёвард. Хусравро он моҳӣ писанд афтод. Чаҳор ҳазор дирам аз барои сайёд бифармуд.
Ширин гуфт:
– Бад коре буд ин ки ту кардӣ, агар ту пас аз ин, ин қадар мол ба яке аз ҳашами худ диҳӣ, ў он молро ҳақир хоҳад шумурду хоҳад гуфт: «Ба ман чандон мол дод, ки ба сайёд дода буд». Ва агар камтар аз мол бидиҳӣ, хоҳад гуфт: «Ман дар назди малик мартабаи сайёде надоштаам».
Хусрав гуфт:
– Рост гуфтӣ, валекин аз барои мулук қабеҳ аст, ки атои хеш бозситонанд.
Ширин гуфт:
– Ман тадбире дар бозпас гирифтани атият (ато, бахшиш, туҳфа, ҳадя)бикунам.
Хусрав гуфт:
– Чӣ тадбир хоҳӣ кард?
Ширин гуфт:
– Ту ўро ҳозир овар ва ба ў бигў, ки ин моҳӣ нарина аст ё мода. Агар бигўяд нарина аст, ту бигў, маро моҳии мода зарур аст ва агар бигўяд мода аст, бигў, ки мо нарина ҳамехоҳем.
Малик сайёдро бихост, чун сайёд бозгашт, Хусрав аз ў пурсид, ки:
– Ин моҳӣ нарина аст ё мода?
Сайёд замин бўса дода гуфт:
– Эй малик, на нарина аст, на мода. Ин моҳӣ хунсо (нармода) аст.
Хусрав аз ин сухани ў бихандид ва чаҳор ҳазор дирами дигар ўро ҷоиза дод. Сайёд дирамҳо ба анбоне, ки бар дўши худ дошт, гузошта, хост, ки берун равад, як дирам аз ў ба замин афтод. Дарҳол сайёд анбон ба замин гузошта аз барои дирам хам шуду дирамро бардошт ва малик бо Ширин ўро назора мекарданд, Ширин гуфт:
– Айюҳалмалик, хасосату пастии ин мардро мушоҳида кун, ки як дирам аз ў афтод, ба худ ҳамвор накард, ки он як дирам бар ҷой бигузорад, то яке аз ғуломони малик он як дирам бардорад.
Малик чун ин сухан бишунид, аз пастии фитрати сайёд барошуфта гуфт:
– Рост гуфтӣ!
Пас аз он фармуд, сайёдро боз гардонанд.
Ба ў гуфт:
– Эй пастҳиммат ва эй бахилтабъ, чӣ гуна аз барои як дирам анбон ба замин гузошта, хам гаштӣ?
Сайёд замин бўса дода гуфт:
– Худои таоло зиндагонии малик дароз кунад! Ман дирамро на аз баҳри он бардоштам, ки чизе ба хотирам расид. Дирам аз замин баҳри он бигирифтам, ки як рўйи дирам сурати малик ва дар рўйи дигар номи маликро нақш карда буданд. Тарсидам, ки касе надониста пой бар он бигузорад ва аз барои он номи малику сурати малик истихфоф (ҳақир шумурдан) шавад.
Малик гуфтаи ўро таҳсин карда чаҳор ҳазор дирами дигар ба ў ато кард ва мунодиро фармуд, ки дар мамлакат нидо диҳад ва бигўяд, ки: Бояд ҳеҷ кас ба занон пайравӣ накунаду сухани эшон напазирад, ки ҳар кас эшонро пайравӣ кунад, ба як дирам ду дирам зиён хоҳад кард.
КАРАМИ ЯҲЁИ БАРМАКӢ
Ва аз ҷумлаи ҳикоятҳо ин аст, ки Яҳё ибни Холиди Бармакӣ аз дорулхилофа бадар омада рў ба сўйи хонаи худ гузошт ва ба дари хонаи худ марде дид. Чун бад-ў наздик шуд, он мард ба пой хосту ўро салом дод ва ба ў гуфт:
– Ба ту муҳтоҷам ва Худоро ба сўйи ту шафеъ овардаам, ки ба ман чизе диҳӣ.
