Ҳикоёти пандомӯз аз “Ҳазору як шаб”. Айёри ҷавонмард
Ва аз ҷумлаи ҳикоятҳо ин аст, ки дар сарҳадди Искандария волие буд Ҳусомуддин – ном. Шабе аз шабҳо дар маснади бузургӣ нишаста буд, ки марде аз сипоҳиён ба назди ў даромаду ба ў гуфт:
– Айюҳалволӣ, ман имшаб бад-ин шаҳр дохил шудаму дар фалон корвонсаро фуруд омадам ва посе аз шабро дар он ҷо бихуфтам. Чун бедор шудам, дидам, ки бадрае, ки ду ҳазор динор дар ў буд, аз хўрҷини ман гум шуда.
Волӣ сарҳангонро фармуд, ки ҳар кас ба корвонсаро андар буд, ҳозир оварданд ва эшонро то бомдод ба зиндон бифиристод. Чун бомдод шуд аз зиндонашон бадар овард ва марди сипоҳиро низ бихосту ҳамехост, ки эшонро уқубат кунад. Ногоҳ марде сафҳо шикофта, пеш омад ва дар назди волӣ биистоду гуфт:
– Айюҳаламир, ин мардумро раҳо кун, ки эшон мазлумонанд ва моли ин сипоҳиро ман бурдаам ва бадраи ў ҳамин аст, ки аз хўрҷин бадар овардаам.
Пас бадраро аз остин дар овард ва дар пеши волию он марди сипоҳӣ биниҳод. Волӣ ба он мард гуфт:
– Моли худ бигир, ки туро ба мардумони дигар роҳе нест!
Ҳозирон он мардро дуо карданд, пас аз он мард гуфт:
– Айюҳаламир, ин ки бадраро худ ба назди ту овардам, айёрӣ набуд, балки айёрӣ ин аст, ки ин бадраро дубора аз ин марди сипоҳӣ бирабоям.
Волӣ гуфт:
– Эй айёр, чӣ кардӣ ва бадраро чӣ гуна рабудӣ?
Гуфт:
– Айюҳаламир, ман дар Миср ба бозори сайрафиён истода будам, ки ин мард ин зарҳоро саррофӣ карда, ба миён биниҳод. Ман кўча ба кўча аз пайи ў равон шудам ва ба дуздидани ин мол роҳе наёфтам. Пас аз он ин мард савор шуда, сафар кард. Ман аз пайи ў шаҳр ба шаҳр ҳамегаштам ва дар гирифтани ин мол ҳилатҳо ба кор мебурдам, вале ба гирифтани ин мол роҳе наёфтам. Чун ў бад-ин шаҳр даромад, ман низ аз пайи ў даромадам. Чун ба корвонсаро фуруд омад, ман низ дар паҳлуи ў ҷой гирифтам ва ба интизори ў будам, то ин ки бихобид ва нафири хоб аз ў бишнидам. Нармак- нармак ба сўйи ў рафта, хўрҷинро бо ин корд бурида, бадра бад-ин минвол бигирифтам.
Ва даст бурда, бадра аз пеши волию сипоҳӣ бигирифт ва ба як сў рафт. Мардум ўро медиданд ва гумон мекарданд, ки мехоҳад ба эшон бинамояд, ки бадраро аз хўрҷин чӣ гуна гирифтааст, ки ногоҳ ў бидавид ва худро ба биркаи об бияндохт. Волӣ бонг ба ходимон зад, ки:
– Ўро гиред!
Ходимон бирафтанд ва рахтҳо наканда ба бирка андар шуданд, вале он марди айёр аз пайи кори худ рафта буд. Ўро басе тафтиш карданду наёфтанд. Он гоҳ волӣ ба марди сипоҳӣ гуфт:
– Туро ба мардум дасте намонд, ки ситамкор худро бишинохтӣ ва моли худро ба даст оварда, натавонистӣ нигоҳ доштан.
Пас сипоҳӣ бархоста, маҳзун бирафт ва мардумон аз дасти ў халос шуданд.
СЕ ВОҚЕАИ АҶИБ
Ва аз ҷумлаи ҳикоятҳо ин аст, ки малик Носир дар рўзе аз рўзҳо волии Коҳираву волии Булоқу волии Мисри қадимро ҳозир овард ва ба он се тан волиён гуфт, ки:
– Мехоҳам аҷибтарин воқеае, ки дар замони вилояти ҳар як аз шумо рўй дода, барои ман баён кунед.
