Ҳикоёти пандомӯз аз “Ҳазору як шаб”. Бахшиши саг
Ва аз ҷумлаи ҳикоятҳо ин аст, ки марде вом бисёр дошту бечизу бадрўзгор буд. Аз тиҳидастӣ аҳлу аёли худро тарк карда, аз шаҳр бадар омад ва ҳайрон ҳамерафт. Пас аз дер замоне ба шаҳре бирасиду ба мазаллату хорӣ бад-он шаҳр даромад ва аз гуруснагию ранҷи сафар ба таъаб андар буд. Пас ўро ба яке аз кўчаҳои шаҳр гузар афтод. Ҷамъе аз бузургонро дид, ки ҳамераванд. Бо эшон бирафт, то ба ҷойе бирасиданд, ки ба макони мулук шабеҳ буд. Он мард низ бо эшон дарун рафт.
Дар садри он макон марде диданд бовиқор ва ҷалолату бузургӣ аз ҷабинаш ошкор буд ва ғуломону ходимон дар пеши ў саф кашида буданд. Чун он мард эшонро бидид, бар пой хоста, ба эшон икром кард ва он марди бенаво аз дидани ин ҳолат ба ҳарос андар шуд ва аз мушоҳидаи хадаму ҳашам мадҳуш гардид. Он гоҳ пасттар рафта дар маконе дуртар аз мардум танҳо бинишаст ва ба ҳайрат ба ин сўву он сў назора мекард,ки ногоҳ марде даромад ва чаҳор саги шикорӣ бо худ биёвард, ки бар он сагҳо гуна-гуна ҳариру дебо пўшонида буданд ва тавқҳои заррину силсилаҳои симин дар гардан доштанд. Пас он сагҳоро ҳар яке ба ҷое ҷудогона басту худ бирафт. Пас аз замоне аз барои ҳар як аз сагон зарфҳои заррини пур аз таоми лазиз биёвард ва зарфҳо дар пеши сагон ҷудо-ҷудо бигузошт ва худ аз пайи кори хеш бирафт. Он марди бенаво ба он таомҳо назора карда, аз шиддати гуруснагӣ мехост пеши яке аз сагҳо рафта, бо ў таом хўрад, вале тарс монеъ буд. Он гоҳ саге аз он сагҳо ба сўйи он мард назар кард ва ба илҳоми ғайби ҳолати ў бидонисту аз зарфи таом пасттар истод ва он мардро ба хўрдани таом ишорат кард. Он мард пеш омада, ба қадри кифоя таом хўрд ва хост, ки берун равад. Саг ўро ишорат кард, ки ин зарфро бо бақияти таом аз баҳри худ бигирад. Пас он мард зарф бигирифту аз хона бадар рафт ва касе бар асари ў наёмад ва аз он шаҳр ба шаҳри дигар сафар кард.
Зарфро дар он шаҳр бифурўхту ба қимати ў бизоат харида, ба сўйи шаҳри худ боз гашт ва ба байъу широ бинишасту вомҳои худро адо кард ва неъмату баракат ўро рўй дод ва дергоҳе дар шаҳри худ ба сар бурд. Пас аз он бо худ гуфт: «Ночор ман ба шаҳри худованди он зарфи заррин сафар кунам ва аз барои ў ҳадятҳое шоиста барам ва қимати зарферо, ки саге аз сагони ў ба ман дода буд, ба ў бидиҳам». Пас ҳадяҳое шоиста фароҳам овардаву қимати зарфро бардошта, сафар кард ва шабонарўз ҳамерафт, то ин ки бад-он шаҳр бирасид ва дар кўчаҳои шаҳр бигардид, то ин ки бад-он маҳаллат расид. Он маконро дид, ки хароб гаштаву ба ҷуз буму ғуроб касе бад-он ҷо нест. Аз мушоҳидаи ин ҳол парешонхотир шуд ва гуфтаи шоир бихонд:
Он ҷо, ки буд он дилситон бо дўстон дар бўстон,
Шуд гургу рўбаҳро макон, шуд зоғу каргасро ватан.
Кохе, ки дидам чун Ирам, хуррамтар аз рўйи санам,
Девори ў бинам ба хам,монанди пушти шаман.
Чун он мард он ҳолат бидид, бо ҳузну андўҳ ёр гашта, ба ҳасрату афсўс истода буд, ки марди мискинеро бидид ва аз дидани ў ба андомаш ларза афтоду ба ҳолати ў дилаш бисўхт. Ба ў гуфт:
– Ҳеҷ медонӣ, ки рўзгор бо худованди ин хона чӣ луъбат бохта ва ғуломони моҳрўву канизакони зуҳраҷабини ў куҷо шуданд ва бунёди ин хона чаро вайрон гашт?
Он марди мискин гуфт:
– Худованди ин хона мани мискинам, ки ҳаводиси рўзгор маро ба ин рўз андохта, валекин сухани Пайғамбар, алайҳиссалом, ибратгирандагонро мавъизатест балеғ, ки он ҷаноб фармуда: «Худойро фарз аст, ки дар ин рўзгор ҳеҷ касро баланд накунад, магар ин ки ўро паст гардонад». Пас, агар мақсуди суол кардан аз сабаби ин кор аст, аз ҳодисоти рўзгор ин корҳо аҷаб нест. Бидон, ки ман худованди ин хона будам ва ғуломони моҳрўву канизакони зуҳраҷабин маро буданд. Лекин рўзгор рўй аз ман бигардонид ва канизакону зару моли маро бибурду маро бад-ин ҳолат бигузошт ва ҳодисоте, ки дар назди рўзгор пўшида буд, рўй ба ман оварданд. Вале ин суоли ту сабаби аҷибе дорад, сабаб ба ман бозгўй ва тааҷҷуб ба як сў бинеҳ!