Яҳё амр кард, дар хонаи худ маконе ҷудогона аз барои ў тартиб доданд. Хозини худро фармуд, ки ҳар рўз аз барои ў ҳазор дирам диҳад ва аз баҳри ў аз таоми хоси худ муқаррар дошт. Он мард як моҳ бад-ин минвол ба сар бурд. Сӣ ҳазор дирам гирд оварда буд. Тарсид, ки Яҳё аз бисёрии дирамҳо пушаймон гашта, дирамҳо аз ў бигирад. Он гоҳ ба пинҳонӣ аз хонаи Яҳё берун рафт.
Яҳёро аз ҳодиса огоҳ карданд. Гуфт:
– Ба Худо савганд, ки агар тамомати умр назди ман ба сар мебурд, ман ҷоизаи худро аз ў намебуридам ва зиёфат аз ў барнамедоштам.
Бармакиёнро фазилат бешумор аст, хосса Яҳё ибни Холидро, ки ў ҳамаи мафохир (ифтихорот) ҷамъ оварда буд. Ва шоир дар ҳаққи ў гуфта:
Эй дудаи ту ҳама худовандон,
Ту бор худои дудаи хешӣ.
Бо фазл надиму бо ҳунар ёрӣ,
Бо ҷуд рафиқу бо хирад хешӣ.
МАЛИКИ ЮНОН ВА ҲАКИМИ РЎЁН
Дар замини Фурсу Рўён малике буд, малики Юнонаш гуфтандӣ ва дар тани он малик нохушии барас (махав, песӣ) буд, ки атиббо (табибон) аз муолиҷати он аҷз доштанд. Рўзе ҳакиме солхўрда ба он шаҳр омад, ки ҳакими Рўён ном дошт ва луғати юнониву форсиву румиву арабӣ ва суду зиёни гиёҳҳову барги дарахтон нек бидонистӣ. Пас, ҳаким чанд рўзе дар он ҷо бимонду шунид, ки тани малик барас дорад ва атиббо дар илоҷи он оҷиз шудаанд. Бархоста ба пеши малики Юнон шуд ва замин бўсида, табибии худро бар малик арз намуду гуфт:
– Эй малик, шунидаам, ки танатро нохушӣ фурў гирифта ва то кунун илоҷпазир нагашта. Ман мехоҳам, ки муолаҷат кунам, бе он ки туро шарбате бихўронам ва равғане бимолам.
Малики Юнон дар аҷаб шуду гуфт:
– Чӣ гуна метавонӣ бе доруву шарбат муолиҷат намудан ва агар чунин кунӣ, туро бениёз гардонам ва он чи ки орзу дорӣ, бароварам. Аммо чӣ рўз ва чӣ ҳангом муолиҷа хоҳӣ кард? Эй ҳаким, дар ин кор бишитоб!
Ҳакими Рўён замин бўсида, ба манзил бозгашт ва ба муолиҷат омода шуд. Рўзи дигар ба пеши малик омада, гуфт:
– Имрўз бо гўю чавгон ба майдон ҳамерав.
Чун малик бо гўю чавгон ба майдон шуд, ҳакими Рўён пеш омад ва чавгон баргирифта ба малик доду гуфт:
– Чунин бигир ва ба қуввати бозу бар гўй бизан, то дасту танат хай (арақ)кунад ва дору бар дасти ту нуфуз карда, танатро фурў хоҳад гирифт. Он гоҳ ба хона бозгашта ба гармоба шав ва пас аз гармоба замоне бихоб, ки беҳбудӣ ёбӣ. Вассалом.
Дарҳол малики Юнон савор гашта, чавгон ба каф гирифт ва бар гўй ҳамезад, то дасту танаш хай кард. Ҳакими Рўён донист, ки дору бар тани ў нуфуз карда.
Гуфт:
– Акнун ба хона бозгард ва ба гармоба шав!