Волии Қоҳира гуфт:
– Айюҳалмалик, аҷибтар ҳикояте, ки дар айёми вилоят ба ман рўй дода, ин аст, ки дар ин шаҳр ду мард буданд, ки ба қуруҳу (ҷароҳат, захм) димоъву (макр) ҷароҳоту амвол шаҳодат медоданд ва гувоҳии эшон басе муътабар буд, вале эшон ба дўстии занону ба майгусорӣ ҳарис буданд ва ман ба ҳеҷ ҳилат бад-эшон роҳ намеёфтам, ки эшонро гирифта интиқом бикашам. Пас, ба ман бодафурўшон ва худовандони хонаҳое, ки аз барои фасод муҳайё буд, бисупурдам, ки вақте он ду одил дар маконе ба бодагусорӣ бинишинанд, хоҳ бо ҳамдигар бошанду хоҳ танҳо, маро огоҳ кунанд ва аз ман пўшида надоранд. Иттифоқан, дар яке аз шабҳо марде пеши ман омаду ба ман гуфт:
– Эй волӣ, он ду одил дар фалон кўча ба фалон хона андаранд, ки мускир (чизи кайфовар) ҳамехўранду мункар (кори зишт) ҳамекунанд.
Пас ман бархоста, бо ғуломи худ пинҳонӣ ба сўйи эшон бирафтам ва ҳамерафтам, то ба дари хона бирасидам. Дар бикўфтам, канизаке бадар омада, аз барои ман дар бикушод ва ба ман гуфт:
– Ту кистӣ?
Ман ҷавоб рад накарда, ба хона андар шудам. Он ду одилро дидам, ки бо худованди хона нишаставу шоҳиду шароб дар пеш доранд. Чун маро бидиданд, бархоста, ба ман таъзим карданд ва маро дар садр ҷой доданду гуфтанд:
– Офарин ба меҳмони азизу надими зариф!
Пас аз он худованди хона аз назди мо бархоста, соате ғоиб шуд. Чун боз гашт, сесад ҳазор динор бо худ биёвард ва ҳеҷ аз ман бим надошт. Ба ман гуфт:
– Айюҳалволӣ, ту ба ҳар тавр, ки бихоҳӣ, ба озори мо қодир ҳастӣ, валекин ин кор туро ҷуз ранҷ наяфзояд. Беҳтар ин аст, ки ту ин молро бигирию рози мо пўшида дорӣ, ки саттор номи бузурги Худост ва рози бандагон пўшида доштан дўст дорад.
Ман ба худ гуфтам, ки: «Ин мол аз эшон бигирам ва ин карат рози эшон пўшида дорам, агар карати дигар ба эшон даст биёбам, интиқом аз эшон бикашам». Пас дар мол тамаъ карда, мол бигирифтам ва эшонро ба ҳоли худ гузошта, боз гаштам ва ҳеҷ кас аз кори ман огоҳ нашуд.
Рўзи дигар нишаста будам, ки расули қозӣ даромад ва ба ман гуфт:
– Айюҳалволӣ, қозӣ туро ҳамехоҳад!
Ман бархоста ба сўйи қозӣ рафтам ва сабабро намедонистам. Чун ба назди қозӣ расидам, он ду шоҳиди одилро бо худованди хона дар он ҷо нишаста ёфтам. Пас худованди хона бархоста сесад ҳазор динор ба ман иддао кард ва маҳзаре бадар овард, ки он ду шоҳиди одил ба иддаои ў шаҳодат дода буданд. Пас дар назди қозӣ ба гувоҳии он ду одил иддаои ў собит шуд ва қозӣ маро ба рад кардани он маблағ бифармуд. Ман аз эшон берун наёмадам, магар ин ки сесад ҳазор динор аз ман бигирифтанд. Ман аз кардаи худ пушаймон будаму дар ғояти хиҷлат боз гаштам.
Пас волии Булоқ бархосту гуфт:
– Айюҳалмалик, аҷибтар ҳикояте, ки маро рўй дода, ин аст, ки ман вақте сесад ҳазор динор мадюн шудам ва аз ҳуҷуми дайнхоҳон ба ранҷ андар будам. Пас, ҳар чӣ доштам, бифурўхтам, сад ҳазор динор ҷамъ овардам ва дар кори худ ба ҳайрат андар будам, то ин ки шабе аз шабҳо ман дар он ҳолат нишаста будам, ки ногоҳ дар бикўфтанд. Ғуломеро гуфтам:
– Бибин, ки бар дар кист?