Он мард тамомати қисса ба ў бозгуфту ба ў гуфт:
– Акнун туро ҳадяте овардаам ва қимати он зарфи зарринро, ки сабаби бениёзии ман шуд ва пас аз харобӣ боиси ободонии ман гардид, аз баҳри ту овардам.
Он мард, чун ин сухан бишунид, сар биҷунбонид ва бигиристу бинолиду гуфт:
– Эй фалонӣ, гумон мекунам, ки ту девона бошӣ, аз он ки чунин сухан аз оқил сар намезанад. Чӣ гуна мешавад, ки саге аз сагони ман зарфе заррин ба ту дода бошад ва ман қимати он зарфро аз ту бозпас ситонам? Агар ман аз гуруснагӣ бимирам, ба инъоми саги худ боз нахоҳам гашт. Ба Худо савганд, ҳадяти туро напазирам! Ба саломат ба шаҳри худ боз гард.
Пас он мард пойи ўро бўса дода, сано гуфт ва видоъаш карда, боз гашт ва ҳангоми видоъ ин байт бархонд:
Эй Худо, ту мунфиқонро деҳ халаф,
Эй Худо, ту мумсиконро деҳ талаф.
МАЗАРРАТИ ШАРОБ
Ва низ ривоят кардаанд, ки дар миёни хулафои банӣ Аббос халифае донотар аз Маъмун набуд, ки ҷамеъи улум нек бидонистӣ ва ўро дар ҳар ҳафта ду рўз маҷлиси мунозираи уламо мунъақид мешуд ва фақеҳону мутакаллимон ҳар як дар мартабаи хештан менишастанд. Рўзе Маъмун бо фақеҳону мутакаллимон нишаста буд, марде ғариб, ки ҷомаи сафеди куҳан дар бар дошт, ба маҷлис андар омад ва поинтар аз ҳама бинишаст.
Фақеҳон ба сухан гуфтан шурўъ карданд ва ба ҳалли масоили мушкила иқдом намуданд ва эшонро одат ин буд, ки масъаларо ба аҳли маҷлис ягон-ягон арза медоштанд ва ҳар кадом аз аҳли маҷлисро латифае ё нуқтае ба назар меомад, ўро зикр мекард. Пас, масъаларо дар он рўз ба тамомати аҳли маҷлис арза доштанд, то навбат бад-он марди ғариб бирасид. Он мард ба сухан гуфтан оғоз кард ва ҷавобе накўтар аз ҷавобҳои фақеҳон дод. Халифа ўро таҳсин кард ва фармуд, ки болотар аз он маконе, ки нишаста буд, бинишинад.Чун масъалаи дувум тарҳ шуд ва навбати сухан гуфтан бад-ў расид, ҷавобе беҳтар аз ҷавоби нахустин бозгуфт. Маъмун фармуд, ки аз он макон низ болотар нишинад. Чун масъалаи севум ба миён даромад, он мард ҷавобе некўтар аз ду ҷавоби нахустин бозгуфт. Он гоҳ, Маъмун фармуд, ки наздик ба халифа бинишинад. Пас чун мунозира ба анҷом расид, об ҳозир оварда даст бишустанд ва суфра бигустарданду хўрданӣ бихўрданд. Пас аз он фақеҳон бархоста берун рафтанд ва Маъмун он мардро аз рафтан мамониат кард ва ба худ наздиктар нишонда, ба мулотифату меҳрубонӣ бияфзуд ва ваъдаи эҳсону инъомаш бидод. Он гоҳ маҷлиси шароб муҳайё карду надимонро бихост ва соқиёни хубрўй ҳозир омада паймонаи шароб ба гардиш оварданд. Чун даври қадаҳ ба он мард расид, дарҳол бар пой хосту гуфт:
– Агар халифа маро иҷозат диҳад, як сухан бигўям.
Халифа гуфт:
– Ҳарчӣ хоҳӣ, бигў!
Он мард гуфт:
– Бар халифа аён шуд, ки ман имрўз дар ин маҷлиси шариф аз пасттарини мардумон будам ва халифаи замон маро ба сабаби андак донише, ки аз ман ба зуҳур омад, ба худ наздик хонду ба дараҷаи баландам ҷой дод ва акнун ҳамехоҳад, ки миёнаи ман ва он андак дониш ҷудоӣ афтад, то аз иззат ба зиллату аз касрат ба қиллат андар оям. Ҳошо, ки халифаи ҷаҳон бар ин андак донише, ки ман дорам, ҳасад барад, аз он ки мард чун шароб бинўшад, ақл аз ў дур шаваду ҷаҳл бар ў наздик гардад ва адабаш ба як сў раваду дар чашми мардумон паст намояд. Аз раъйи баланди халифа умедворам, ки ин гавҳари гаронбаҳоро аз ман бознагирад.
Чун халифа Маъмун ин сухан бишнид, ўро мидҳат (ситоиш) гуфт ва дар ҳамон рутбати баландаш бинишонду ба тавқиру таъзимаш бияфзуд ва аз барои ў сад ҳазор дирам бидоду хилъате фохираш бахшуд ва пайваста дар маҷлиси мунозира ўро ба худ наздиктар менишонд ва ба соири фақеҳонаш тарҷеҳ медод.
Манбаъ: “Ҳазору як шаб”. Ҳикоёти пандомӯз. Душанбе, соли 2024.
Ин ва даҳҳо ба ин монанд китобҳо барои кӯдаконро хонандагон метавонанд дар толори хониши шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон мутолаа намоянд.
Таҳияи Зарина Зиёвуддинова,
мутахасисси шуъбаи адабиёти
кудакон ва наврасон.