Малик ба хона рафта ба гармоба шуд. Пас аз шустушўй аз гармоба берун омада бихусбид. Чун аз хоб бархост, дид танаш аз нохушӣ пок гашта ба сими сафед ҳамемонад. Шодмону хурсанд гардид. Рўзи дигар ҳаким ба боргоҳ шуд ва замин бибўсиду ба тарафи бисот истода гуфт:
Танат ба нози табибон ниёзманд мабод,
Вуҷуди нозукат озурдаи газанд мабод.
Саломати ҳама офоқ дар саломати туст,
Ба ҳеҷ ҳодиса шахси ту дардманд мабод.
Ҳаким шеър ба анҷом расонид. Малик барпо хоста, ўро дар оғўш гирифт ва дар паҳлуи хештан бинишонд.
Пас аз он хонҳои таом биниҳоданду хўрданӣ бихўрданд ва то пасин ба суҳбату мунодамат бинишастанд. Он гоҳ малик ду ҳазор динори зар ва ҳадяҳои гаронбаҳо ба ҳаким дод. Ҳаким ба хона бозгашт ва малик хурсанд нишаста, ба кирдори неки ҳаким сипос ҳамегуфт. Чун рўзи дигар шуд, малик ба девон барнишаст ва ҳаким низ ба боргоҳ омада замин бибўсид. Малик ўро дар паҳлуи худ ҷой дод. Чун ҳаким хост бозгардад, малик ҳазор динори зар бо хилъатҳову ҳадяҳо бад- ў дод. Маликро кор бо ҳаким бад-ин ҷо расид. Ва аммо вазири малик марде бахилу бадхоҳ буд. Чун бахшишҳои малики Юнонро ба ҳакими Рўён бидид, бад-ў рашк оварду бадхоҳии ў дар дил гирифт ва ба пешгоҳи малики Юнон рафта, замини ниёз бўса доду гуфт:
– Эй малик, бандагони даргоҳро фарз аст, ки маликро аз он чи бинанд, огоҳ кунанд ва пандеро, ки судманд аст, бозгўянд.
Малик гут:
– Панд бозгўй.
Вазир гуфт:
– Пешиниён гуфтаанд: «Ҳар кӣ дар оқибати корҳо андеша накунад, ба ранҷ андар афтад». Ман маликро дар тариқи носавоб мебинам, ки бар душману бадхоҳи хеш чандин атову бахшиш мекунад ва аз ин кор басе ҳарос дорам.
Малик чун ин бишнид, ба ҳам баромад ва рангаш паридан гирифт. Аз вазир пурсид, ки:
– Бадхоҳ кист?
Вазир гуфт:
– Ҳакими Рўён душмани ҷони малик аст.
Малик гуфт:
– Чӣ гуна бадхоҳ аст, ки бе заҳмати муолиҷат маро аз ранҷи чунон нохушӣ халос кард! Агар ман ўро анбози мамлакату подшоҳии худ кунам, ҳанўз подоши садяки некўии ў нахоҳад буд. Гумон дорам, ки ту ин суханро аз рашк гуфтӣ ва ҳамехоҳӣ, ки ман ўро кушта пушаймон шавам, бад-он сон, ки малик Синдбод пушаймон шуд.
Аз китоби “Ҳазору як шаб” (Ҳикоёти пандомӯз). Душанбе, 2024.
Таҳияи Маҳинабону Бобоҷонова. Муҳаррир Н.Салимӣ.
Ин маҷмуа гулчиннест аз ҳикоёти китоби “Ҳазору як шаб”, ки маъхази он “Ҳазор афсона”-и халқҳои эронинажод маҳсуб мешавад. Нашри мазкур дар асоси муқобилаи нусхаҳои сангӣ ва чопи “Офтоб”, Теҳрон (1925) баргардон, тасҳеҳ ва ба нашр омода карда шудааст.
Ин китобча аслан барои кӯдакону наврасон омода шуда, ҳикоёти пандомӯзи зиёдеро дар бар гирифтааст.
Хоҳишмандон ин чандин китоби хуби ба ин монандро метавонанд дар толори хониши адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ бихонанд.
Таҳияи ЗаринаЗиёвуддинова,
мутахассисси шуъбаи адабиёти
кӯдакон ва наврасон