Ғулом берун рафт. Чун боз гашт, дидам, ки гунаи ў зард гаштаву тани ў ҳамеларзад. Ба ў гуфтам:
– Туро чӣ рўй дод?
Гуфт:
– Бар дар марде дидам, ки ҷомаи пўст дар бару теғ дар даст дошт ва ҷамъе дар ҳамин ҳайат бо ў буданд ва туро ҳамехоҳанд.
Пас шамшер бигирифтаму берун рафтам. Эшонро дидам, чунон буданд, ки ғуломак гуфта буд. Ба эшон гуфтам:
– Кори шумо чист?
Гуфтанд:
– Мо дуздон ҳастему имшаб ғанимате бузург ба даст овардем ва ўро пешкаши ту гардонидаем, то дар ин тангдастӣ, ки ту ба сабаби ў андўҳнок ҳастӣ, аз он ёрӣ ҷўйию воми худро адо кунӣ.
Ман ба эшон гуфтам:
– Он ғанимат куҷост?
Дарҳол эшон сандуқи бузурги пур аз зарфҳои заррину симин ҳозир оварданд. Чун ман ўро бидидам, фараҳнок шудаму ба худ гуфтам: «Воми худро аз ин сандуқ бидиҳам ва аз барои ман ду баробари вом захира хоҳад монд». Пас ман сандуқро гирифта, ба хона даровардам ва бо худ гуфтам: «На аз ҷавонмардист, ки эшонро тиҳидаст равона кунам». Пас он сад ҳазор динори нақдро, ки ҷамъ оварда будам, ба эшон бидодам ва шукри эҳсони эшон ба ҷо овардам. Эшон зарҳо бигирифтанду аз пайи кори худ бирафтанд ва ҳеҷ кас аз ин кор огоҳ нашуд. Пас, чун бомдод шуд, ҳар чиз, ки ба сандуқ андар буд, мисинаш ёфтам, ки зарандуд карда буданд ва ҳамаи онҳо баробари панҷсад дирам набуд. Пас ман аз талаф шудани зарҳои худ ва ба фиребе, ки аз эшон хўрда будам, андўҳноку маҳзун гаштам. Ва аҷибтар ҳикояте, ки дар замони вилоят ба ман рафтааст, ҳамин буд. Вассалом!
Пас аз он волии Мисри қадим бархосту гуфт:
– Айюҳассултон, аҷибтар ҳикояте, ки маро рўй дода, ин аст, ки ман даҳ тан аз дуздонро ба дор кашидам ва ҳар якеро аз чўбе ҷудогона овехтам ва посбонон ба ҳиросати эшон бигумоштам. Пас, чун фардо шуд, ба пойи дор рафтам, ки куштагонро назора кунам. Ду кушта аз як чўб овехта дидам. Ба посбонон гуфтам, ки:
– Ин кор кӣ кардааст ва он чўбе, ки ин кушта ба ў овехта буд, куҷост?
Посбонон ҳақиқати ҳол аз ман пинҳон доштанд. Он гоҳ ман қасди озурдани эшон кардам.Гуфтанд:
– Айюҳаламир, бидон, ки мо дўш хуфта будем. Чун бедор шудем, дидем, ки яке аз доровехтагон гурехта ва чўби дорро бурдааст. Бад-ин сабаб мо аз ту ба ҳарос будем, ки ногоҳ деҳқоне дидем, ки харе дар пеш дошт. Мо ўро гирифта бикуштем ва ба ҷойи гурехта аз ҳамин чўбаш биёвехтем.
– Эй подшоҳ, маро сухани посбонон аҷаб омад.
Ба эшон гуфтам:
– Деҳқон чӣ чиз ҳамроҳ дошт?
Гуфтанд:
– Хўрҷине дар пушти хар дошт.
Пурсидам, ки:
– Ба хўрҷин- андар чӣ буд?
Посбонон гуфтанд:
– Намедонем.
Гуфтам, хўрҷин дар назди ман ҳозир оварданд. Чун хўрҷин бикушудам, марде кушта дар хўрҷин дидам. Бо худ гуфтам: «Субҳоналлоҳ, сабаби кушта шудани ин деҳқон набудааст, магар ситаме, ки ба ин мазлум карда».
Манбаъ: “Ҳазору як шаб”. Ҳикоёти пандомӯз. Душанбе, соли 2024.
Ин ва даҳҳо ба ин монанд китобҳо барои кӯдаконро хонандагон метавонанд дар толори хониши шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон мутолаа намоянд.
Таҳияи Зарина Зиёвуддинова,
мутахасисси шуъбаи адабиёти
кудакон ва наврасон.